Нашрияи Омӯзгор

Кафили осудагии ҷомеа

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Таърихи  ташаккул ва инкишофи ҷомеаи башарӣ ба исбот расонда, ки бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст.

Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки оилаи тоҷик сол ба сол ташаккул ёфта истодааст, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимгардонии оилаҳо    қонуну  қарорҳои зиёдеро ба имзо расонидааст, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

Маълум аст, ки оила макони муқаддас барои ҳар як кӯдак аст, зеро одобу ахлоқ ва муомилаю муоширати одамон аввал аз муҳити оила сарчашма мегирад. Дар муҳити носозгор фарзандоне ба воя мерасанд, ки дар оянда на танҳо дарди сари ҳамин оила, балки барои ҷомеа низ ҳамчун як фарди зараровар мешаванд. Ҳама гуна рафтори ношоиста ва қонунвайронкуниҳо низ аз ҷониби фарзандони чунин оилаҳо сар мезанад.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар аз даҳ сол гузашта бошад ҳам, шарҳу тавзеҳи нишондоду муқаррароти он ҳанӯз аз тарафе ба таври комил сурат нагирифтааст.

Ин ба он маъност, ки аксари одамон ба шарҳи муфассали нишондодҳои қонуни мазкур ниёз доранд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза бо даст додани имкони бори дигар волидонро аз масъулияташон дар назди  фарзандон  огоҳ намоем.

Бояд таъкид кард, ки  барои тарбияи дуруст ва мукаммали насли имрӯза ғайр аз мактабу маориф, боз аҳли ҷомеа низ масъуланд.

 

Шаҳноз Мавлонова,

омӯзгори мактаби №1-и

ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш