Нашрияи Омӯзгор

Гуфтугӯ дар мавзӯи муҳим

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 74        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Восеъ конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба амнияту суботи кишвар” баргузор шуд, ки дар он роҳбарони маҳфилҳо ва омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок карданд.  Директори муассиса Д.Шоинов изҳор дошт, ки солҳои охир нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, терроризму экстремизм авҷ гирифта, боиси марги инсонҳои бегуноҳ шуда истодааст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, баҳри хизмати Модар-Ватан ҳамеша омода бошанд.

Ҷонишини директор М. Ҳомидов ва мушовири муассиса С. Абдулҳамидова қайд намуданд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкасб гардидани ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ин, майдончаву толорҳои варзишии зиёде ба истифода дода шудаанд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон аз чунин шароитҳо истифода набурда, даст ба корҳои номатлуб мезананд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш