Нашрияи Омӯзгор

Соҳибтаҷриба

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 110        Шарҳ: 0

 

Шахсе, ки мо дар борааш ҳикоят карданием, омӯзгори таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №58-и ноҳияи Фирдавсӣ Раҳима Каримова мебошад, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯ, талошу омӯзиши пайдарпай ба ҷойгоҳе шоиста расидааст.

Олими машҳури тоҷик Маҳмадулло Лутфуллозода гуфтааст: “Дар қалби педагог чизи аз ҳама мураккаб ёфтани роҳ ба қалби кӯдакон аст”. Бале, агар омӯзгор аз рӯзҳои аввали фаъолияташ бо истифода аз роҳҳои дурусту усулҳои фаъоли таълим ва пурсамар истифода бурдани ҳар лаҳзаи дарс амал кунад, ба ҳадафҳои наҷиби хеш дастрасӣ пайдо мекунад. Қаҳрамони мо аз ҳамин гуна сифатҳо бархӯрдор аст.

Ӯ соли 1994 факултаи таъриху педагогикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм кардааст. Солҳои 1994 то 1997 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар ноҳияи Конибодом фаъолият карда, аз соли 2001 то ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и шаҳри Душанбе ба таълиму тадрис машғул аст.

Мавсуф аз ҷумлаи он омӯзгоронест, ки ба зудӣ бартарии роҳу усули нави омӯзиш – муносибати босалоҳият ба таълимро дарк карданд. Мо чанд маротиба бо муаллима Раҳима Каримова дар ин бора суҳбат анҷом додем. Ӯ омӯзиш ва дар амал ҷорӣ кардани муносибати босалоҳиятро зарур мешуморад. Худаш ба зудӣ дар дарсҳояш таълим бо ин усулро ба роҳ монд. Ҳамчунин, ҳамеша аз мо талаб мекунад, ки ҳарчи зудтар маводи ин усулро биомӯзем ва роҳҳои амалӣ кардани онро дар низоми таълиму тарбия ҷорӣ кунем.

Раҳима Каримова роҳбари синфи 10 –и “б” буда, фаъолияташ дар муассиса пурсамар аст. Дар тӯли солҳои охир ӯ хонандагонеро ба воя расонидааст, ки дар озмунҳо ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Номи шогирдони пешқадами ӯ вирди забони аҳли муассиса мебошад.

Дар ҳақиқат, омӯзгори соҳибтаҷриба Раҳима Каримова ба монанди нохудои киштиест, ки шогирдонро  ба соҳили орзуҳояшон мерасонад.

Некрӯз ПИРОВ,

омӯзгор

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш