Нашрияи Омӯзгор

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар баробари ҳақиқати таърихиро бозгӯй кардан, инчунин, дорои рамзҳо ва паёмҳое мебошад, ки мо, қавмҳои ориёӣ, бояд аз он баҳравар шавем. «Шоҳнома» таърихи пуршебу фарози давраи ҳазораҳои пеш аз мелод ва баъд аз он, маданият, илм, расму оини ниёгонро чун дар оина ба мо, ворисон, инъикос менамояд.

Муборизаи  қувваҳои некию бадӣ дар меҳвари ин шоҳасар қарор дорад. Ба қувваҳои некӣ-фурӯғи Эзидӣ ва ба неруҳои бадӣ-Аҳриман раҳнамоӣ мекунанд. Девон дар асар ҳамчун рамзи пайравони Иблис ва аҷнабиён, ки душманони асосии пешрафти сулҳу суботи кишвар ҳастанд, тасвир карда шудаанд.

Ба гуфтаи Ҳаким Фирдавсӣ, нахустподшоҳ Каюмарси Пешдодӣ дар дунё оини тахту тоҷу кулоҳро асос гузошт:

Пажӯҳандаи номаи

бостон,

Ки аз  паҳлавонон занад

достон.

Чунин гуфт: оини тахту

кулоҳ

Каюмарс оварду ӯ буд

шоҳ.

Бештар нақшҳои мусбат, хоҳ  шахсони таърихӣ бошанд ва хоҳ муборизони майдони корзор, ҳама Яздонпараст, хирадварз ва  додхоҳанд. Беҳтарин ганҷе, ки инсон дар ҳаёт ба кор мебарад, хирад аст:

Хирад беҳтар аз ҳар чи

Эзид-т дод,

Ситоиш хирадро беҳ аз

роҳи дод.

Хирад раҳнамою хирад

дилкушой,

Хирад даст гирад ба ҳар

ду сарой.

Мо, омӯзгорон, ҳангоми омӯзиши достонҳои «Шоҳнома» бояд хонандагонро бо рамзҳо ва паёмҳои асар ба воситаи ангезишҳои зеҳнӣ шинос намоем,

Каюмарс марди хирадпеша буд, аввалин шуда пӯшоки баргинаашро ба палангина иваз намуд. Дар замони ӯ мардум шикорро ёд гирифтанд. Ӯ подшоҳияшро бо адлу дод ба роҳ монд. Бо ёрии мубадон Каюмарс аввалин бор солу моҳро ном ниҳода, Сада ва Наврӯзро ҷашн гирифт. Дар ин  бора Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ном асараш маълумот додааст. Тамаддуни башарӣ аввалин шуда, оини давлатдорию додгустарӣ, хирадварзӣ, тақвими солу моҳ, ихтирои оҳану оташ, либос, парчам ва ҷашну маросимҳоро асос гузоштаанд. Дар тарғиби маданияти давраи қадими мардуми форсу тоҷикон нақши Абулқосим Фирдавсӣ бағоят бузург аст.

Шоири тавоно дар қисми аввали «Шоҳнома» пас аз корномаи Ҳушанг, давраи подшоҳии Таҳмурасро баён мекунад. Таҳмурас ҳайвонҳоро ром кард, аз пашми онҳо либос дӯхт. Баъд аз ӯ подшоҳӣ ба Ҷамшед расид, ки 700 сол соҳиби тахту тоҷ буд. Дар замони ӯ ҳунарҳои аслиҳасозӣ, киштисозӣ, табибӣ, сохтани қасрҳо ва шаҳрҳо ривоҷ ёфтанд. Подшоҳии тӯлонии Ҷамшед рамзи адолат ва хушбахтӣ аст. Аз комёбиҳои ӯ Аҳриман рашк бурда, дар ниҳоди ӯ кибр барангехт ва ӯ Худоро фаромӯш кард:

Манӣ кард он шоҳи

яздоншинос,

Зи Яздон бупечиду шуд

ношинос.

Бинобар мутеи ҳавои нафсонӣ шуданаш фарри эзидӣ аз вай баргашт.

Қисми аввали достонҳои «Шоҳнома»-ро давраи асотирӣ ном бурдаанд. Вожаи «асотир» аз «устура»-и арабӣ баргирифта, аз калимаи «история»-и юнонист ва маънои таърихро дорад. Агар ба достонҳои «Шоҳнома» жарфтар бингарем, розҳову рамзҳои зиёде дарёфт. Оре, дилангезии достонҳо аз розу рамзҳои ба тариқи тамсил ифодаёфтаи онҳост.

Барҷастатарин симо дар «Шоҳнома» Рустами Золи Зар мебошад.

Маҳбубият пайдо кардани ӯ аз ватандӯстӣ, паҳлавонӣ ва ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвар омода буданаш бархостааст. Рустами ҷаҳонпаҳлавон беназиртарин намунаи шахси ватанпараст мебошад, ки рӯҳияи мағлубнашавандаи халқро дар худ ифода кард.

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷаҳоншу-мули худ ба мо сабақи худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ватанпарастӣ ва иттиҳодро меомӯзад. Шоири бузург ба мо талқин менамояд, ки   дар ҳама ҳолат ба хирад пайравӣ намуда, ҳушёриву  зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳидояти донои Тӯс барои ҳамаи мардуми дунё ва ҳама давру замон ин аст:

Биё, то ҷаҳонро ба бад

наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти

некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад

пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад

ёдгор.

 

Фатҳуллоҳи Сафарзода,

омӯзгори мактаби №50-и шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш