Нашрияи Омӯзгор

Мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкор

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 136        Шарҳ: 0

 

Олами илми тоҷик таърихи дерину рангин ва ифтихорӣ дорад. Бисёр кашфиёти барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ бо номи аҳли илми тоҷик алоқаманд аст. Дар саргаҳи такомулу ташаккули бисёр бахшҳои илм олимони тоҷик ҷой гирифтаанд ва шуҳрати халқи хешро афзун кардаанд. Яке аз донишмандони номвару маъруфи тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандист.

Зимни сафарашон ба вилояти Суғд дар рӯзҳои наврӯзии соли равон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти боғи фарҳангиеро ифтитоҳ бахшиданд, ки ба номи ин алломаи тоҷик (асри Х) гузошта шуд. Бо ҳамин, Сарвари кишвар дар шумори бисёр фарзонафарзандони миллат ба фаъолияти пурифтихори боз як олими номвари тоҷик арҷгузорӣ намуданд.

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҳамчун мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори тоҷик шинохта шудааст. Ӯ тақрибан соли 930 дар Хуҷанд таваллуд шуда, тақрибан соли 1000 дар Бағдод аз олам даргузаштааст. Фаъолияти илмияшро, асосан, дар шаҳрҳои Бағдоду Рай баргузор намудааст. Зиндагонии ин аллома ба замони ҳукмронии Сомониён мувофиқ омадааст. Аллома Абӯрайҳони Берунӣ бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ошноӣ ва ҳамкории илмӣ доштаасту худро шогирди ӯ муаррифӣ кардааст. Дар шаҳри Рай Берунӣ дар расадхонаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки «Таборак» ном доштааст, олатеро бо номи судс (сектанд) меомӯзад. Берунӣ Абӯмаҳмудро дар сохтани устурлоб (пурбини мушоҳидаи осмон) ва чанд асбоби дигари мансуб ба илми нуҷум беназир ва яктои замон донис-тааст. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо судси ихтироъкардааш, ки ба он ба шарафи ҳокими давр Фахруддавла «Судси Фахрӣ» ном ниҳодааст, бори аввал дар соли 994 қимати майли мадори Офтоб (эклиптика)-ро муайян бинмудааст. Солҳо пас ин амал аз ҷониби астрономи амрикоӣ Ниюком (1835-1909) ба такрор иҷро мешавад. Асбобҳои нуҷумии расадхонаҳои шаҳрҳои Мароға (асри 13), Самарқанд (асри 15) ва Ҷайпур (асри 17) дар асос ва дар пайравӣ ба судси Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ сохта шудаанд. Мунаҷҷими мумтози тоҷик дар асри 16 Муҳаммад Бирҷандӣ дар «Шарҳи бист боб дар маърифати устурлоб» ном асараш судси Абӯмаҳмудро дар байни ҳама асбобҳои астрономии Шарқи Миёна беҳтарин ва нодир донистааст. Мунаҷҷимони дигар низ ин асбоби нуҷумии Абӯмаҳмудро таърифу тавсиф намудаанд ва тарзи истифодаи онро шарҳ додаанд.

Ин алломаи замон дар илми риёзиёт низ хеле тавоно будааст. Теоремаеро, ки ҳоло дар илми математика бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ин математики маъруф (Ферма) Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ тавсиф бахшидааст. Абӯмаҳмуд, ҳамчунин, собит кардааст, ки ҳосили ҷамъи ду адади мукааб (кубӣ) адади мукааб буда наметавонад.

Ин олими тоҷик дар соҳаи илми тригонометрия (мусалласот) теоремаи чанд намуди синусҳоро муқаррар кардааст ва дар ҳалли муодилаҳои квадратӣ ва кубӣ ба комёбиҳо ноил гардидааст. Ӯ нахустин кураи замин (глобус)-ро офаридааст. Аз Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 2 рисола оид ба илми риёзӣ ва 6 рисола оид ба илми нуҷум то ба замони мо расидааст, ки дар китобхонаҳои шаҳрҳои Бейрут, қоҳира, Оксфорд, Париж ва Теҳрон маҳфузанд.

Саодат САЪДУЛЛОЕВА,

омӯзгори таърихи

мактаби №42-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш