Нашрияи Омӯзгор

6 хабар

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 134        Шарҳ: 0

 

Китоби олими тоҷик дар

Аврупо ба нашр расид

Дар остонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму зиёи мамлакат ва ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз китоби нави шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон (Мирзоҳасан Султонов) — «Забони давлати Сомониён» тавассути нашрияи бонуфузи академии «Palmarium academic publishing» (Германия) ба нашр расид.

Дар муқаддимаи китоб таъкид шудааст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ нақши давраи Сомониёнро дар таъмини ҳастии миллат ва забону фарҳанги мо сарнавиштсоз арзёбӣ кардаанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, «маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ чун дурри гаронбаҳо то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд. Аз ин рӯ, метавон бо итминони комил гуфт, ки Сомониён илму фарҳанг, забон ва китобу назми тоҷикиро мақоми хосса бахшиданд ва ин омилҳо боиси ҳастии миллат ва пойдории он гардиданд».

Китоб аз бахшҳои «Забони тоҷикӣ (форсӣ) то замони давлатдории Сомониён», «Сомониён ва авҷи боландагии забони тоҷикӣ (форсӣ)», «Намунаҳои барҷастаи забони назму насри аҳди сомонӣ», «Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён», «Ҳаким Фирдавсӣ ва шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ», «Абӯалии Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ – устодони бузурги забони илм» иборат аст.

 

Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ

14 марти соли равон дар шаҳри Душанбе бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар дав ва веломарофони имсола зиёда аз 5 ҳазор нафар  намояндагони  тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок карданд.

Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда,  доир ба ҳадафи чорабинӣ ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди варзиш ва солимгардонии ҷомеа суханронӣ намуд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи олимпӣ тақдим карда шуд.

 

Намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон

Саразми бостонӣ бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хоссаро соҳиб гаштааст. Аз ин рӯ, ҳамасола мавриди назару ковишҳои бостоншиносон ва сайёҳон қарор мегирад. Саразм то имрӯз муаммоҳои зиёде дорад, ки тамоми асрори нуҳуфтаи миллати тоҷикро мо аз он ҷо  ҷустуҷӯ менамоем. Зеро Саразм хазинаи тиллоии миллати тоҷик мебошад. Ин нуктаро ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурииии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад 13 март зимни суҳбати мизи мудаввар, ки  таҳти  унвони «Саразм-намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Дар ҳамоиши мазкур донишмандон аз Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои илмии ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни нодиртарин ёдгории аҳди энеолит ва биринҷии Тоҷикистон- Саразми бостонӣ маърӯзаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки Саразм ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои аси биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи 4 ва ибтидои ҳазорсолаи 3 то мелод мансуб аст. Маҳз аз ҳамин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон оғоз мегирад. Аҳаммияти шаҳри Саразми бостониро ба инобат гирифта, ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри оли 2000 шаҳри Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон-чун  Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид.

Боиси  ифтихори миллати мост, ки шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун нахустин ёдгорӣ аз мероси таърихии тоҷикон 21 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуд.

 

Китоби мусаввараҳои

мамлакат бо се забон

 Бахшида ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  китоби мусаввараҳо зери унвони «Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  нашр гардид.

Китоби мазкур бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ, ки аз 320 саҳифа иборат аст, бо теъдоди  1000  нусха рӯи чоп омад. Ба гуфтаи масъулин, ҳадаф аз нашри китоб рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармояи хориҷӣ баҳри густариши соҳа дар мамлакат мебошад.

Китоб  муаррифи манзараҳои нотакрор ва  муъҷизаосои Тоҷикистон  буда, ёдгориҳои меъмории ниёгон, кӯҳу дараҳои зебоманзар, маҳсули ҳунари косибону ҳунармандони халқӣ, дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишии ҷумҳуриро дар бар мегирад. Албом аз тасвирҳои муъҷаз ва матнҳои ҷолиби тасвирӣ иборат буда,  барои меҳмонони мамлакат, дӯстдорони сайру саёҳат, мухлисони анъанаҳои қадимии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол армуғони  арзанда ба ҳисоб меравад. Дар китоб расму тасвирҳои аксбардорони шинохтаи ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд, ки доираи васеи хонандагонро бо манзараҳои нотакрори мамлакат шинос месозанд.

 

Озмун ҷамъбаст гардид

13 марти соли равон дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — нишонаи рушди ҷомеаи нав», ки ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, баргузор гардид.

Дар маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳои хориҷӣ ва ВАО ширкат варзиданд.

Озмунро нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» 1 марти соли гузашта эълон карда буд. Қабули мавод ба озмун 1 марти соли 2020 ба анҷом расида, дар номгӯи мақолаҳо дар бораи деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт. Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, устодони донишгоҳҳо, кормандони мақомоти давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ширкат варзиданд.

Ҳайати ҳакамон дар се номгӯй 9 ғолибро интихоб кард. Ғолибон бо дипломҳо, туҳфаҳо аз сарпарастон ва туҳфаҳои молиявӣ аз «Народная газета» қадрдонӣ шуданд.

 

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –

Ватани азизи ман» моҳи май оғоз мешавад

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои Амри Сарвари давлат тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» миёни гурӯҳҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг ва композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон дар соли 2020 ба тасвиб расид. Тибқи ҷадвали баргузорӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз чор давр иборат мебошад.

Даври аввали озмуни мазкур аз моҳи май то июн дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, 13 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва моҳи июн дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

Довталабон дар даври аввали озмун аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян мегарданд. Ғолибон баъди баргузор шудани озмуни ноҳиявию шаҳрӣ ба даври дуюм пешбарӣ карда мешаванд.

Макони баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. Ҳамчунин, масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба уҳдаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ (ноҳия, шаҳр, вилоят) мебошад. Ҷараёни баргузории тамоми даврҳои озмун тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос ва пахш карда мешавад.

Ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.  Пайдарпайии баромади иштирокчиён тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, он аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

—  номинатсияи композиторӣ (оҳангсозӣ);

—  номинатсияи сарояндагӣ;

—  номинатсияи навозандагӣ.

Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ  мебошад.

Ҳадафи асосии озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳо мебошад.

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш