Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзгор» боз «Нашрияи соҳавии сол» эътироф шуд

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

 

11 марти соли равон  бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва дигарон ширкат варзиданд

Таъкид гардид, ки нақши рӯзноманигорон дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа барҷаста мебошад. Барои фаъолияти пурсамари воситаҳои ахбори омма дар мамлакат заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, санадҳои меъёриву ҳуқуқии дигари соҳавӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» фаъолияти пурсамари матбуоти миллиро ба танзим медароранд.

Ҳамин аст, ки дар замони  соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби Академияи ВАО-и ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон беҳтарин расонаҳои хабарӣ муайян карда мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол боз «Нашрияи сол» (2019) ва «Нашрияи соҳавии сол» (2018, 2020)  эътироф мегардад.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сол то сол мазмуну муҳтавои «Омӯзгор» такмил меёбад ва нашрия дар баррасии мавзӯъҳои муҳими соҳаи маориф ва илм ва ҷумҳурӣ пайваста нақши муассир мегузорад. Дастоварди мазкурро ба кулли омӯзгорону хонандагон ва аҳли қалами нашрия шодбош мегӯем. Ҳамчунин, дар ҷамъомади тантанавӣ «радиои сол», «телевизиони сол», «маҷаллаи сол» ва «агентии сол» эълон гардиданд

Инчунин, дар ҳамоиш барандагони нави Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  муаррифӣ шуданд. Ба гирифтани ҷоизаи мазкур дар соҳаи матбуот сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсон Сафарзода, дар бахши телевизион директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» Вера Исмоилова ва дар бахши радио  сармуҳаррири радиои «Овози тоҷик» Фазилат  Иброҳимова сазовор гардиданд.

Аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ як гурӯҳ рӯзноманигорон бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадршиносӣ  шуданд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш