Нашрияи Омӯзгор

Хазандае, ки манфиат ҳам дорад

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 136        Шарҳ: 0

 

Тадқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки дар тамоми олам қариб 2200 намуди мор дида мешавад, аз ҷумла, 270 намуди онҳо морҳои заҳрнок мебошанд.

Морҳо дар чунин мавзеъҳои ҷаҳон бештаранд:

Тундра ва биёбонҳои Африка, баландкӯҳҳои Ҳиндукуш, Тибет, Кунлун.

Морҳо дар ҷазираҳои Азор, ҷазираи Гренландия, ҷазираҳои Крит, Малага ва Уқёнусия вомехӯранд.

Дар собиқ давлатҳои Шӯравӣ 58 намуди мор мавҷуд буд, ки 7 оила ва 24 авлод-ро дар бар мегирифт. Яъне, аз соҳилҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ сар карда, то ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқозу Қрим, аз ҷумҳуриҳои назди Балтика то Шарқи Дур морҳо паҳн шудаанд.

Дар Тоҷикистон 44 намуди хазандагон ба қайд гирифта шудааст, ки 15  навъи онро морҳо ташкил медиҳанд.

Боиси қайд аст, ки мори заҳрдори даштӣ – Urpenci  дар атрофи шаҳри Хуҷанд ва дигар қисми соҳилҳои Сирдарё зист менамуд. Ин намуди мор солҳои 1870 васеъ паҳн шуда буд. Таъсири инсон боиси сол ба сол кам шудани ин навъи морҳо гардида, оқибат дар шимоли Тоҷикистон  аз байн рафтанд.  

Морҳо ба синфи муҳрадорон дохил мешаванд. Онҳо сохти ғайриодӣ дошта, бесадо хазида, ҳаракат менамоянд.

Заҳри мор барои табобати инсон аҳамияти беҳамто дорад.

Дар Юнони қадим ва бисёр давлатҳои дигар тасвири расми мор рамзи хирадмандӣ, пурқувватӣ ва нишонаи табибиро ифода менамояд.

Нишонаи тиб – ҷоми Гипократ, ки море печида ба даруни он заҳр мечаконад, маънии рамзӣ дорад.

Дар асрҳои II-I то милод аҳамияти муолиҷавӣ доштани гӯшту пӯсту талхаву заҳри морҳоро қайд кардаанд.

Олими бузурги Шарқ Абӯалӣ Ибни Сино ҳам морҳоро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун васеъ истифода бурдааст.

Аз нимаи асри XX омӯзиши морҳо диққати олимони гуногункасбро ба худ ҷалб кардааст.

Истифодаи васеи заҳри морҳои чи дар тиб (барои бемориҳои гуногун) ва чи дар биохимия (барои тайёр кардани ферментҳои махсус) маҳз аз ҳамин давр оғоз гашт.

Сол ба сол талабот ба заҳри мол афзуда, дар саноати дорусозӣ  он васеъ истифода бурда мешавад.

Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон боғҳои морпарварӣ таъсис дода шудааст. Ин ба муҳофизати морҳои заҳрнок кумаки калон мерасонад.

Морҳои кубро, гурза, афъӣ ва ғайра хеле камшумор шудаанд, инчунин, калтакалосҳо ба «Китоби Сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд. Муҳофизати ин хазандаҳо вазифаи мост.

Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 12.04.1968с., №182-р «Доштан ва куштани морҳои заҳрдор»-ро манъ кардааст.

Вақти он расидааст, ки дар бораи навъҳои гуногуни морҳои ҷумҳурӣ ҳамаҷониба ғамхорӣ намоем. Мо бояд дар мактаб, муассисаву ташкилотҳо байни калонсолону сайёҳон, тавассути ВАО дар бораи аҳамияти морҳо ва ҳифзи онҳо фаъолона тарғибот барем.

Мор одамро якбора ба ҳалокат намерасонад. Барои пешгирӣ аз газидани мор чунин амалиётро ба анҷом расонидан лозим аст: бар зидди заҳри мор, ки одамро мегазад, зардоби махсус дар нуқтаҳои тиббӣ истифода бурда мешавад. Ё чунин шароит набошад, бо ягон тезина ҷои газидаро теғ зада – шахси дуюм бо даҳон заҳрро кашида, ба замин якчанд маротиба туф мекунад. Пас аз ин амалиёт, ҷои газидаи морро бо маҳлули манганати калий ё намакоб шустан лозим. Баъд ба моргазида ҷойи талх ё қаҳва нӯшонда, баданашро гарм нигоҳ медоранд. Ҷабрдидаро фавран ба беморхона бурдан лозим аст.

Дар хусуси хазандагони Тоҷикистон олимони рус С.И. Чернов, О.П. Богданов, олими тоҷик С.А. Саидалиев ва дигарон таҳқиқот анҷом дода, асару мақолаҳо таълиф кардаанд.

Дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 58 намуди морҳо мавҷуд буд, ки 50 фоизи морҳо дар Осиёи Марказӣ мезистанд. Аз ҷумла, дар Туркманистон – 28 намуд, дар Қазоқистону Ӯзбекистон – 18 намуд, дар Тоҷикистон – 15 намуд ва дар Қирғизистон – 12 намуди морҳо зиндагӣ мекунанд.

Бо азхудшавии заминҳои бекорхобида дар ҷумҳурӣ ин намуди морҳо сол ба сол кам шуда истодаанд.

 

Аҳрорхоҷа Камолов,

омӯзгори биологияи мактаби №3, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш