Нашрияи Омӯзгор

Фанне, ки дақиқкорӣ мехоҳад

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 122        Шарҳ: 0

 

Омӯхтан ва  донистани фанҳои дақиқ, бахусус, математика на танҳо барои  хонандагони муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, балки барои кулли ҷомеа зарур аст.

 

Фаҳмидан ва донис-тани  он дар ҳар сари қадам –  кӯчаву бозор, суҳбатҳои хоса, сохтани манзил ва монанди инҳо эҳсос мегардад. Тасаввур кунед, агар хонанда дар зинаи поёни таҳсил ададҳои чорамал   (ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсим) – ро надонад, минбаъд тамоми умр азоб мекашад, зери таънаи атрофиён мемонад…  Боре аз бозор   як миқдор картошка харидам. Аллакай аз рӯйи нархи гуфтаи соҳиби масолеҳ  миқдори пулро  муайян намудам. Вале  барои санҷиш ва донистани қобилияти ду ҷавони фурӯшандаи  тақрибан 18- 20 сола, ки паҳлуи ҳам меис-тоданд, пурсидам, ки бояд ба онҳо чанд пул диҳам. Яке аз онҳо зуд даст ба киса бурда, калкуляторро бароварду ба ҳисобидан пардохт. Ба натиҷаи миқдори пул бовар накарда, аз рафиқаш хоҳиш кард, ки онро дурусттар шуморад. Бовар мекунед, вай низ хато ҳисоб кард. Роҳи осони донистани натиҷаро ба онҳо тавассути зарби ададҳо фаҳмондам. Маълум шуд, ки ҳар ду ҳам амали зарбро  намедонистаанд. Мутаассифона, онҳо на  математика, ҳисобу  китобро ҳам  хуб азбар накарда будаанд, ҳатто воситаи техникиро низ дуруст истифода бурда наметавонистаанд.

Пас аз тамошои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, ки 18 марти соли ҷорӣ барпо гардид, рӯҳам болида  гардид. Сарвари давлат таъкид дош-танд, ки « … мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти  илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсд мо солҳои 2020 – 2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»  эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».

Чунин амал  басе шоиста ва саривақтӣ буда, мо - омӯзгорони фанҳои дақиқро хурсанд кард. Банда 30 сол боз собиқаи корӣ дошта, ҳаждаҳ соли охир  дар мактаби рақами 86-и шаҳри Турсунзода аз фанни риёзӣ ба шогирдон дарс мегӯям. Ҳамеша мекӯшам, ки умри онҳо зоеъ наравад ва ҳамарӯза дар ин соҳа донишҳоро  аз бар намоянд, зеро фардо дер хоҳад шуд. Айни замон дар чор синфи даҳум аз математика ва геометрия  машғулият мегузаронам. Гарчи муносибату усули таълим дар синфҳо якхела аст, вале мушоҳидаҳоям нишон доданд, ки сифати дониши  хонандагони синфи 10 «А» нисбатан беҳтар мебошад. Фикр мекунам, ки омӯзиши фан ва то кадом дараҷа азхуд кардани он аз тарафи шогирдон бештар ба омӯзгор вобастагӣ дорад. Дар ин самт ба кулли  ҳаммаслаконам комёбӣ таманно дорам.        

Майрам

ЭШМИРЗОЕВА,

омӯзгори  математикаи мактаби №86,

шаҳри  Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш