Нашрияи Омӯзгор

Истилоҳотро бояд омӯхт

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 108        Шарҳ: 0

 

Дар ҷомеаи кунунии мо, ки рӯ ба рушд дорад, таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ пайваста меафзояд. Пешрафти иқтисодиёт, вусъат ёфтани мавқеи техника, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ, навсозии роҳҳо ва амсоли инҳо зарурати ҳар чӣ амиқтару дақиқтар омӯхтани фанҳои мазкурро тақозо доранд.

Аз ин ҷост, ки Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) чунин пешниҳод карданд: «Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Ин тадбири муҳим аз мо, омӯзгорони риёзӣ, низ тақозо дорад, ки омӯзиши ин фанро тақвият бахшем ва бо ин мақсад аз методу воситаву тарзҳои бештар муассиру ҷолиби таълим истифода намоем. Талаби замон аст, ки дар алоқамандӣ ба тадбири мазкур дар ҷумҳурӣ силсилаи китобҳои осонфаҳму хушсифат (бо нақшаву сурату аксҳои зарурӣ) оид ба масоили умдатарини математикӣ барои худомӯзии хонандагон (илова ба донишҳои мактабӣ аз математика) ба нашр расонда шавад. Ҳамчунин, таҳия ва нашри «Донишномаи риёзӣ» (барои мактабиён) ва «Фарҳанги истилоҳоти риёзӣ» кори хеле муҳим ва мутобиқ ба талаби рӯз ҳисоб меёбад. Махсусан, «Луғати истилоҳоти риёзӣ» барои мактабиён бояд ҳар чӣ зудтар ба нашр расонда шавад. Ин луғат дар баробари китоби дарсии алгебра (математика) дар ҳамаи дарсҳо аз ин фан рӯи дасти хонандагон хоҳад буд. Донистани истилоҳот, реша, маъно ва таърихи баромади онҳо барои мактабиён шавқовару таваҷҷуҳбарангез аст ва шавқу завқи онҳоро ба омӯзиши риёзиёт дучанд мекунад. Истилоҳоти математикӣ, ҳамчунин, ба такмили фонди луғавии хонандагон низ мусоидат мекунанд.

Таърихи пайдоиши баъзе истилоҳот дар илми риёзӣ хеле аҷиб ва ҷолиб аст. Масалан, маълум аст, ки истилоҳи байналмилалии «алгебра» иртиботманд бо номи китоби донишманди маъруфи тоҷик Ал – Хоразмӣ «Ал-ҷабр ва-л-муқобала» (шакли кӯтоҳаш: «Ал-ҷабр») мебошад. Ин китоб ба забони лотинӣ дар шакли «алгебра» тарҷума шуда, бо ҳамин ба номи фанни алоҳида табдил ёфт. Таърихи баромади калимаи «алгоритм» (истилоҳи математикӣ) низ ҷолиб аст. Алгоритм қоидаест, ки ба тартиби муайян иҷро намудани маҷмӯи амалҳоро муайян мекунад. Он яке аз мафҳумҳои асосии кибернетика ва математика мебошад. Дар асрҳои миёна қоидаҳои арифметикавиро дар системаи даҳӣ алгоритм меномиданд. Қоидаҳои марбут ба ин соҳаро бори аввал дар асри 9 боз ҳам Ал – Хоразмӣ дар асараш «Ҳисоб-ул-ҳинд» ҷорӣ кард. Чун ин таълимот ба Аврупо расид, ин навъ қоидаҳоро бо номи олими маъруф «алгоризм» (аз «алхоразмӣ») меномидагӣ шуданд. Сонитар ин истилоҳ шакли «алгоритм»-ро гирифт.

Чунин мисолҳоро метавон ба миқдори зиёд овард. Таърихи баромади баъзе истилоҳоти риёзӣ як ҳикояи томро мемонанд ва хеле шавқоваранд.

Ҳамин тавр, омӯзиши фанҳои дақиқ ҷанбаҳои махсусеро дорост, ки ба афзудани шавқу майли хонандагон ба омӯзиши фанҳои мазкур мусоидат мекунанд.

 

Шохумор

ДИЛОВАРШОЕВ,

омӯзгори математикаи литсейи  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ

ва хизмати Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш