Нашрияи Омӯзгор

Боз ба Наврӯз расидем!

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 137        Шарҳ: 0

 

Наврӯз иди мардумӣ, иди кишоварзон аст. Тоҷикон яке аз қадимтарин мардумони алоқаманд бо соҳаи кишоварзӣ мебошанд.

Барои босамар бо ин кор машғул шудан аҷдоди мо ивазшавии фаслҳои сол ва махсусан, фарорасии мавсими киштукорро бояд дақиқ медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо гардиши офтоб ва ситораҳоро мушоҳида карда, оқибат фарорасии ин фаслро, ки оғози соли нав буд ва ба  дақиқаҳои аввали моҳи фарвардин рост меояд, муайян карданд. Барои ҳосили дилхоҳ ба даст овардан донистани рӯзу соати оғози кишту кор фавқулода муҳим буд. Дар ибтидои Наврӯз онро танҳо кишоварзон ҷашн мегирифтанд. Аммо минбаъд  Наврӯзро дигар табақаҳои аҳолӣ низ ҳамроҳи онҳо  ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Бо мурури замон ин ҷашни кишоварзон ҳусусияти умумимардумӣ  гирифт ва ба муҳимтарин ҷашни ориён табдил ёфт. Шоҳон низ аз ин падидаи фарҳангии мардумӣ баҳравар шуда, барои боз ҳам баландтар бардоштани мақому мартабаи иҷтимоии он ва ба ин васила тақвият бахшидан ба ягонагии миллӣ онро ҷашни расмӣ эълон карданд.

Дар бораи Наврӯзи Аҷам, таърихи пайдоиши он ва тарзу усули ҷашнгирии ин иди аҷдодӣ қиссаю ривоят ва асноду навиштаҷот хеле зиёданд ва дар ин боб омӯзиши олимону муаррихон  ва муҳаққиқон идома дорад. Оғози Наврӯзро ба воқеаи тахтнишинии Ҷамшед мансуб медонанд. Шоирону нависандагон дар ашъори хеш ин фархундаҷашнро бештар васф намудаанд. 

Наврӯз суннату русум аст, фарҳанг аст ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмист. Наврӯз эътиқод ва эътимод асту тӯли таърих ба ягон идеология ё дин олуда нашудааст. Наврӯз тасаввуроти мардум нисбат ба табиат, ҷомеа ва кайҳон буда, аз нигоҳи ҳадаф, муҳтаво, мақсаду маром ҷаҳонбинии яклухтест нисбат ба табиату ҷомеа, ки дар анъанаву маросимҳои наврӯзӣ ҷой дода шудаанд. Новобаста аз он ки Наврӯз падидаи воқеии кайҳонист, барои инсонҳо ба рамзи бозгашт ба фасли орзую ормонҳо ва умед ба зиндагии беҳтар табдил меёбад.

Фарҳанги  суннатии тоҷикон, ки хеле қадим ва неруманд аст, ба бисёр халқҳои дигар таъсири аниқ расонидааст. Аз ин рӯ, бисёр халқҳои ғайриэронӣ, аз қабили ӯзбекҳо, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, арабҳо, арманҳо, гурҷиҳо, озариҳо низ иди Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҷашни байналмилалии Наврӯз идомаи мубориза барои рушди фарҳанги миллӣ, ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ, пайвандгари дирӯз, имрӯз ва оянда, нишони бузурги ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб мешавад. Таҷлили шукӯҳманди ҷашни байналмилалии Наврӯз моро водор менамояд, ки барои ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон корҳои созадагию ободониро вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони кишвари маҳубамон бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Бигзор баҳори нав ба рӯзгори ҳар яки мову шумо файзу баракат ва зебоиву осудагӣ биёрад!

Маратҷон ҶАББОРОВ,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш