Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи салоҳиятҳои иртиботӣ дар дарсҳои адабиёт

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 192        Шарҳ: 0

 

(Дар мисоли эҷодиёти Ҳусайни Кангуртӣ)

Дар барномаи таълими адабиёти синфи 11 барои омӯзиши рӯзгор ва осори яке аз шоирони пурмаҳсули адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ 2 соат пешбинӣ шудааст. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар эҷоди шеър пайрави услуби Бедил мебошад.

Дар соати якуми дарс ба хонандагон оид ба ҳаёт, зиндагӣ ва муҳити зисти шоир маълумот дода мешавад.

Барои раҳоӣ ёфтан аз супоришҳои китоби дарсӣ, ки одатан якхелаанд, салоҳ дониста шуд, ки тибқи муносибати салоҳиятнок усули дигари омӯзиш ё баёни мавзӯи навро ба роҳ монем, то фаъолияти эҷодкорӣ ё робитаи таълим ба ҳаёт қавитар гардад.

Аз ин рӯ, дарси оянда тариқи гурӯҳбандӣ сурат гирифта, 5 даста ба ҳам оид ба панҷ масъалаи ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири рангинхаёл сабқат намуданд.

Одатан, чунин тарзи корбарӣ имкон медиҳад, ки арзёбӣ ва сифати таҳсилот ва савияи дониши хонандагон саҳеҳтар гардад. Барои самараноктар гузаштани машғулиятҳо ва кумак ба талабагон чанд маводи иловагӣ аз матбуоти даврӣ ва мақолаҳои методӣ тавсия шуд.

Дар дарси дигар дар такя ба салоҳияти иртиботӣ хонандаи дастаи аввал маълумоти зарурӣ ва диққатҷалбкунандае дод.  Аҷиб он аст, ки ному насаб, соли таваллуду вафоти шоир дар чор сарчашма чор хел зикр ёфтааст. Агар се сарчашма соли вафоти шоирро 1817 нишон диҳанд, дар тазкираи «Гулшани адаб», ҷилди 5, соли вафоти шоир 1822 зикр ёфтааст.

Чунончи, дар китоби «Асарҳои мунтахаб» (соли 1962, нашриёти давлатии Тоҷикистон, гирдоваранда Саидумар Султон) номи шоир Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусейни Хатлонӣ зикр ёфтааст.

Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарами Бухороӣ Мулло Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ, дар китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 11) Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, дар китоби «Раҳнамои фанни адабиёти тоҷик барои синфи 11-ум» Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, дар тазкираи «Гулшани адаб», ҷилди 5, Ҳоҷии Хатлонӣ.

Оид ба ҳунарҳои дигари Ҳоҷӣ Ҳусайн, аз қабили саҳҳофӣ, тарроҳӣ ва хаттотии ӯ маълумот дода, чанд намунаи хатҳои Ҳоҷиро тариқи нусхабардорӣ (ксерокопия) ба хонандагон нишон медиҳам.

Хонандагони дастаи сеюм оид ба равонию хушоҳанг будани шеърҳои шоир ҳарф зада, ба чанд ғазалҳояш оҳанг бастани санъаткорон, махсусан, овозхонҳои ансамбли «Шашмақом»-ро таъкид намуда, тариқи фиттаи магнитофон суруди Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Афзалшоҳи Шодӣ, ки бар ғазали Ҳоҷӣ оҳанг баста шудаасту матлааш ин аст:

Нахли боғи зиндагониро самар

гум кардаам,

Лаззати коми ҷавониро шакар

гум кардаам.

шунавонида шуд, ки хеле муассир буд.

Оид ба ашъори лирикии шоир хонандаи дастаи чорум бо истифода аз мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло «Лола мерӯяд бурун аз устухони ман ҳанӯз» (аз рӯзномаи Ҷумҳурият) чанд байту порчаи шеъриро аз осори Ҳоҷӣ Ҳусайн таҳлил намуда, ҳунари баланди шоирии ӯро таъкид намуд. Хонандаи дигар ба таври амалӣ 3-4 байтро аз достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ ба ҳиҷоҳо ҷудо карда, рукнҳои он – байтҳоро тақтеъ намуда, дар баҳри ҳазаҷ (рукни асосиаш мафоилун V - - - ) навишта шудани достонро ёдоварӣ кард.

Аз рӯи баромади ин хонанда ҳамсинфонаш доир ба вазни достони «Комде ва Мадан»-и Бедил, ки дар баҳри хафиф эҷод шудааст, маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Талабагони дастаи панҷум вазифадор шуда буданд, ки дар асоси тавсифи манзараҳои зебои диёри Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ибтидои достони «Комде ва Мадан», манзараҳои ба худашон дилписандро тасвир намоянд.

Супоришро аксари хонандагон иҷро намуданд. Аммо ҳангоми муҳокима ба кори ду хонандаи хушзавқ, ки яке мавзеи «Чилдухтарон»-и ноҳияи Муъминобод ва дигаре мавзеи Сари Хосорро моҳирона тасвир намудаанд, баҳои баланд дода шуд.

Баъди баёни мавзӯи нав, ки дар асоси салоҳияти иртиботӣ сурат гирифт, хонандагон дарсро бо дигар фанҳо дар алоқамандӣ гузаронида, оид ба баъзе мафҳумҳои ҷуғрофию таърихӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд. Хонандагон кӯшиданд, ки фикру андеша ва нуқтаи назари хешро аз рӯи меъёри забони адабӣ ва одоби муошират баён намоянд.

Ҳангоми супориши вазифа 2-3 байт аз осори Ҳоҷӣ Ҳусайн интихоб шуда, хонандагон вазифадор шуданд, дар баробари муайян намудани қофияу радиф истифодаи санъатҳои бадеӣ дар байтҳои овардашударо муайян намоянд.

           

Ҳ. СОДИҚОВ,

омӯзгори мактаби №24-и

ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш