Нашрияи Омӯзгор

Пешгирӣ аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротгаро

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 154        Шарҳ: 0

 

Дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳои шарқи мусулмонӣ зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ, манфиатҷӯӣ, ки шаклҳои манфури террористӣ маҳсуб меёбанд, то ҳанӯз идома доранд.

Бо ҳар ҳилаю найранги харидуфурӯши одамрабоӣ ба гурӯҳҳои бадхоҳи ба ном “давлати исломӣ”кӯдакону ҷавононро аз бетаҷрибагӣ ба фанатизми исломӣ фирефта намуда, онҳоро ба гирдоби ҷанги бемаънию куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ мекашанд. Бо сабабҳои то ҳанӯз ҷой доштани хурофотпарастӣ ва дунёбезорӣ дар гӯшаю канорҳои Ватани маҳбуби мо низ душманони дохилӣ ва ҳам гумоштаҳои хориҷӣ кӯдакону ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ шомил гардонида, аз пайи манфиатҷӯиҳои хеш ба ҳар дару девор мисли каждум неш мезананд. Аз ин ҷост, ки ба раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” халал ворид сохта, дар маърака маросимҳои анъанавӣ ҷараёни ҳамкориҳои педагогии мактабу донишгоҳҳоро бо оила ва аҳли ҷомеа кам риоя мекунанд.

Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки падидаҳои номатлуби тарғиби андешаҳои иғвогаронаю худнамоиҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ шайху авлиётароши-ҳо, фолбинҳо ва дигар таблиғоти беасоси реаксионии зидди олимону рӯшанфикрон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои маорифпарвари фарҳангию тиббӣ равона кардашуда, таблиғоти бардурӯғу бофтаҳои воҳимаангези дунёбезорӣ, пессимистӣ (рӯҳафтодагӣ, куҳнапарастӣ) нисбат ба ҳодисаҳои табиӣ, илму техника ва коинот ба идомаи таҳсили хонандагони муассисаҳои таълимӣ, бахусус, толибагон таъсири манфӣ мерасонанд. Чунин падидаи номатлуби авлиётарошиҳо дар мисоли яке аз собиқ “ҳомиёни дини ислом” Шайх Темур бараъло исбот гардида, ба тамоми пешвоён ва донишмандони дини мубини ислом иснод овард, ки ҳоҷат ба такрор нест.

Қобили қайд аст, ки ҳанӯз ҳам ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашидану ҷарима бастани ашхоси манфиатҷӯю иғвоангезанда ҳангоми идҳои Рамазон, Қурбон, маросимҳои азодорӣ ва дигар тӯю маъракаҳои бодабдаба, маҳкум намудану фош кардани қоида ва қонуншиканиҳо, зоҳирпарастони зери ниқоби “давлати исломӣ” панаҳбурда то ҳанӯз ба мушоҳида мерасанд.

Барои бартараф намудани мушкилоти мазкур омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳои кишварро мебояд, ки дар машваратҳои умумимактабӣ ва синфию аудитории хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо тавассути дастгирию кӯмаки методии Кумитаи падару модарон ва АВО (Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон) бо истифода аз технологияи муосири таълиму тарбия чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил намоянд. Дар баробари ин, мехоҳам чанд андешаи худро оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб пешниҳод намоям:

- Омӯзишу ҷорӣ намудани Паём (26.12.2019) ва даъвати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” то соли 2021тақозои замони муосир аст;

- дар ҳаёт татбиқ намудани ҳадафи чаҳорум - саноатикунонии босуръати деҳоти кишвар илова ба се ҳадафи стратегии рушди кишвар, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, ки дар алоқамандӣ бо раванди таълиму тарбияи мактабиён ва донишҷӯён мутобиқ кардан мебошанд, бешубҳа, муҳим арзёбӣ мегардад;

- дар маҷлиси падару модарон ошкор ва фош намудани таъсири нобаҳангоми рӯҳониёни мутаассиб ва фанатизми исломгароӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби паҳннамоии андешаҳои иғвогаронаи баохиррасии дунё, ҳар гуна бофтаҳои хаёлии пессимистӣ, таблиғоти беасоси реаксионии зидди олимону рӯшанфикрон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои маорифпарвари фарҳангию тиббӣ саривақтӣ мебошанд;

- фош намудани таблиғоти бардурӯғу бофтаҳои воҳимаангези дунёбезорӣ, охирзамонӣ ва қиёматпарастӣ доир ба ҳодисаҳои табиӣ, илму техника ва коинот беасос буда, наврасону ҷавононро ба гирдоби рӯҳафтодагӣ ва бесаводӣ кашидан аст;

- пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуби фирефташавии наврасону навҷавонон, духтарони хатмкардаи синфи 9 ба ифротгароӣ, фанатизми исломии ба ном “давлати исломӣ” дар ҷараёни маросимҳои динӣ ва маъракаҳои фарҳангию сиёсӣ муҳим буда, бо иштироки донишмандони маъруфи дини мубини ислом ниқоб аз рӯю вуҷуди хурофотпарастон кандан аст;

- тарзи ҳаёти солими кӯдакону наврасони болаёқатро дастгирӣ ва дар муқоиса бо ҷавонону кӯдакони оворагард ва тундгаро намуна нишон додан, дастовардҳои ихтироъкорӣ ва эҷодиёту кашфиётҳои илмию техникии онҳоро маблағгузорӣ намудан танҳо ба манфиати раванди таълиму тарбияи насли наврас мебуд, ки чунин тадбир вазифаи мо, омӯзгорону устодон, рӯшанфикрон ва аҳли маорифи кишвари соҳибистиқлол мебошад;

- ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ ва таҷҳизоти таълимии варзишӣ, устохонаҳо ва сехҳои дӯзандагӣ дар деҳоти дурдасти кишвар баҳри нигоҳдории давомоти минбаъдаи толибагон ва ба ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани хатмкардаҳои синфи 9 мусоидат мекунанд;

- ташкил намудани семинару конфронсҳо ва мизҳои мудаввар доир ба ҷалби хатмкардаҳо ба истеҳсолот, таъминоти ҷойи корӣ барои онҳо, ба таъмини идомаи таҳсил дар коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва макотиби олӣ оварда мерасонанд;

- бо мутахассисони соҳаи психология таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияти роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва кори роҳбарони синфҳоро ҷоннок мекунад;

- ташкили лабораторияҳои табиию риёзӣ, физика, химия, биология ва бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шарти зарурӣ ва омили асосии пешгирии қонуншиканиҳои наврасону ҷавонон мебошад.

Дар раванди бонизоми технологияи муосири коммуникатсионӣ ташкили конфронсу семинарҳо, маҳфилу мизҳои мудаввар падидаҳои мувофиқанд, ки аз баҳсу талошҳо ва пешниҳоди иштирокчиёни чунин чорабиниҳои амалӣ тавсияю гузоришҳо, дастурҳои навин ва дигар натиҷагириҳои самаранок рӯи кор меоянд ва ба татбиқи сифати ислоҳоти соҳаи маориф мусоидат мекунанд.

 

И. ДАВЛАТШОЕВ,

докторанти Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш