Нашрияи Омӯзгор

Ситоишгари тавоно

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Ҳар забоне ниёз ба таҳқиқу омӯзиши ҳамешагӣ  дорад. Дар ин кор аҳли зиёи миллат, донишмандону пажӯҳишгарон, шоиру нависандагон фаъолона ширкат меварзанд.

Забони русӣ яке аз тавонотарин ва маъруфтарин забонҳои олам буда, ҳамчун забони расмии СММ (дар қатори шаш забони баргузидаи ин созмон) шинохта шудааст. Махсусиятҳо, қонуниятҳо, таркиби луғавӣ, сарфу наҳви ин забони муқтадир солҳову   асрҳост, ки аз тарафи муҳаққиқону забоншиносон омӯхтаву баррасӣ карда мешаванд. Бо ин ҳама, аҳли илм бар он назаранд, ки ҷаҳони забони русӣ боз ҳам омӯзиши амиқу ҳаматарафаро тақозо дорад. Дар вусъатёбиву густариши ин забон шоиру нависандагони рус низ нақши сазовор гузоштаанд. Адибони номвару маъруф Пушкину Лермонтов, Гоголу Тургенев, Толстой ва Достоевский… бо асарҳои барҷаставу  пурмуҳтавояшон ба рушди бесобиқаи забони русӣ мусоидат кардаанд. Осори ин адибони ҷаҳоншумул чун далели раднопазири тавоноиву ғановатмандии забони русӣ шинохтаву эътироф шудаанд. Дар такомули ин забони густаришёфта адиби маъруф Константин Георгиевич Паустовский низ бо осори мондагору пурҷозибааш хидмати беназир кардааст. Эҷодиёти ин нависандаи боистеъдод-ҳикояву қиссаву романҳояш ба забони русӣ ҷилои тозае бахшидаву маъруфияти онро афзудаанд. К.Г.Паустовский адибе буд, ки ба забони навиштаҳояш эътибори ҷиддӣ медод ва талош меварзид, ки суханаш саҳеҳу пуробурангу дилрас бошад. Ӯ мафтуну дилдодаи забони модариаш буд, мекӯшид, ки онро дар сатҳи баланд ситоиш намояд, тавоноияшро собит созад. Нависанда дар китоби машҳураш «Садбарги зарин» дар бораи бисёр адибони маъруфи рус сухан гуфта, пеш аз ҳама, бар он таваҷҷуҳ намудааст, ки онҳо чӣ муносибате ба забони русӣ доштанду барои рушди он чӣ хизмате кардаанд. Чандин қисмати китоби арзишманди «Садбарги зарин» ба мадҳу ситоиши бевоситаи забони русӣ бахшида шудааст. К.Паустовский дар як қисмати китоби мазкураш, ки «Забони алмосӣ» ном дорад, аз адиби номвар Гогол  пораи зеринро ба сифати эпиг-раф истифода намудааст: «Дурдонаҳои забони моро дида дар ҳайрат мемонӣ: ҳар садо гӯё туҳфаест, ҳама чун донаҳои пурмағз, донаҳои калони марвориданд ва ростӣ, баъзе номи ашё аз худи ашё қиматтар аст». Сипас, худи нависанда ба ибрози мулоҳизот нисбат ба забони русӣ мепардозад ва ин забонро хушоҳангу гӯшнавоз, муқтадиру тавоно арзёбӣ мекунад. К.Паустовский қитъаеро иборат аз ҳашт байт аз А.С.Пушкин иқтибос оварда, онро қуллаи олии назми рус тавсиф мебахшад ва менависад: «Дар ин сатрҳо тамоми соҳирии  забони русӣ таҷассум  ёфтааст. Агар тасаввур кунем, ки назми рус, забони русӣ нобуд гашта, аз онҳо фақат ҳамин сатрҳо боқӣ монанд ҳам, сарватмандию  бузургии забони мо, хушоҳангии  он ба ҳар  касе аён мебуд… Халқе, ки чунин забон офаридааст, ба маънои томи сухан бузургу саодатманд аст».

Имрӯз ҳам аҳли илми рус дар таҳқиқу баррасии забони русӣ ва дар собитсозии тавоноиву ҷовидонагии он аз осори К.Г.Паустовский васеъ истифода мебаранд.

 

Маҳмадрасул Шарифов,

омӯзгори забони русии

мактаби №23-и

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш