Нашрияи Омӯзгор

Парвози нахуст ба коинот

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 134        Шарҳ: 0

 

Ҷаҳониён номи кайҳоннавард Юрий Алексеевич Гагаринро медонанд. Вай аввалин шуда, бо киштии фалакпаймо атрофи заминро давр зад.

Пеш аз парвоз соати 5:30 дақиқаи саҳар,  12 апрели соли 1961 (бо вақти Москва) духтур ба хонаи хоби Юра даромада, аз китфаш ҷунбонда бедор кард.

-Юра, вақти хестан шуд.

-Хезам?

-Чӣ хел хобидед?

-Чи хеле ки таълим додед.

Баъди машқи бадан ва шустушӯй Гагарин ноништа кард: гӯшти кӯфта, мураббои зирк хӯрд, қаҳва нӯшид. Вақти пӯшидани сарулибоси фалакпаймоӣ расид. Ӯ комбинзони гарми мулоим ва сабукро пӯшид. Баъд рафиқонаш скафандри муҳофизаи норанҷии кушодро пӯшонданд. Ба сараш гермошлем пӯшид.

Сарконструктор омад. Юра ӯро аввалин бор мушаввашу хаста дид. Шояд таъсири шабҳои бехобӣ бошад. Гагарин ӯро падарвор оғӯш кардан хост. Ӯ ба Юра чанд маслиҳат доду ба назараш чунин намуд, ки баъди гуфтугӯ кардан хеле рӯҳбаланд шуд.

Онҳо ба автобуси махсус таҷҳизонидашуда савор шуданд. Автобус бо суръат роҳ мепаймуд. Юра аз дур бадани нуқратоби мушаки омодаи парвозро дид.

Ҳаво барои парвоз мусоид буд. Осмон софу беғубор, танҳо дар дуродур ягон-ягон абрпораҳо ба назар мерасиданд.

Ниҳоят, хабар доданд, ки мушак бо киштӣ барои парвоз тайёр шудааст. Фақат кайҳоннавардро ба кабина савор кардан, ҳамаи асбобҳоро охирин маротиба тафтиш намудан ва мушакро сар додан лозим буд.

Юра ба раиси комиссияи давлатӣ арз кард:

-Лётчик, лейтенанти калон Ю.А.Гагарин ба парвози нахустин бо киштии фалакпаймои «Восток» тайёр аст!

-Роҳи сафед! Муваффақият мехоҳем, - гуфт дар ҷавоб, дасташро сахт фишурда.

Пеш аз он ки ба киштӣ бинишинад, ба матбуот ва радио чунин изҳорот дод:

-Дӯстони азизу меҳрубон, ҳамватанон, мардуми ҳамаи мамлакатҳо ва қитъаҳо!

Ман барои супориши ҳукумат ва халқи азизам ҳар кореро, ки аз дастам меояд, мекунам.

Ва дигар дар майдончаи оҳанини даромадгоҳ ба рафиқоне, ки дар замин мондаанд, ҳарду дасташро боло карда, хайрухушкунон гуфт:

- То вохӯрии наздик!

Ба кабина даромад. Ӯро ба курсӣ шинонданд ва дари кабинаро оҳиста пӯшиданд. Даруни киштии фалакпаймо ӯ буду асбобҳо.

Чанд дақиқа пеш аз парвоз ба ӯ гуфтанд, ки дар оинаи нилгун чеҳраи ӯ нағз намоён аст ва аз зиндадилии ӯ ҳама хушнуд буданд. Ба ӯ хабар доданд, ки дар як дақиқа набзаш 64-бор мезанад ва 24-маротиба нафас мегирад. Ӯ ҷавоб дод: «Дилам муътадил метапад. Худро нағз ҳис мекунам».

Ниҳоят роҳбари парвоз фармон дод:

- Парвоз!

Юра ҷавоб дод:

-Рафтем, ҳама чиз муътадил.

Ӯ ғулғула ва ғурришеро шунид, ки торафт баланд мешуд. Ҳис кард, ки киштии азимҷусса ба ларзиш даромад ва аз ҷойи парвоз оҳиста  ниҳоят  ҷудо шуд. Ҳис кард, ки кадом як қувва ӯро торафт бештар ба курсӣ пахш мекунад. Дасту пояшро ҷунбонидан душвор буд. Намедонист, ки ин ҳолат дер давом намекунад, ҳамин ки киштӣ суръат гирифта, ба мадор мебарояд, бартараф хоҳад шуд.

Киштии фалакпаймо ба мадор расид. Ин дам ба ӯ чӣ ҳодиса рӯй дод? Аз курсӣ ҷудо шуда, байни шифту фарши кабинаи кишти муаллақ монд. Ҳама чиз якбора сабук шуд. Дасту по, тамоми баданаш гӯё мутлақо аз они ӯ набуданд. Қалам, дафтарча гӯё шино мекарданд. Қатраҳои моеъ, ки аз ташноб мечакиданд, пуфакшакл шуда, дар фазои кабина озодона ҳаракат мекарданд.

Тамоми муддат ӯ кор мекард. Ба асбобҳои киштӣ назорат мекард, аз тиреза нигариста, мушоҳидаҳои хешро дар дафтари киштӣ қайд менамуд. Қаламро наздаш монд ва ҳамон лаҳза қалам аз наздаш дур шуд. Аз пайи доштани қалам нашуда, тамоми чизҳои дидаашро бо овози баланд мегуфт. Гуфтаҳои ӯро магнитофон сабт мекард.

«Замин» пурсид, ки дар поён чӣ мебинад? Ҷавоб дод, ки сайёраамон тақрибан ҳамон хел менамояд, чунон ки ҳангоми бо ҳавопаймои реактивӣ дар баландии зиёд парвоз кардан мебинем. Қаторкӯҳҳо, дарёҳои калон, ҷангалзорҳои азим, доғҳои ҷазираҳо, роҳҳои соҳили  баҳрҳо нағз аёнанд.

Ин дам ба ёдаш омад, ки айёми бачагӣ ҳангоми танаффус назди харитаи географӣ рафта, тамошои дарёҳои азим: Волга, Днепр, Об, Енисей, Амурро дӯст медошт. Дар ҳамон вақтҳо сайру саёҳат ба кишварҳои дурдастро орзу мекард. Инак, ба орзуяш расид. Юра гирдогирди замин парвоз дорад. Дар баландии 300 км парвоз дошт.

Аз рӯи нишондоди асбобҳо бо диққат мушоҳида ва муайян  мекард, ки киштии кайҳонии «Восток» бо мадори муайяншуда ҳаракат дорад, қариб ба қисми торикии сайёраамон, ки ҳанӯз нурҳои офтоб нарасидаанд, мегузашт. Киштӣ ба торикӣ тез даромад. Дар як дам торикистон шуд.

Инак, «Восток» аз торикӣ баромад.

«Восток» дар як соат бо суръати тақрибан 28000 км ҳаракат мекард. Чунин суръатро дар Замин тасаввур кардан муҳол аст.

Киштии кайҳонии «Восток» гирди кураи заминро гашт.

Ба Замин баргаштан лозим буд. Тормози киштӣ худ аз худ ба кор даромад. Киштӣ ба қабатҳои ғафси ҳаво фуромадан гирифт. Қабати берунии  вай зуд метафсид ва Юра аз паси пардаи тирезаҳо партави арғувонии шӯълаеро дид, ки дар гирди киштӣ талотум дошт.  Аммо ҳарорати дохили киштӣ бист дараҷа буд. Баландии парвоз торафт кам мешуд. Ӯ ба фуруд омадан тайёрӣ дид. Дар поён дарёи Волга намоён шуд.

«Восток» гирди заминро гашта, бомуваффақият ба замини шудгор фуруд омад.

М.Маҳмадшариф,

омӯзгори физикаи гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш