Нашрияи Омӯзгор

Сарвати бебаҳои табиат

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 116        Шарҳ: 0

 

Об ҷаҳону зиндагиро таровати зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Нарасидани оби тоза яке аз мушкилоти ҷиддӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 – 2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013), ки  бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, имкон дод, ки мушкилоти  норасоии об ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирад.

Бояд гуфт, ки табиат ба бахти мардуми мо сарзамини зебоямон - Тоҷикис-тонро бо сарватҳои бебаҳою беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои  камназири дарёҳо шодоб гардондааст. Аз баракати онҳо кишварамон аз лиҳози оби нӯшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Боиси қайд аст, ки дар соҳаи захираҳои обӣ даҳ лоиҳаи сармоягузор аз қабили лоиҳаҳои «Обёрии заминҳои водии Данғара, марҳилаи 2», «Таъиини аҳолӣ барои устувории соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обӣ», «Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, «Барқарорсозии системаи  обтаъмиинкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» ва ғайра татбиқ шуда истодаанд. Дар мавҷмӯъ, дар доираи лоиҳаҳои  зикршуда дар ҳаҷми 238, 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷамъ гардидааст, ки 140, 5 млн. доллари ИМА ё худ 59 фоизи онро маблағҳои  грантӣ 85, 4 млн. доллари ИМА ё худ 35, 8 фоиз маблағҳои қарзӣ ва 12, 3 млн. доллари ИМА ё худ 5, 2 фоизи онро саҳми Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Яке аз ҳадафҳои муҳими рушди ҳазорсола ба дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ вобаста аст. Сарфаю  самаранок истифода намудани захираҳои обии бойи кишвар яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти имрӯза ба ҳисоб меравад.

Неругоҳҳои азими кишвар манбаи тамомнашавандаи нур ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба хатари ҳамешатобон табдил хоҳанд дод. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки захираҳои обиро эҳтиром намоем, онро тозаву озода нигоҳ дорем, оқилонаву самаранок истифода барем ва нагузорем, ки нохалафе обро ифлос намояд. Ба таъбири устод  Мирзо Турсунзода:

Тоҷикистон  нозад аз ин гуна дарёҳои худ,

Аз мусаффо обҳои кишвари зебои худ. 

Арира Самадова,

омӯзгори география


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш