Нашрияи Омӯзгор

Омили асосии пешрафти кишвар

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

Тарбияи кадрҳои илмӣ аз зумраи ҷавонон дар муассисаҳои пешрафтаи илмӣ дар хориҷи кишвар дар солҳои охир як қатор натиҷаҳои мусбат дод. Аз ҷумла, тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Дурахшандагон” дар солҳои 2005-2019 дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар 566 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Аз ин миқдор 481 нафар таҳсилро хатм намуданд, аз ҷумла, бакалавр ва мутахассис 245 нафар, магистратура ва ординатура 30 нафар, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 66 нафар, докторантура 22 нафар, коромӯз 118 нафар мебошанд ва қисмате аз онҳо имрӯз дар пешрафти иқтисод, сиёсат ва илми кишвар саҳми худро гузошта истодаанд.

Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли равон такони ҷиддӣ ва саривақтӣ барои соҳаи маорифу илм ва махсусан, дастгириии ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ва неруҳои зеҳнии кишвар арзёбӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ва муассисаҳои таълимию илмӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ як қатор чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ карда шудааст. Аз ҷумла, ҳамасола озмуни олимони ҷавон «Навовари беҳтарин», «Донишҷӯ ва пешрафти илму техникӣ», олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ», омӯзиш дар фароғатгоҳ, конференсия ва озмунҳои Академияи хурди илмҳо, мактаби муҳаққиқони ҷавон ва мактаби тобистонаи илмӣ баргузор карда мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки ҷиҳати ҳавасмандии унвонҷӯён, аспирантон, доктороне, ки рисолаҳои хешро бомуваффақият ҳимоя менамоянд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳаҷми ин маблағ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ - 2000 сомонӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода - 3000 сомонӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ - 6400 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ барои ҳавасмандӣ маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур барои ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз 1000 то 3000 сомонӣ маблағ дода мешавад. Чунин амалҳои самарабахш аз ҷониби дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ теъдоди стипендияҳои номӣ дар ду соли охир ба маротиб афзудааст. Бо вуҷуди дастгириҳо ба мушоҳида мерасад, ки истифодаи неруҳои зеҳнӣ, кашфиёту ихтироотҳо ва амалии он дар истеҳсолоти ватанӣ қонеъкунанда нест.

Ба фаъолияти илмӣ ҷалб сохтани ҷавонон тавассути ташкили сохторҳои муосири илмӣ-инноватсионӣ яке аз вазифаҳои муҳими рӯз аст. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) дар назди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ таъсис дода шуда бошанд ҳам, фаъолияти онҳо назаррас нестанд.  Вобаста ба ин вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, ҷиҳати маблағгузорӣ дар самти ихтироъкорӣ ва амалияи он дар истеҳсолот бояд чораҳои амалӣ андешанд.

Дар самти таъмини заминаҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои саноат як қатор стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи аслиашон тақвияти нақши илм дар рушди соҳа мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи Паркҳои технологӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», “Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ”, «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2020», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва ғайра таҳия ва қабул гардидаанд, ки нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ муайян мекунанд.

Масъалаи  омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад.

Масъалаи мазкур зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли равон бори дигар мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт. Раҳбари давлат таъкид намуданд: “Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад”.

Бояд тазаккур дод, ки бо вуҷуди таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз талабот ба кадрҳои илмӣ: номзаду докторони илм рӯз аз рӯз зиёд мегардад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 4246 нафар кадрҳои илмӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 745 нафар доктори илм (аз ҷумла, 140 нафар зан, 18,8%) ва 3501 нафар номзади илм (аз ҷумла, 1133 нафар зан, 32,4%) мебошанд.

Мутаассифона, теъдоди олимони ҷавони то 35-сола аз шумораи умумии кадрҳои дараҷа ва унвони илмидошта қонеъкунанда нест, ҳамагӣ 300 нафар аст.

Норасоии кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва илмии кишвар ба мушоҳида мерасад ва дар қисмате аз муассисаҳои таълимию илмӣ боиси нигаронист. Ва ин ҷо фаъолияти пурсамару саривақтии шӯроҳои диссертатсионӣ зарур аст. Ин масъаларо ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тарбия ва қабули ҷавононро дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) яке аз роҳҳои асосии ҷалби онҳо ба соҳаи илм меҳисобад. Вобаста ба ин, дар соли 2019 як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид. Аз ҷумла, қоидаҳои қабул ба зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) мунтазам таҷдиди назар гардида, “Қоидаҳои қабул ба постдокторантура”, «Тартиби таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат дар постдокторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби ташкили кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-таҳқиқотии постдокторантҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонони мо ба зинаҳои магистратура ва докторантураи 27 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 академияи соҳавӣ ва пажӯҳишгоҳҳои онҳо дохил гардида, ба фаъолияти илмӣ машғул гарданд.

Аз ибтидои фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 31 декабри соли 2019 барои таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) 152 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 58 дархост қонеъ ва 92 дархост бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан рад карда шуда, 6 дархости дигар дар раванди омӯзиши шуъбаҳои аттестатсионӣ қарор доранд. Ҳоло аз 58 шӯрои диссертатсионии таъсисдодашуда 52 шӯро фаъолият дошта, аз рӯйи 170 ихтисос диссертатсияҳои номзадӣ ва докториро ба ҳимоя қабул карда истодаанд.

Дар умум бо шӯроҳои диссертатсионии КОА аз рӯйи 323 ихтисос бе такроршавӣ мутахассисон дар кишвар омода карда мешаванд, яъне имрӯз зарурат ба миён меояд, ки мо аз рӯйи 153 ихтисоси дигар шӯроҳои диссертатсионӣ ташкил дода, фаъолиятро ба роҳ монем.

Шӯроҳои амалкунанда 52 адад буда, аз ин шумора дар бахши табиӣ-риёзӣ 11 шӯро, тиббӣ, байторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ 13 шӯро, ҷамъиятӣ- гуманитарӣ 28 шӯро фаъолият доранд.

Дар давоми ду соли охир (солҳои 2018-2019) нисбат ба солҳои пешин дифои рисолаҳои илмӣ ба маротиб афзудааст. Дар сурати саривақт ба  тасдиқи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани рисолаҳо мо метавонем ҳолати бо кадрҳои илмӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимиро беҳтар кунем.

Ҳолати воқеии омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз давраи таъсис дар шӯроҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки фаъолияти қисмате аз шӯроҳои диссертатсионӣ ба таври назаррас ба роҳ монда нашудааст.  

Тибқи банди 21-и Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ (қарори Ҳуку-мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №505) «Ба ҳайати Шӯро докторони илм ва докторони фаласафа (PhD), докторон аз рӯйи ихтисос (номзадҳои илм), ки аз рӯйи ихтисоси соҳаи илми дахлдор монография ё на кам аз се кори илмӣ доранд, ки дар муддати панҷ соли охир дар интишороти тақризшавандаи КОА чоп шудаанд, дохил мешаванд». Таҳлилҳо муайян менамояд, ки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии баъзе аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда нашудааст.

Аминем, ки масъулони соҳа дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.2020, №АП-1325 доир ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 аз 31 январи соли 2020, №1445 фаъолиятро самаранок ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

Носир Сайдализода,

сардори раёсати илм ва инноватсияи  Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш