Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз хизматҳои арзандаи адиби шинохта

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 140        Шарҳ: 0

 

Дар толори Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳфили адабии «Китоб – раҳнамои бебаҳову беминнати  ҳамешагии мо» бо иштироки аҳли илму адаб  баргузор гардид. 

Он  ба ҳафтодсолагии зодрӯз ва панҷоҳсолагии фаъолияти эҷодии  адибу рӯзноманигори шинохта Садриддин Ҳасанзода  бахшида  шуд. Муовини вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз хизматҳои адиби номбурда сухан гуфт. Вай иброз дошт, ки саҳми С. Ҳасанзода дар тарғиби адабиёт ва журналистикаи тоҷик бо офаридани як қатор асарҳои адабӣ ва публитсистӣ назаррас аст.

Доктори илми филология, профессор Мурод Муродов аз хусуси асарҳои ҷудогонаи адиб суҳбат  намуд. Қайд гардид, ки С. Ҳасанзода муаллифи қисса, очерк, ҳикоя, тарҷумаҳои зиёде мебошад, ки  асарҳои «Кабки рав», «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Ашки қалам», «Дарёи нур», «Иморати сухан», «Чароғи давра», «Саҳрои бекаронаи таърих» («Аз Ориён то ин замон», «Нигоҳи хоса», «Аз гулу решаҳои Ориёнем»), «Як пора рӯшноӣ», «Зиндагӣ дарёст», «Кохи беназир» ва  ғайра аз ин ҷумлаанд.  Вай, ҳамчунин, муаллифи филмҳои мустанади телевизионии «Марди ҷонфидо», «Умри барқ», «Аҳорун», «Суруди зиндагӣ», «Ҷилои шамшер»,  «Пушинг», «Тахти Сангин» ва монанди инҳо буда, ҳамватанонамонро бо зебоиҳои кишвари афсункорамон шинос мегардонад. Бино ба таъкиди олим, асарҳои адиб бо сабки хосса навишта шуда, қаҳрамонони онҳо одамони номдор ва шинохтаи ҷомеаанд.

Оид ба паҳлуҳои дигари ҳунари адабӣ ва рӯзноманигории ӯ  Нависандаи халқии  Тоҷикистон  Кароматулло Мирзоев, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, муовини раиси Кумитаи дин ва ҷашну маросими ҷумҳурӣ Азизулло Мирзозода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, номзади илми филологӣ Меҳроб Ҷумъаев, адибон Раҷаб Мардон, Саид Амирхони Мункӣ, мухлисону дӯстдорони адабиёт суханронӣ карданд.

Қайд гардид, ки адиби шинохта С. Ҳасанзода барои хизматҳояш дар соҳаи адабиёт ва журналистика бо медали «Хизмати шоиста», нишони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Сухан» ва мукофотҳои дигар қадрдонӣ гардидааст.

 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш