Нашрияи Омӯзгор

Дастурамали намунавии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 316        Шарҳ: 0

 

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25.02.2020, №3/74

тасдиқ  шудааст

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дастурамали намунавии нигоҳ-дории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастурамал) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» таҳия карда шудааст.

2.Дастурамал бо мақсади нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар (минбаъд-муассиса) аз лаҳзаи ворид ё таҳияшудан то вақти барои нигоҳдорӣ ба бойгонии муассисаи таълимӣ супоридани ҳуҷҷатҳоро ба низом медарорад.

3.Дастурамали мазкур номгӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии муассисаи таълимиро муайян, мақсад ва вазифаҳои бойгонии муассисаро муқаррар ва фаъолияти шахси масъули бойгониро дар муассисаи таълимӣ ба танзим медарорад.

4. Ҳуҷҷатҳои муассисаҳои таълимии аҳамияти таърихӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дошта, як қисми фонди бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.Ҳуҷҷатҳои муассисаҳои таълимӣ моликияти давлатӣ буда, мунтазам дар бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. То супурдани ҳуҷҷатҳо ба бойгонии давлатӣ, муваққатан дар муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешавад.

5. Муассисаҳои таълимӣ бойгониро бо ҳуҷраи корӣ, таҷҳизоти махсус барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва бо кормандон таъмин менамояд.

6. Муассисаи таълимӣ амнияти ҳуҷҷатҳои дар фаъолияти худ ташкилкардашударо таъмин менамояд.

7.Таъмини саривақтии ин ҳуҷҷатҳоро ба нигоҳдории давлатӣ таъмин менамояд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БОЙГОНИИ МУАССИСА

8. Бойгонӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо дар фонди бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷараёни фаъолият ҳуҷҷатҳои таҳия ва ба анҷом расонидашуда, интихоб, баҳисобгирӣ, истифода ва омодагӣ барои супоридан ба нигоҳдории давлатӣ ташкил карда мешавад.

9. Бойгонӣ дар сохтори муассисаи таълимӣ ҳамчун як воҳиди мустақил таъсис дода мешавад ва барои нигоҳдории он шахси масъул бо фармоиши роҳбари муассисаи таълимӣ таъин карда мешавад.

10. Ҳамаи корҳо вобаста ба ҷамъоварӣ, интиқол ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ аз ҳисоби муассисаи таълимӣ анҷом дода мешавад.

11. Уҳдадориҳо оид ба риояи талаботи Дастурамали мазкур ба зиммаи шахси масъули муассиса гузошта мешавад.

12. Ҳамаи кормандони муассиса бояд бо тартиби кор ва ҳуҷҷатҳо шинос карда шаванд, онҳо уҳдадоранд, ки талаботи дастурамали коргузориро риоя ва иҷро намоянд. Ҳангоми иваз гардидани кормандони масъули муассиса парвандаҳои ҷории коргузорӣ бо санад супорида мешаванд.

13. Шахсони масъули муассисаи таълимӣ барои вайрон ва ё гум шудани ҳуҷҷат тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгирӣ кашида мешаванд.

14. Бойгонӣ дар муассисаи таълимӣ мувофиқи Дастурамали мазкур ва нақшаи тасдиқшуда фаъолият намуда, бевосита ба роҳбари муассисаи таълимӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

15.Назорати фаъолияти бойгонӣ ба зиммаи роҳбари муассисаи таълимӣ вобаста карда мешавад.

3. ТАЛАБОТ БА ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

16. Дар муассисаи таълимӣ аз болои ҳар як ҳуҷҷати таҳияшуда назорат бурда мешавад.

17. Ҳар як ҳуҷҷати таҳиягашта дар муассисаи таълимӣ бояд нигоҳ дошта шавад.

18. Ҳар як ҳуҷҷат муҳлати нигаҳдории худро дорад ва муассисаи таълимӣ бояд тибқи қоидаҳои муайян муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро риоя намоянд.

19. Барои ҳар як номгӯи ҳуҷҷатҳо (муҳосибот, кадр, таълим), қонунгузорӣ муҳлати муайяни нигоҳдорӣ (муҳлатҳои муваққатӣ, доимӣ)-ро муқаррар менамояд, ки он ҳуҷҷат бояд то беэътибор шуданаш  нигоҳ дошта шавад.

20. Аксари ҳуҷҷатҳо бояд муҳлатҳои муваққатӣ ва баъзеҳо бояд ба таври доимӣ дар муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта шаванд.

21. Ҳуҷҷатҳо метавонанд дар шакли коғазӣ ва ҳам дар шакли электронӣ нигоҳ дошта шаванд.

22. Ҳуҷҷатҳо бояд шакл ва намуди тасдиқшуда дошта бошанд ва бо имзои электронии соҳибихтисос тасдиқ карда шаванд.

23. Ҳуҷҷатҳои дар коғазбуда, бояд дар торикӣ нигоҳ дошта шаванд, равшании табиӣ дар бойгонӣ ба шарте иҷозат дода мешавад, ки дар тирезаҳо филтрҳои муҳофизатӣ, пардаҳо, жалюзӣ ва ё шишаҳои рангкардашуда истифода шаванд. Барои ҳифз кардани ҳуҷҷатҳо аз таъсири рӯшноӣ онҳо дар шкафҳо ё дар рахҳо дар қуттиҳои картонӣ, ҷузъгир ё дигар контейнерҳое, ки аз маводи ба ҳуҷҷатҳо безарар сохта шудааст, ҷойгир карда шаванд.

24. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо ҳамон қоидаҳое, ки барои шакли коғазӣ пешбинӣ мешавад, нигоҳ дошта мешаванд.

25. Муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ ва коғазӣ як хел аст.

26. Барои дар муҳлати кутоҳ дастрас намудани ҳуҷҷат, номенклатураи парвандаҳо таҳия карда мешавад.

27. Номенклатура дар ҳуҷраи бойгонӣ нигоҳ дошта мешавад.

28. Шартҳо ва муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ дар оинномаи муассиса муқаррар карда шаванд.

4. ТАРТИБ ДОДАНИ ФЕҲРИСТ ВА ТАШКИЛ НАМУДАНИ ПАРВАНДАҲО

а)Тартиб додани феҳрасти парвандаҳо

29. Ҳуҷҷатҳо баъди иҷро (истифода) дар парвандаҳои иборат аз маҷмӯи ҳуҷҷатҳои мансуб ба масъалаи муайян ва дар муқоваи алоҳида дӯхташуда гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

30. Бо мақсади ба тартиб даровардани парвандаҳо аз рӯи мазмун ва номгӯй феҳрасти парвандаҳо тартиб дода мешавад, ки он рӯйхати батанзимдароварандаи номгӯи парвандаҳое мебошад, ки муҳлати нигаҳдории онҳоро дар коргузорӣ ба тартиб медарорад.

31. Феҳрасти парвандаҳоро муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо бойгонӣ аз тарафи роҳбарият тасдиқ ва аз 1 январи соли нав мавриди амал қарор дода мешавад.

32. Феҳрасти тасдиқкардашуда дар давоми якчанд сол амал карда, дар мавриди тағйир ёфтани сохтори муассисаи таълимӣ боз аз нав тартиб ва тасдиқ карда мешавад. Агар чунин тағйирот рӯй надиҳад, феҳрасти парвандаҳо дар охири сол аниқ ва аз нав чоп карда мешавад.

33. Ба феҳрасти парвандаҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар дохили муассисаи таълимӣ таҳия ва ҳам аз берун ворид мегарданд, дохил карда мешавад.

34. Ба феҳрасти парвандаҳо нашрияҳои чопӣ, брошюраҳо, маълумотномаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои ба инҳо монанд ворид карда намешаванд.

35. Номи парванда бояд мазмун ва таркиби ҳуҷҷатҳои парвандаро дар шакли возеҳ ва ҷамъбастӣ инъикос намояд.

б) Ташкил намудани парвандаҳо

36. Ҳуҷҷатҳои иҷрошударо ба расмият дароварда, гурӯҳбандӣ нашуда, дар парванда ба тартиб дароварда мешавад. Батартибдарории парвандаҳо тибқи феҳрасти парвандаҳо дар воҳидҳои сохторӣ дар ҷойи иҷрои ҳуҷҷатҳо амалӣ мешавад.

37. Яке аз талаботи асосӣ дар ба тартибдарории ҳуҷҷатҳо, ин дар парвандаҳои алоҳида тартиб додани ҳуҷҷатҳои муҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва муваққатӣ мебошад.

38. Ҳангоми батартибдарории парвандаҳо қатъӣ риоя намудани ҳаҷм ва таркиби ҳуҷҷатҳое, ки бояд дар ин парванда ҷой дода шавад, зарур аст. Ба парванда ворид намудани ҳуҷҷатҳои ба он мансуб набуда, инчунин, сиёҳнависҳо, вариантҳо ва нусхаҳои зиёдшуда мумкин нест. Ҳар як парванда набояд аз 250 варақ зиёд бошад.

39. Ҳуҷҷатҳо дар дохили парванда аз рӯи тартиби ҳалли масъалаҳо тибқи хронология ва индексбандӣ ҷойгир карда мешаванд.

40. Фармоишҳо оид ба ҳайати шахсӣ аз фармоишҳо оид ба фаъолияти асосӣ алоҳида гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

41. Нақшаҳо, ҳисоботҳо ва сметаҳо дар алоҳидагӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

42. Ҳуҷҷатҳо дар парвандаҳои шахсӣ бо тартиби зайл ҷойгир карда мешаванд:

- рӯйхати дохилии ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаи шахсӣ мавҷуд аст;

- ариза дар бораи ба кор қабул кардан, роҳхат ё пешниҳод;

- пурсишнома, варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- ҳолнома;

- ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот;

- нусхаи фармоишҳо оид ба таъинот, аз ҷое ба ҷое гузаронидан, озод кардан.

43. Варақаҳои шакли Т-2 аз рӯи тартиби алифбо ҷойгир карда мешаванд.

44. Мукотибот дар парванда дар давраи соли тақвимӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

45. Дар парвандаи мукотибот ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни ҳалли масъала ташкилшуда ҷой дода мешаванд. Мукотибот бо пайдарҳамии хронологӣ мураттаб гардонида мешаванд: ҳуҷҷат-ҷавоб баъди ҳуҷҷат дархост ҷойгир карда мешавад. Ҳангоми аз нав оғоз намудани мукотиба оид ба масъалаи муайяни ҳуҷҷатҳои дар парвандаи соли ҷорӣ бо нишон додани парвандаи соли гузашта, ки дар он ҳуҷҷатҳо оид ба ин масъала нигоҳ дошта мешаванд, ворид карда мешаванд.

46. Мукотиба бо ташкилотҳои болоӣ аз рӯи масъалаҳои мушаххас гурӯҳбандӣ карда мешавад.

5. ОМОДА НАМУДАНИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ МИНБАЪДА

а) Ташхиси арзиши илмӣ ва амалии ҳуҷҷатҳо

47. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ин муайян намудани аҳамияти сиёсӣ, хоҷагии халқ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва дигар, бо мақсади ҷудо намудани онҳо барои нигоҳдории минбаъда ё соқитнамоӣ мебошад.

48. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо аз тарафи кормандони воҳидҳои сохторӣ таҳти роҳбарии методии комиссияи ташхисии (КТ) доимоамалкунандаи ташкилот амалӣ мешавад.

49. Интихоби ҳуҷҷатҳо барои соқитнамоӣ бо санади шакли муайян ба расмият дароварда мешавад. Санадҳоро комиссияи ташхисӣ баррасӣ намуда, ба онҳо раис ва аъзои ин комиссия имзо гузошта, роҳбари муассисаи таълимӣ тасдиқ менамояд.

50. Ҳуҷҷатҳо ва парвандаҳои ба санад воридкардашуда фақат баъд аз тасдиқи рӯйхатҳои парвандаҳои муҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва муваққатии давраи дахлдор, аз тарафи хадамоти бойгонии давлатӣ нест карда мешавад.

б) Тартиб додани парвандаҳо

51. Дар оғози сол дар ҳар як воҳиди сохторӣ тибқи феҳрасти парвандаҳо муқоваи парвандаҳои ташкилшаванда тартиб дода мешавад.

52. Тартиб додани парвандаҳо аз навиштани муқоваи парвандаҳо, ҷузъбандӣ, рақамгузории варақҳо ва таҳияи навиштаҷоти тасдиқкунанда иборат аст.

53. Парвандаҳои муҳлати нигоҳ-дориашон доимӣ ва дарозмуддат (то 10 сол ва зиёда аз он) дар муқоваи сахт муқовабандӣ шуда, варақҳояшон рақамгузорӣ карда мешаванд. Дар охири парвандаҳо дар варақи алоҳида навиштаҷоти тақсимкунанда гузошта мешавад.

54. Парвандаҳои муҳлати нигоҳ-дориашон муваққатӣ (то 10 соли пурра) ба таври одӣ ба расмият дароварда мешаванд: онҳо муқовабандӣ, варақҳояш рақамгузорӣ, рӯйхати парвандаҳо тартиб дода намешавад ва баҳисобгирӣ аз рӯи феҳрасти парвандаҳо амалӣ мешавад.

55. Навиштаҷот дар муқоваи парвандаҳои муҳлати нигоҳдориашон доимӣ ва дарозмуддат бояд ба таври возеҳ, бо ранги сиёҳи офтоббардор ё сиёҳӣ анҷом дода шавад.

56. Баъди ба охир расидани соли коргузорӣ аз рӯи натиҷаҳои ташхиси гузаронидашудаи арзиши ҳуҷҷатҳо парвандаҳои муҳлати нигоҳдориашон доимӣ ҷудо карда мешаванд, ки бояд ба рӯйхат дохил карда шаванд.

57. Рӯйхатҳо ба парвандаҳои муҳлати нигоҳдориашон доимӣ, дарозмуддат ва ҳайати шахсӣ алоҳида тартиб дода мешаванд.

58. Ҳар як парванда (ҷилд) тибқи рӯйхат рақами тартибии мустақил дорад. Парвандаҳо дар рӯйхат аз рӯи феҳрасти парвандаҳо мураттаб гардонида мешаванд.

в) Таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳо

59. Парвандаҳо аз лаҳзаи оғоз дар коргузорӣ то вақти супоридан ба бойгонӣ ё несткунӣ, дар утоқҳои корӣ дар ҷевонҳои пӯшидашаванда ё биноҳои маҳками махсуси ҷудокардашуда нигоҳ дошта мешаванд.

Дар дохили иншооти нигоҳдорӣ қубурҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия, инчунин технологияи баромади об иҷозат дода намешавад.

Биноҳо бояд бо асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ, сигнализатсия ва системаҳои сӯхторхомӯшкунӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.

Дар болои утоқҳои бойгонӣ, зери онҳо ва дар ҳуҷраҳои паҳлуи он гузоштани дастгоҳҳои ҳавокаш, дегхонаҳо бо агрегатҳои насос, компрессорҳо, яхдонҳо ва дигар мошинҳои вибратсионӣ иҷозат дода намешавад.

Биноҳо барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳо бояд аз манзили истиқоматӣ, саноатӣ, анбор, озмоишгоҳҳо ҷудо карда шаванд ва набояд гузаргоҳҳои ҳавокашии умумӣ дошта бошанд.

60. Гирифтан ва додани ҳама гуна ҳуҷҷатҳо аз парвандаҳои муҳлати нигоҳдориашон доимӣ манъ аст. Дар ҳолатҳои истисно (масалан, бо талаби мақомоти судӣ ё тафтишотӣ) гирифтани ҳуҷҷатҳо бо иҷозати роҳбарият, бо роҳи дар парванда ҳатман гузоштани нусхаи аслии тасдиқкардашудаи ҳуҷҷати гирифташуда ва гузоштани санад оид ба гирифтани нусхаи аслӣ, ба амал бароварда мешавад.

г) Супоридани парвандаҳо ба бойгонии муассиса

61. Парвандаҳои муҳлати нигоҳдории доимӣ ва дарозмуддат баъди як соли ба охир расидани онҳо дар коргузории воҳидҳои сохторӣ ба бойгонии муассиса супорида мешаванд.Парвандаҳои муҳлати нигоҳдории муваққатӣ (то 10 сол) ба бойгонӣ супорида нашуда, дар воҳидҳои сохторӣ нигоҳ дошта мешаванд.

62. Бойгонии ташкилот ё муассиса парвандаҳоро аз рӯи рӯйхат ё феҳрасти парвандаҳо қабул менамояд.

Агар парвандаҳои алоҳидаро дар коргузорӣ барои кори ҷорӣ мондан зарур бошад, он гоҳ бойгонӣ ба истифодаи муваққатӣ додани онҳоро ба расмият медарорад.

ғ) Тартиби нобуд кардани ҳуҷҷатҳо:

-комиссияи махсус, ки ба ҳайати он мутахассисони бахшҳои гуногуни сохтории муассиса шомиланд, таъсис дода мешавад.

- комиссия бо мақсади муқаррар кардани муҳлати нигаҳдории онҳо, муайян кардани арзиши ҳуҷҷатҳо ва қабули қарор оид ба нест кардани ҳуҷҷатҳо онҳоро тафтиш ва баҳо медиҳад.

-рӯйхати ҳуҷҷатҳоеро, ки бояд нобуд карда шаванд, тартиб медиҳад.

-ҳуҷҷатҳое, ки муҳлати онҳо гузаштааст, оид ба нобуд кардани онҳо санад тартиб медиҳад.

- дар санад бояд ҳамаи аъзои комиссия имзо гузоранд.

- ҳуҷҷатҳоро танҳо пас аз гузаронидани давраи барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия) нобуд кардан мумкин аст.

6. УҲДАДОРИҲОИ ШАХСИ МАСЪУЛИ БОЙГОНӢ

63. Кормандони муассиса уҳдадоранд, ки талаботи дастурамали коргузориро риоя ва иҷро намоянд.

64. Тозагии ҳуҷраҳо, ҳуҷҷатҳо, рафҳои махсус, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро назорат кунанд.

65.Уҳдадориҳои худро мувофиқи шартномаи меҳнатӣ ва дастурамали вазифавӣ иҷро намоянд.

66. Мудири бойгонӣ ҳуқуқ дорад:

ба маъмурияти муассисаи таълимӣ барои беҳтар шудани шароити кор дар бойгонӣ таклиф пешниҳод намояд;

оид ба кӯчонидани бойгонӣ аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар қарор қабул намояд;

нисбат ба кормандони бойгонии муассисаҳои таълимӣ барои ҳавасманд кардан ё чораҳои таъсиррасонии интизомӣ андешидан ба роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ муроҷиат намояд;

барои такмили сохтор ва миқдори кормандони бойгонии муассисаҳои таълимӣ ба роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ тавсияҳо пешниҳод намояд.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

67. Ҳуҷҷатгузорӣ дар бойгонии муассисаҳои таълимӣ мутобиқи Дастурамали намунавии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва феҳристи тасдиқшуда амалӣ мегардад.

68. Коргузорӣ оид ба дархостҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва «Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон» амалӣ мегардад.

69. Назорати фаъолияти бойгониро роҳбари муассисаи таълимӣ амалӣ менамояд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш