Нашрияи Омӯзгор

Саразм – муаррифи оғози тамаддун

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 116        Шарҳ: 0

 

(Давомаш. Аввалаш дар

шумораҳои гузашта)

Баъд аз чанд рӯз мо онро пурра кушодем, дохили девор ба 150 метри мураббаъ баробар буда, … масоҳати он 45 метр буда, 60-75 см баландӣ дорад».

Тавре дар маълумотномаи А.Исҳоқов омадааст, ҳафриётгарон дар ҳудуди он девори сангӣ ба дарёфт ва кушодани 5 қабр даст ёфтаанд, ки аз онҳо дар дутоаш ҷасадҳо яктоӣ, дар дутои дигар–дукасӣ ва дар қабри 5–ум ҷасади се нафарро гузошта будаанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки аз тарзи дар қабр гузошта шудани ҷасадҳо ва лавозимоти аз гирду атрофи дафншудагон ёфтшуда муҳаққиқони бостоншинос ба хулосаҳои мушаххасу илмӣ омадаанд, ки тавассути он хулосаҳо хонанда ба расму оинҳои дар байни гузаштагони қадимиамон мавҷуда шиносоӣ пайдо хоҳад кард. Чунончи, дар саҳ. 70–72–и ҳамон монографияи А.Исҳоқов маълумотҳои зерин шоистаи таваҷҷуҳанд:

1. Дар қабри якум дар чуқурии 1,20 см устухонҳои марди тахминан 30–35–сола ёфт шудааст, ки онҳо дар як ҷой ғун карда шуда, дасту пойҳояш дар болои шикамаш гузошта шуда будаанду чизе дар назди ҷасад набудааст.

2. Дар қабри дуюм, ки як метр дуртар аз қабри якум ёфт шуда будааст, ҷасади дар он маҳфузбуда ба ҷасади кӯдаки 6–7–сола иртибот дошта, он (ҷасад)дар қабр монанди дар батни модар хобида гузошта шуда будаасту дар гарданаш 331 марҷони лоҷувардӣ ва 27  марҷони нуқрагӣ доштааст.

3. Дар ду қабри дигар (қабрҳои 3 ва 4), ки дутогӣ ҷасадҳо дафн шуда будаанд, мувофиқи тадқиқоти антропологӣ (ҷасадшиносӣ) дақиқ гардидааст, ки дар қабри 3-юм зане ҳамроҳи марде «бо пойҳову дастҳои дар оринҷу зону қаткардашуда, дар ҳолати батнӣ» хобидаанд. «Дастҳои онҳо аз оринҷ дуқат шуда то ба манаҳашон, пойҳояшон то ба думғоза» мерасиданд. Дар ин қабр ҳамагӣ се зарф: сафолӣ, мармарӣ ва нуқрагӣ мавҷуд будаасту халос.

Ҳамин тавр, зимни ашёи аз қабрҳо дарёфтшуда бостоншиносони Саразм ба хулоса омадаанд, ки дар асрҳои сангу биринҷӣ одамонро бо тамоми боигариашон ба хок месупоридаанд. «Инро,–менависад А.Исҳоқов,–дар мисоли қабристонҳои деҳшаҳрҳои ҳамзамони Саразм–Хуросони Шимолӣ, Эрон ва Афғонистон дидаем».

Мувофиқи шарҳи А.Исҳо-қов, бостоншиносон маълумоти бештарро аз қабри 5-ум, ки дар он се ҷасад гузошта шуда будааст, ба даст овардаанд. Дар ин бора бостоншинос А.Исҳоқов нуктаҳои зеринро рӯйи қоғаз овардааст, ки дар воқеъ, ҷолиби таваҷҷуҳанд: «Бояд қайд кунем, ки то оғози кофтуков мо рӯйи ин қабр харсангеро дидем, ки зиёда аз як тонна вазн дошта, нимаш дар зери хок буд. Мо мувофиқи қоидаи ҳафриёт харсангро аз ҷояш наҷубонида, атрофи онро оҳиста кофтан гирифтем. Танҳо дар чуқурии 2,80 см ба мо муяссар шуд, ки косахонаҳои сар ва устухонҳои ҷасади одамонро дарёфт кунем… Дар рафти ҳафриёт равшан гардид, ки қабри номбурда доирашакл буда, майдони он ба 7 метри мураббаъ баробар ва барои дафни якчанд нафар пешбинӣ шудааст… Анҷоми кор равшан намуд, ки тарзи гӯронидани ҷасадҳо ғайриодӣ буданд: пойҳо аз зону ва дастҳо аз оринҷ ба тарафи шикаму сар ба шакли секунҷа қат карда шудаанд». Аз ин рӯ, муҳаққиқ А.Исҳоқов зимни муоинаи тарзи дар гӯр гузошта шудани ҷасадҳо ба хулосаи дақиқ омадааст, ки «Дар асрҳои сангу биринҷӣ, яъне 7-4 ҳазор сол муқаддам, дар қитъаҳои Осиёву Аврупо ва ҳатто дар баъзе ҷойҳои дигар фавтидагонро дар шакле ба хок месупоридаанд, ки инсон дар батни модар инкишоф меёфт».

Инчунин, барои муайян намудани шахсияти ҳамон се ҷасади дар қабри 5-ум мадфунбуда, мувофиқи маълумоти дар мақолаи «Тайна захоронения богиня» аз Самарқанд мудири лабораторияи антропологии Институти археологии АИ Ӯзбекистон Т.К. Хоҷаев таъҷилан даъват шуда будааст, ки дар ин бобат хулосаи ин ҷасадшинос чунин аст: «Устухонҳои ҳар се ҷасад ба одамони синну сол ва ҷинсашон гуногун мансубанд. Скелети якум ҷасади зани 19-20-сола буд, ки якто кӯдак таваллуд кардааст. Скелети дуюм ҷасади марди синну солаш 20-21-сола ва скелети сеюм ҷасади духтарчаи 13-14-сола мебошанд. Тахмин зан ва мард аъзои як оила бошанд, вале духтарча фарзанди онҳо буда наметавонад, зеро тафовути соли зан (19-20-сола) ва духтарча (13-14-сола) имконият намедиҳад, ки онҳо модару духтар бошанд».

Дар маҷмӯъ, профессор А.Исҳоқов аз тарзи ба хок супорида шудани он ҳама ҷасадҳо дар чаҳор қабри аввал ва ин се ҷасади дар қабри 5-ум дарёфтшуда ба хулоса омадааст, ки «ин тарзи дафнкунӣ ба оини ҷомеаи ибтидоӣ хос» будааст.

(Давом дорад)

 

Саидбой  Шербоев,

узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори ДДЗТ ба номи С.Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш