Нашрияи Омӯзгор

Кимиёгар, табиб ва педагог

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 512        Шарҳ: 0

 

Ашхосе, ки тамоми ҳастии худро ба андухтани илму дониш, ба тарбияи мутахассисон бахшидаанд, дар ҷомеа соҳиби мақоми хосса буда, аз  беҳтарин фарзандони ватану миллат дониста мешаванд. Чунин шахсиятҳо шабеҳи ахтари пурҷило буда, бо заковату хиради волои хеш дар дилу дидаи мардум маъвои ҷовидона доранд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки ин гуна хислатҳои ҳамида ба шахси бароямон азизу муътабар, инсони комил, суҳбаторо, некхоҳу некбин, дилогоҳ, ватандӯст, олими шинохта, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, раиси Кумитаи фармакологии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Ғуломқодир Бобизода хос мебошанд.

Мавсуф соли 1977 пас аз хатми мактаби №43-и шаҳри Ваҳдат ба шуъбаи шабонаи факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ ба  корҳои илмӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Соли 1983 донишгоҳро хатм намуда, дар кафедраи химияи органикии факултаи химияи донишгоҳ дар вазифаҳои муҳандис, ходими хурд ва калони илмӣ фаъолият мекунад. Бо роҳнамоии устодони соҳибтаҷриба номзади илмҳои химия, дотсент Т.Юсуфов ва доктори илмҳои химия, профессор Ш.Холиқов коромӯзӣ кардааст. Баъдан ӯро ба ҳайси аспирант ба Маркази илмии кардиологии АИТ ИҶШС шаҳри Москва барои азхуд намудани усулҳои ҷадиди синтези пептидҳо мефиристанд.

Ғуломқодир Бобизода соли 1992 корҳои илмии хешро дар озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, корхонаи хурди ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Занд»-ро ташкил медиҳад ва синтези пептидҳои хурдмолекула ва таҳияи маводи доруворӣ дар асоси онҳоро ба роҳ мемонад. Соли 1996 рисолаи илмии хешро дар мавзӯи «Таҳқиқи сохти функсионалии пептидҳои иммунофаъоли қатори тимопоэтин, тимозин ва бурсин» бо ихтисоси химияи органикӣ (02.00.03) ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои химия мегардад. Устод пажӯҳишро идома дода, соли 2000 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Синтез ва хосияти биологии пептидҳои тимусӣ ва пайвастаҳои координатсионии онҳо» бо ихтисосҳои биохимия (03.00.04) ва фармакология (14.00.25) дифоъ мекунад ва ба дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ мушарраф мешавад.

Самти асосии фаъолияти илмии устод Ғуломқодир Бобизода ба яке аз шохаҳои душвори химияи органикӣ-синтези нозуки химиявӣ бахшида шудааст. Ин тадқиқоти пурарзиш усулҳои ҳосил намудан ва омӯхтани хосиятҳои биохимиявии пептидҳои хурдмолекулаи дорои фаъолияти масуниятии қатори тимопоэтин, тимозин ва бурсин ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳоро дар бар мегирад.

Соли 2000 устод Ғуломқодир Бобизода ба сифати мушовири илмӣ дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ (ХНДФФ) ба кор оғоз намуда, солҳои  2002-2007 мудири шуъбаи аттестатсия ва аккредитатсияи ХНДФФ ва аз соли 2007 раиси Кумитаи фармакологии Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мешавад.

Ин олими варзида, дар ҳақиқат, асосгузори мактаби фармакологҳо дар бахши кашфи маводи дорувор аз ҳисоби маҳсулоти синтезии пайвастаҳои органикӣ ба шумор меравад. Таҳқиқоти бисёрсолаи амалӣ ва назариявӣ ба ӯ имкон дод, ки дар самти кашфи маводи доруӣ роҳу равиши навро асос гузорад. Ихтирои доруҳои нави ба эътидоловарандаи  масуният дар асоси синтези пептидҳои хурдмолекулаи дорои фаъолияти масунӣ ва омӯхтани хосиятҳои шифобахшии онҳо далели гуфтаҳои боло мебошанд. Дар натиҷаи ин пажӯҳишҳо Ғуломқодир Бобизода 6 доруи навро (доруҳои дорои хосияти ангезандаи масуният аз қабили тимогар, феронол, тимофер, тимотсин, акарасидин, бобибад БС) пешниҳод намудааст, ки 4-тои онҳо дар Академияи илмҳои кишоварзӣ дар тибби байторӣ ба қайд гирифта шуда, мавриди истифода ва тадқиқоти тодармонгоҳӣ ва дармонгоҳӣ қарор доранд. Соли 2009 истеҳсоли саноатии ду доруи таҳиянамудаи Ғуломқодир Бобизода - тимогар ва тимотсинро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода иҷозат дод ва алҳол Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тиб барои шумо» истеҳсоли саноатии ин доруҳоро ба роҳ мондааст. Маводи доруҳои зикршуда дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Туркманистон низ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Дар қатори ин тадқиқоти пурарзиш, инчунин, пажӯҳишҳо дар бахши омӯзиши хосиятҳои оби электрофаъол ва таъсири он ба фаъолияти хоси пайвастагиҳои координатсионии аминокислотаҳо ва пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятӣ фаъол бо металлҳо омӯхта, анҷом дода шуданд.

Корҳои илмию амалии Ғуломқодир Бобизода дар соҳаи дорусозӣ басо арзишнок буда, натиҷаи он рисолаи доктории ӯ дар соҳаи дорусозӣ мебошад, ки соли 2013 дар мавзӯи «Маводҳои доруӣ дар асоси дипептидҳои иммуноактивӣ ва пайвастаҳои координатсионии онҳо бо иони руҳ» дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиббии якуми Москва ба номи И.М.Сеченов бо ихтисоси.-химияи фарматсевтӣ, фармакогнозия (14.04.02) дифоъ шуд.

Натиҷаи корҳои илмии академик Ғуломқодир Бобизода дар мақолаҳои илмӣ (зиёда аз 300 адад), 17 патенту ихтироот (ба 9 патенти ӯ дархост мавҷуд аст), 4 монография ва 45 корҳои илмию педагогӣ инъикос ёфтааст. Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи дунё чоп шудаанд. Шуҳрати илми тоҷикро Ғуломқодир Бобизода, ҳамчунин, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баланд бардоштааст. Барои пешрафти илм, ихтирои маводи нави доруӣ ва дар амал татбиқ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ Ғуломқодир Бобизода соли 1999 дар асоси қарори комиссияи озмун «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998» эътироф ва соли 2001 ба гирифтани медали тиллоии Созмони байналмилалии ҳифзи моликияти зеҳнии шаҳри Женева мушарраф мегардад. Соли 2004 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба Ғуломқодир Бобизода унвони илмии профессор дода мешавад ва ҳамзамон, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб мегардад. Бо мукофоти соҳавӣ низ, аз ҷумла, нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. 

Ғуломқодир Бобизода яке аз муаллифони китоби дарсии химия барои синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дастури таълимии «Химияи биологӣ» барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, 2 дастури таълимӣ роҷеъ ба таҳлилҳои фарматсевтӣ ва 14 барномаи таълимӣ мебошад.

Устод Ғуломқодир Бобизодаро ба ифтихори 60-умин солгарди умраш табрику таҳният гуфта,   барояш саломатӣ ва дар корҳои илмию педагогияш пешрафтҳои пайваста орзумандем.

 

Умаралӣ  РАҶАБОВ,

 мудири кафедраи химияи

фарматсевтӣ ва заҳршиносии

 ДДТТ ба номи

Абӯалӣ ибни Сино  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш