Нашрияи Омӯзгор

«Файзи қудс» муаррифӣ гардид

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 190        Шарҳ: 0

 

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  асари «Файзи  қудс» - и адиб ва олими  шинохтаи афғон Халилуллоҳ  Халилӣ, ки ба шарҳи аҳволу рӯзгор ва таҳлили ашъори Бедил бахшида шудааст, бо иштироки аҳли илму адаб ва доираи васеи хонандагони ашъори ноби шоир муаррифӣ гардид. Он бо кӯшишу таҳияи донишманди афғони муқими Тоҷикистон, муассиси Китобхонаи устод Халилӣ дар шаҳри Душанбе    Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик ва кумаки молии  Дафтари Швейтсария   бо хати кириллӣ ва форсӣ дастраси дӯстдорони каломи Бедил гардидааст.

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода аз муҳтавои асар  сухан гуфта, заҳматҳои бистсолаи муассиси Китобхонаи устод Халилӣ М. Ранҷбарро  мавриди ситоиш қарор дод. Гуфта шуд, ки пеш аз ин ҳам вай барои хонандагони тоҷик асарҳоеро чун «Аҳвол ва осори Имоми Аъзам – Абӯҳанифа», «Гулчини ашъори Мирзо Турсунзода» ва ғайраро пешкаши хонандаи тоҷик гардонда буд, ки «Файзи қудс» идомаи ҳамин фаъолият аст. Он бори аввал ба хати имрӯза дастрас гардид ва ин хизмати мондагорест барои аҳли илму адаб ва алоқамандони ашъори ноби адиби тоҷик.

Директори Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода чопи асарро кӯшиши навине дар шинохти бедилшиносии тоҷик арзёбӣ намуд. Зимни ироаи андешаҳо ӯ аз хизматҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар таълифи  монографияи «Мирзо Абдулқодири Бедил» низ ёдовар шуда, оид ба саҳми олимони бедилшиноси муосири  тоҷик изҳори ақида кард. Дар суханронии хеш Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон хотираҳои худро дар бораи боздид аз мазори шоир ва  кушодашавии боғи ба номи Мирзо Абдулқодири Бедил дар шаҳри Деҳлӣ (соли 2006) бо ибтикор ва иштироки Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса кард.

Муҳаққиқи шинохта, муҳаррири «Файзи қудс» Мубашшир Акбарзод иттилоъ дод, ки номи китоб аз моддаи таърихи таваллуди Бедил  гирифта  шудааст. Дар рафти муаррифии асар чанд ғазали  Бедил аз тарафи сарояндаи ҷавон Шуҳрати Ёр пешкаши ҳозирин гардонда шуд.              

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш