Нашрияи Омӯзгор

Саразм – муаррифи оғози тамаддун

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 202        Шарҳ: 0

 

(Давомаш. Аввалаш дар

шумораҳои гузашта)

Қабри Маликаи Саразм

Маълум аст, ки дар маъхазҳои бостоншиносӣ оғози давраи ташаккули маданияти инсонӣ ба замони модаршоҳӣ нисбат дода мешавад. Чунки мувофиқи андешаҳои муаррихон, аз ҷумла, кашшофи Саразм А.Исҳоқов, он давра (замони модаршоҳӣ) «дар қаъри асрҳо монда»-ву кай ва дар куҷо пайдо шудани чунин ҷамъиятро касе дақиқ гуфта наметавонад. «Зеро замони модаршоҳӣ 5000-6000 сол қабл аз ин, то пайдоиши хат» арзи вуҷуд карда будааст. Вале, ба ҳар ҳол, профессор А.Исҳоқов таъкид мекунад, ки «Илми бостоншиносӣ зимни омӯзиши сарчашмаҳо: (ба омӯзиши – С.Ш.) қабристонҳои чандҳазорсола, кушку шаҳрҳо, маъбаду қасрҳо, ки он ҷо ҷавонмардону силсиладорони бузург хобидаанд, машғул аст. Бостоншиносон пас аз ҳафриёт ҷасади беному нишони онҳоро дарёфта, аз рӯйи осори ашёи ҳамроҳи онҳо хобида қисмати онҳоро ҷӯё мешаванд.

Маликаи Саразм низ аз ҷумлаи ҳамин ёдгориҳо буда, зиёда аз 5000 сол боз мунтазир буд, ки рӯзе «фарзандонаш» қабри нахустмодари худро дарёб мекунанд. Ин лаҳза фаро расид. Бо ифтихор мегӯем, ки онро дар сарзамини суғдиёни қадим, дар шаҳраки Саразм дарёфт намудем».

Бояд таъкид сохт, ки хулосаи муаррих А.Исҳоқов ва бостоншиносони дигар дар ҳамбастагӣ ин аст, ки ҷасади ҷавонзани 19-20-соларо, ки дар қабри гурӯҳӣ дафн шуда будааст, метавон «модаршоҳ» номид, ки имрӯз бостоншиносон онро бо ифтихор Маликаи Саразм меноманд ва ки чунин хулосаи онҳо дар иртибот ба чанд омили моддӣ сурат гирифтааст. Чунончи: 1. «Модаршоҳ» бо кулоҳу сару либос ва тамоми ороишоташ ба гӯр супорида шуда будааст, ки ин дорои мартабаи баланд будани занро дар давраи асри сангӣ, ки онро бостоншиносон замони энолит ба қалам додаанд, гувоҳӣ медиҳад.

2. Дар заминаи сангҳои қиматбаҳо, аз қабили ақиқи сурх, лоҷувард, фирӯза ва муҳраҳои бешумор, ки аз байни қабурғаҳо, косахонаи сар ва атрофи бадани ин зан дарёфт шудааст, бостоншиносон ба хулоса омадаанд, ки ин ҳама дар либосҳои зан дӯхта шуда будаанд.

3. Муҳраҳои бешумори ба донаи арзан монанд, ки ҳангоми тозакунии қабр аз атрофи ҳар се ҷасад ёфт шудааст, бостоншиносонро ба хулоса овардааст, ки онҳо шояд моҳирона ба чодаре, ки болои ҳар се ҷасадро мепӯшид, дӯхта шуда будааст. Ва барои он ҳама муҳраҳои арзанмонанди аз гаҷ сохташударо беталаф ҷамъ намудан, таъкид мекунад А.Исҳоқов, лозим шудааст, ки қариб ду тонна хокро обшӯй намуда, онҳоро бо сӯзанҳои ниҳоят борик ба ришта гузаронидаанд, ки дарозиашон зиёда аз 10 метрро ташкил медодаасту ҳоло дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешудааст.

4. Аз қисмати гардани ҷасади ин зан, мувофиқи маълумоти дар мақолаи «Тайна захоронения «богини» баррасӣ намудаи проф. А.Исҳоқов, 41 дона шабаи нуқрагин, ки гӯё кулоҳ ва 49 дона шабаи аз тилло сохташуда, ки мӯйҳои занро оро медодаанд, дарёфт шудааст.

Бостоншинос А.Исҳоқов бобати марҷонҳои тиллоӣ таъкид мекунад, ки «Агар мо онҳоро дуртар аз ҷасади зан дарёфт мекардему исбот карданӣ мешудем, ки ин донаҳои тиллоӣ ба ҳазорсолаи IV пеш аз мелод мансубанд, ҳатто ихлосмандон бовар намекарданд. Зеро дар Осиёи Марказӣ коркарда тилло, асосан, хоси ҳазорсолаи III-юми пеш аз мелод аст».

5. Ғайр аз ин бозёфтҳо, ки дар боло ёдовар шудем, дар мақолаи «Тайна захоронения «богини», таъкид мешавад, ки дорои мартабаи баланд будани он зан («Модаршоҳ») аз ин ҳам собит мегардад, ки дар дастони худ ду дастпонаи аз устухони гӯшмоҳӣ сохташуда доштааст, ки басо нодир асту аз рӯйи тахмини бостоншинос А.Исҳоқов, ки он дастпонаҳо аз устухони гӯшмоҳиҳои калон сохта шудаанд, наметавонанд моли саразмиён бошанд. Чунки макони чунин гӯшмоҳиҳо баҳрҳои калон будааст. Мувофиқи гуфтаи бостоншиноси мазкур намунаи дастпонаҳои «Модаршоҳ»–и Саразм дар шаҳраки Моҳанҷодорои Ҳиндустону Меҳраки Покистон дарёфт шуда будааст. Аз ин рӯ, тахмини бостоншиноси тоҷик ин аст, ки шояд он дастпонаҳо бо мақсади ба фурӯш рафтан тавассути Роҳи Бузурги Абрешим, ки аз наздики шаҳраки Саразм низ убур мекард, дар он ҷойҳо сохта шуда, ба ин ҷо, яъне ба Саразм, оварда шуда бошанд.

6. Ниҳоят, бостоншинос А.Исҳоқов таъкид мекунад, ки «Ғайр аз он ороишоти номбаршуда, дар масофаи ним метр дуртар аз ҷасади зан чанд бозёфти дигарро пайдо кардем. Онҳо аз оинаи мисӣ, дарафши устухонӣ, ду муҷассамаи тасвири зан ва 5 дона сари дарафш иборатанд… Муҷассамаҳо аз гил сохта шуда, қади муҷассамаи аввалӣ 4 см бошад, дуюмӣ ҳамагӣ 2 см аст. Бо вуҷуди он ки онҳо шакли одӣ доранд, дар муҷассамаи якум тамоми нишонаҳои занро мебинем. Мӯйҳои дарози тор-тори он ба ду тараф мисли бодбезак паҳн шуда, болои китфҳо хобидаанд. Чашмонаш бодомшакл буда, қошҳои камоншаклаш бо сиёҳӣ оро ёфтаанд».

Ҳамин тавр, профессори бостоншинос зимни далелҳои шайъии боло дар ниҳояти натиҷаи пажӯҳишҳои дар ҳамбастагӣ бо бостоншиносон гирдовардашуда бо боварии комил иброз доштааст, ки «кашфи қабри «Модаршоҳ»–и Саразм (Маликаи Саразм–С.Ш.) ба мо имконият дод, то мавқеи занро дар ҷомеаи шаҳраки Саразм омӯзем ва хулоса кунем, ки дар шаҳраки Саразм нисбатан ҷомеаи модаршоҳӣ ҳукмрон буд».

Лозим ба таъкид аст, ки кашшофи Саразми бостонӣ А.Исҳоқов хизмати бостоншиносони машҳурро аз қабили В.М.Массон ва И.Н.Хлопин дар қабристонҳои Кабутаки Шимолӣ, Ҳасан Аҳмади Дониро дар Гумлаи Покистон, А.М. Менделштамро дар мавзеи Бешканди Шаҳритус, Б.И.Сарианидию, Ӯ.П. Пӯлодовро дар Тиллотеппаи Афғонистон, ки қабристонҳои зиёдеро кашф кардаанд, воқеъбинона эътироф намуда, иброз доштааст, ки «кашфиётҳои номбурда тибқи санаи пайдоиши худ ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд. Бузургии қабри «Модаршоҳ»-и Саразм (Маликаи Саразм–С.Ш.) дар он аст, ки аз кашфиётҳои номбурда таърихан аз 1000 то 3000 сол қадимтар аст».

(Давом дорад)

Саидбой  Шербоев,

узви вобастаи АТТ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессори ДДЗТ

ба номи С.Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш