Нашрияи Омӯзгор

Манбаъҳои иди Наврӯз

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Мо оид ба Наврӯз ҳам сарчашмаи моддӣ ва ҳам сарчашмаҳои маънавӣ дорем. Тахти Ҷамшедро, ки имрӯз ба харобазор табдил ёфтааст, на фақат Наврӯзгоҳи бузурги аҳди Ҳахоманишиён шуморидан мумкин аст, балки онро бо ду далели муътамад ҳамчун сарчашмаи моддӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад мебуд.

Далели аввал аз он иборат аст, ки мувофиқи тадқиқоте, ки И.Лентс таҳти унвони «Нақши Тахти Ҷамшед аз назари гоҳшуморӣ» анҷом дода, собит намудаааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии сохтмони қасри Тахти Ҷамшед таъсиси Наврӯзгоҳе буд, ки аз ҷиҳати нуҷумӣ ба солшумории ниёгони мо мувофиқат кунад. И.Лентс дар ин бора менависад: «Ахтаршиносон дар бинои Тахти Ҷамшед ҳисоб карда буданд, ки агар нури Хуршед ҳангоми ғуруб ба ҷои муайяне аз сохтмонҳои ғарбӣ бирасад, бомдоди рӯзи баъд партавҳои нахустини равшаноии рӯз ба ҷои пешбинишуда дар толори садсутун хоҳад афтод. Дар ин ҳангом Шоҳро ба толори садсутун мебурданд ва дар сарсероҳаи ин сохтмон дар интизори бархӯрди нахустин партави рӯшноӣ бар чеҳраи Шоҳ меистоданд, ки намоди расидани партави Офтоб ба тоҷу тахти заррини Ҷамшед буд». 

Бостоншиноси олмонӣ Ҳертсфелд дар кафи замин, миёни чиҳилсутуни кохи Шӯро ё седарвоза (толори Тахти Ҷамшед) санги мураббае ёфта, ки онро «Санги андозагирӣ» ном ниҳоданд. Оқои Яҳё Зако дар ҷустуҷӯи кашфи розу рамзи ин «Санги андозагирӣ» ба баррасии он пардохта ва ба чунин натиҷа расида, ки ин санги мураббаъ як соати офтобист, ки рӯзи аввал (=Наврӯз)-ро ба ҳангоми тулӯи Хуршед нишон медиҳад. Санги мазкур андаке уреб бар замин ба кор гузошта шудааст ва мавқеияти кулли саффаи Тахти Ҷамшедро нисбати Кӯҳи раҳмату тулӯи Хуршедро нишон медодааст. Яъне бо оғози Наврӯз - аввалин рӯзи фарвардин аз ситеғи кӯҳи ёдшуда офтоб ба ин «Соати андозагирӣ» меафтода ва он оғози Наврӯз маҳсуб мешудааст.

Сангнигорае, ки дар даромадгоҳ ба қасри Тахти Ҷамшед гурӯҳи меҳмонони аз сатрапҳои гуногун бо ҳадоё омадаанд ва мунтазири пазироии Шоҳ дар рӯзи Наврӯз мебошанд, манбаи дигари моддии Наврӯз ба шумор меравад, ки он моҳиятан на фақат баргузории Наврӯз дар аввали фарвардинро ифода мекунад, балки расму русум ва тарзи баргузории суннати наврӯзӣ байни шоҳони ҳахоманишӣ ва намояндагони олирутбаи сатрапҳои онро нишон медиҳад. Ин сангнигора, ки дар масири роҳи ворид шудан ба қасри Тахти Ҷамшед ҳак шудааст, ҳоло низ побарҷост ва тавсифи ин сангнигора дар аксари китобҳои таърихию эстетикӣ бо тамоми ҷузъиёташ омадаанд.   

Аз ҷумлаи манбаъҳои хаттӣ осори зиёдеро номбар намудан мумкин аст, ки ба Наврӯз бавосита ва бевосита ишора кардаанд ва ё махсус ба тавсифи Наврӯз асар бахшидаанд. Масалан, дар Авесто, хусусан дар бахши «Готҳо»-и он гуфта шуда, ки «Эй Маздо Аҳуро, инак, ин манам, ки аз рӯи некандешӣ ва неккирдорӣ дар роҳи онам, то хонаву хонавода, рустову кишварро ба сомон расонам, маро роҳ намо то чи гуна рафтор кунам ва чи сон васила созам». Ба ин савол худи Зардушт дар ҷои дигар чунин посух дода: «Мехоҳам сухан бигӯям аз он чизе, ки аз он бартарину поктарин дарёфтам, аз он чизе, ки барои мардум беҳтарин омӯзишҳост. Аз Маздо Аҳуро дарёфтам, ки баргузидаи ӯ ҳастам ва ононе, ки аз ман пайравӣ мекунанд, роҳи неки маздоиро баргузидаанд, роҳе ки дар одамӣ кунишу маниши нек бармеангезад ва ба ҷовидониву расоӣ мерасонад».

Магар ин ду иқтибос, ки дар онҳо ростӣ, манишу покукуниши нек, ба сомон расондани хонаву хонавода ва ба ҷовидонӣ расондани инсон тараннум ёфтаанд, бӯи ғояҳои наврӯзӣ ва маносики Наврӯз ба машом намерасад? Дар яке аз «ҳот»-и дигар Зардушт мегӯяд: «…Оине, ки ман овардам ба ростӣ яксон аст, пайравонро фараҳу осоиш ва росткорӣ мебахшад. Пас ононе, ки гузиниши ин роҳ кунанд, аз ҳамаи он бахшишҳои миновӣ баҳраманд хоҳанд шуд». Ҳамчунин, дар «Готҳо» менависад: «Ин амин аст, ки саросари турост ва онро супурдаи Спента Армаитӣ кардаӣ. Ба рӯи ин замин кишоварз кӯшост ва ӯст, ки сутуронро мепарварад ва инонанд, ки аз пуштибонии Спента Армаитӣ баҳраманд мешаванд».  Дар ин ду иқтибос низ ростиву росткорӣ ва иртиботи он бо олами миноӣ, табиатро ром кардани кишоварз ва ҳаёти муқиминиширо пешниҳод намудани Зардушт бо усулҳои аслии Наврӯз ҳамхонию ҳамгунӣ дорад. Спента Армаитӣ дар ин ҷо ба маънои таҳтуллафзӣ «хиради комил» аст, вале дар ин матн ба маънои меҳр, ишқи пок, порсоӣ омада ва муҳаррики хубию некӣ дар олами гетӣ ва муваккилу муҳофизи онҳо дар олами миноӣ талаққӣ шудааст.

Дар «ҳот»-ҳои гуногуни Ясно Зардушт гоҳ обҳои нек ва ҳамаи гиёҳҳои маздоофарида, гоҳ фраваҳарҳои неку тавонои пок ва гоҳ шухм задани замин ва гоҳо низ фурӯғи осмонии аҳуроӣ бар ин сарзаминро сутудааст, бидуни тардид, ба ин ё он восита иртиботе бо Наврӯз дорад. Чунин ҳодисаро дар «Яштҳо» низ дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар «Ҳафтаняшт» номи моҳҳо ва Амшоспандон оварда шудааст, ки бешубҳа, ба солшуморӣ ва «саноати танҷим» ишора мекунанд. Дар «Обоняшт» Аредвисура Анаҳито ҳамчун муваккили обҳои равон мавриди ситоиш қарор гирифтааст, дар «Зомиёдяшт» шаҳриёрии ҳафт кишвар будани Ҷамшед ва ғалаба кардани ӯ бар девону париён ироа шудааст, дар «Хуршедяшт» бошад, Хуршеди ҷовидонаи рӯйӯманди тезасп ҳамчун фалаки оташӣ дар олами миноӣ сутуда шудааст, ки бо тулӯи он замини аҳуроофарида, обҳои равону чашмасорон пок ва торикиву зулмат нест хоҳад шуд.

Дар «Динкард» (китоби сеюм, фасли 4,9, банди 5) ва «Вандидод» (ҷилди аввал). Муқаддима. Фаргардҳои 1-4. Тарҷима аз матни авестоӣ) ишора ба Наврӯз ба таври бадеҳӣ маълум аст. Масалан, дар «Вандидод» дар ҳудуди 10 саҳифа маълумот роҷеъ ба Ҷамшед ироа шудааст. Дар он дар бораи муколамаи Аҳуромаздо бо Ҷамшед дар мавзӯи пешниҳоди Аҳуро Маздо роҷеъ ба пазируфтани пайғамбарӣ тавассути Ҷамшед ва радди пешниҳоди мазкур аз тарафи Ҷамшед, ҳамчунин, посухи ӯ ба ин пешниҳод чунин тасвир шудааст: «Ман барои дин наофарида шудаам ва на омӯхта ва ёдсупоранда ва баранда (интишордиҳанда)-и онам. Он гоҳ ман (Аҳуро Маздо - Ҳ.М.) ба ӯ гуфтам: «Эй Ҷам, агар нестӣ омада ва ёддоранда ва барандаи дини ман, пас ҷаҳони маро биболон (шукуфо гардон), онро фарох кун, пас бош ҷаҳони маро парваранда ва нигаҳбону сардор». Он гоҳ ба ман чунин посух дод Ҷами зебо: «Ман ҷаҳони туро биболонам, ман ҷаҳони туро фарох кунам, ман бошам ҷаҳони туро парваранда, нигаҳбон ва сарвар. На андар шаҳриёрии ман бувад сардбод, на нармбод, на дарду на марг».      

Аз ин муколамаи Аҳуро Маздо бо Ҷамшед маълум мегардад, ки воқеан, Ҷам як шахси таърихӣ ва як шаҳриёрест, ки дар фаъолияти ӯ андешаи миллӣ ҷудо аз боварҳои динист ва ӯ таъкид карда, ки «ман аз уҳдаи корҳои осмонӣ барнамеоям, барои ман корҳои заминӣ басандаанд».  Ин посухи Ҷамшеди хубрама ва фаъолияти шаҳриёрии ӯ, бидуни тардид моро ба ёди Наврӯз меандозад, чун ӯ, аввалан, муассиси устуравии Наврӯз аст, сониян, суханони вай орӣ аз аҳкоми динӣ ва машғул бо табиат ва ҷомеа будани ӯро таъйид мекунад.

Бояд қайд кард, ки дар дигар адабиёти зардуштӣ ба мисли «Динкард», «Виспарад» ва «Бундаҳиш» («Офариниши оғозин») низ чунин оҳангҳо дар матни онҳо мавҷуданд, ки бевосита ё бавосита ба Наврӯзи оламафрӯз мутааллиқанд, зеро дар онҳо роҷеъ ба «фарри каёнӣ», «муборизаи нуру зулмат, ром кардани ҳайвонот, пок нигоҳ доштани оташ, парастиши раббуннавъҳо, нӯшокии мусаккари «ҳаома» ва дигар масоили ахлоқӣ, ҳамчунин, корномаҳои Ҳушангу Таҳмурас, Ҷамшеду Фаридун, Кайхусрав ва ғайра сухан рафтааст. Дар «Андарзнома»-ҳои сершуморе, ки дар аҳди қадим таълиф шудаанд, бо чунин ҳодисаҳо бархӯрд намудан мумкин аст.

Аз чаҳор адабиёти зардуштӣ, ки дар боло номбар шуд, «Бундаҳиш» дар робита ба Наврӯз мавқеи махсус дорад ва метавон гуфт, ки он яке аз манбаъҳои муътамади ин иди ҳуҷастапай мебошад. Масъалаи аввали дар он матраҳгардида, дар давоми як сол офарида шудани Оламу Одам тавассути Аҳуро Маздо мебошад, ки чунин амал дар дигар динҳои ваҳйонии тавҳидии баъдӣ дида намешавад (Ниг. Наврӯз ва фалсафаи офариниш). Наврӯз низ ҳар сол дар давоми ҳамин як сол таҷлил мегардад ва асли давомати Наврӯз аз аввали фарвардинмоҳ (бурҷи ҳамал) то охири исфандмоҳ (бурҷи ҳут) ба ҳамин низоми офариниш бевосита вобаста аст.

Ҳамчунин, дар «Бундаҳиш» роҷеъ ба «зичи каёнӣ»-и аҳди қадим иттилое дода шуда, дар он баробари нишон додани «абохтарон» («бурҷҳо») қайд гардида, ки «…ҳар соле [дар] ду замон рӯзу шаб баробаранд, зеро ба оғози набард ҳангоме ки Хуршед аз нахустин хурдаи (бурҷи) барра фароз рафт, рӯзу шаб баробар буданд, [ки] ҳангоми баҳор аст; сипас, чун ба [нахустин] хурдаи харчанг расид, рӯзҳо баландтарин [шуданд, ки] оғози тобистон аст; чун ба аввалин хурдаи тарозу расид, рӯзу шаб баробар [шуданд, ки] оғози поиз (тирамоҳ) аст; чун ба [нахустин] хурдаи буз расид, шабҳо баландтарин [шуданд], ки оғози зимистон аст; дубора чун ба баррасад расад шабу рӯз боз баробар шаванд. Чунки аз барра фароз гардад то боз ба барра расад, ба 360 рӯзан аст ва он панҷ рӯзи гоҳонӣ (панҷаи дуздида) ба ҳамон рузан [ҳо] биёяд».

Ин иқтибос ба ду масъалаи хело муҳим - ду таодули сол, ки яке аввали фарвардин ҳангоми ба бурҷи ҳамал (дар «зичи каёнӣ» ба бурҷи барра) расидани Офтоби оламтоб ба вуқӯъ мепайвандад ва он рӯз бо номи Наврӯз (дар «Бундаҳиш» аз Наврӯз ва дигар идҳои суннатии сол ном бурда нашудааст) ҷашн гирифта мешавад ва ҳангоми ба бурҷи кайвон (дар «зичи каёнӣ» тарозу) расидани Офтоб эътидоли тирамоҳӣ сурат мегирад, ки ниёгони мо ҳамчун Меҳргон он идро ҷашн мегирифтанд. Ҳамчунин дар иқтибоси боло ба инқилоби тобистонӣ ва инқилоби зимистонӣ ишора шудааст, ки агар онро ба забони имрӯза баён кунем, баъд аз эътидоли баҳорӣ Офтоб ҳар рӯз баландтар ва рӯз дарозтар мешавад ва дар аввали тобистон (22 июн) Офтоб ба самти шимол ба ҳадди аксари фосила аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ бо кунҷи 230 27// мерасад, ки он баробар ба андозаи инҳирофи замин дар аснои ҳаракати меҳварии худ мебошад ва бо номи «инқилоби тобистонӣ» машҳур аст. Айни чунин ҳодиса баъд аз эътидоли тирамоҳӣ рух медиҳад бо ин тафовут, ки Офтоб бо чунин мушаххасот ба тарафи ҷануб ҳаракат мекунад, ки дар натиҷа рӯзҳо кӯтоҳ ва шабҳо дароз мешаванд ва дар 21 декабр инқилоби зимистонӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Ин ду инқилобро дар гузашта бо номи тиргон ва дайгон ҷашн мегирифтанд.

М.Ҳазратқулов,

доктори илми фалсафа,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш