Нашрияи Омӯзгор

ИНТЕРНЕТ: аз пешравӣ то инҳироф

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 213        Шарҳ: 0

 

Дар асри 21 инсонҳо ҳаёту зиндагӣ, фаъолияти рӯзмарра ва ҳатто пешрафти корҳои  гуногунҷабҳаи илмиву техникии худро бидуни интернет ва технологияҳои компютерӣ тасаввур карда наметавонанд. Барои дастрас кардани китоби зарурӣ ба кишвари дигар сафар кардан лозим нест.

Чанд дақиқа кифоят мекунад, ки сари компютер нишасту тавассути интернет онро пайдо кард. Ё метавон садҳо китобро дар хотираи компютер ва телефони мобилӣ захира карду аз онҳо дар мавриди зарурӣ истифода бурд…

Бо вуҷуди хизматрасониҳои мазкур, ки пайвандӣ ба илму техника ва соҳаҳои ҳаётан муҳимми инсон доранд, дунёи маҷозии интернет равобити иҷтимоиро низ дар шакли шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ кардааст. Аз як тараф, агар шабакаҳои иҷтимоӣ инсонҳоро ба ҳам қарин гардонаду ба манфиат бошад, аз тарафи дигар, истифодаи нодурусти он инсонҳоро ба гумроҳӣ мебарад. Чунки дунёи маҷозии интернет дар баробари доштани садҳо ҷанбаи мусбӣ, боз садҳо ҷанбаи манфӣ низ дорад.

Шабакаи иҷтимоии интернет гурӯҳҳои муайяни одамонеро дар бар мегирад, ки ҳар иштирокчӣ саҳифаи худро бо номи аслӣ ё мустаор, аксу суратҳо, синну сол ва дигар маълумоти шахсӣ дар шабака боз мекунад, то бо дӯстону наздикон, ҳамсинфону ҳамкасбон ва хешону пайвандон табодули афкор кунад, робитаи онлайнӣ дошта бошад, эҳсосоташро манзур намояд, ғаму шодиро бо ҳам бинанд, аз аҳволи якдигар бохабар бошанд, ҳазлу шухӣ кунанд, навишта ва аксу наворҳои дар шабака ҷойдодаи ҳамдигарро бипазиранду шарҳу эзоҳҳо нависанд ва ба ин монанд амалҳои дигарро анҷом диҳанд. Албатта, ҳамаи ин дар доираи одоб ва ахлоқ бояд сурат гирад. Аз 250 шабакаи иҷтимоие, ки дар дунёи маҷозии интернет фаъолият мекунад; «Фейсбук», «Одноклассники» ва «В контакти» бештар мавриди истифодаи мардуми тоҷик қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти кор-шиносони масоили интер-нетӣ бештари аудиторияи интернетро наврасону ҷавонон ташкил менамоянд. Аз ин рӯ, ҳизбу ҳаракат ва ташкилоту гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва трансмиллӣ, монанди қочоқи инсон ва маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм дар либоси динӣ ва андешаҳои миллӣ худро оро дода, кӯшиш менамоянд, ки бо ҷалби наврасону ҷавонон ҳадафҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Ин масоил аз мушкилоти доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ҳамин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».

Мушкилоти дигаре низ дар муносибати наврасону ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла:

1. Рафтори ғайриахлоқӣ ва ё аз одоб дур. Наврасону ҷавонон дар ҳаққи ҳамдигар ҳар гуна суханони қабеҳро раво дида, дағалона рафтор мекунанд. Намеандешанд, ки навиштаҳои онҳо дар маҳзари умум аст ва ин метавонад барояшон одат шавад.

2. Таҳрифи забон. Забони тоҷикӣ бо ҳамин қадар ғановатмандӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон таҳриф карда мешавад. Қайдҳои дар шабака гузошта ва шарҳҳои навиштаи онҳо пур аз ғалатҳои фаҳш аст. Ин дар ҳолест, ки имкони таҳрири онҳо вуҷуд дорад.

3. Таблиғи ноҷо. Наврасону ҷавонон дониста ё надониста ҳар гуна мавод (аудио-видеоӣ, навишторӣ ва аксу сурат)-ро таблиғ мекунанд. Яъне, ба мавод лайк (класс) мегузоранд, ё онҳоро табодул (поделиться) мекунанд. Ҳанӯз ҳам ҳадафи лайкинг (гузоштани лайк)-ро бештари истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври бояд дарк накардаанд. Чунки лайкинг аз мафҳуми аслии хеш фаротар рафта, ҳоло бештар ба мақсади таблиғу ташвиқ истифода мешавад. Ҳатто аз ҷониби мубаллиғони интернетӣ ҳангоми таблиғи ақидаву ғоя ва ё молу маҳсулот, хоҳиш ё таъкид ба гузоштани лайк (класс) мешавад: «Агар дӯст доред… Агар дилатон сӯзад… Агар мусулмон бошед… лайк (класс) монед!».

4. Гузаронидани вақти зиёд. Бештари наврасону ҷавонон вақти зиёдро дар интернет сарф мекунанд. Амали онҳоро метавон ба чанд қисмат ҷудо намуд:

- сарфи бозиҳои интернетӣ;

- тамошои филмҳои гуногун-жанр;

- мусоҳиба ва муоширати зиёди онлайнӣ.

Анҷоми амалҳои мазкур боиси афсурдагии ҷисмӣ ва рӯҳии наврасону ҷавонон мегардад ва оқибат мубталои бемориҳои гуногун мешаванд.

5. «Дӯстон»-и нобоб: Ҳангоми кушодани саҳифа дар дилхоҳ шабакаи иҷтимоии интернет иштирокчӣ ҷиҳати табодули афкор дӯстону шиносон ва хешону ақрабояшро ба «дӯстӣ» қабул карда, дар саҳифааш онҳоро ҷой медиҳад. Яъне, ҳангоми ба дӯстӣ гирифтан ва ҳамроҳ кардани дигар иштирокчиёни шабакаи иҷтимоии интернет онҳо имкон пайдо мекунанд, ҳамчун дӯсти соҳиби саҳифа шинохта шаванд ва аз фаъолияти он огаҳӣ пайдо кунанд (то он ҷое, ки маҳдудият набошад). Дар бештари ин ҳолатҳо террористону экстремистон, бадкорон ва нафарони муғриз ба рӯйхати дӯстони наврасону ҷавонон пайваст мешаванд, ки ин боиси мағзшӯӣ гаштану ба инҳироф (роҳи каҷ) кашидани онҳо мегардад.

Мо гуфта наметавонем, ки ҳамаи наврасону ҷавонон аз чорчӯбаи этикаи истифодаи интернет дуранд. Наврасону ҷавононе ҳастанд, ки дар чорчӯбаи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет амал мекунанд. Аммо бо итминон гуфта метавонем, ки наврасону ҷавонон ва ҳатто насли калонсоле ҳастанд, ки  аз этикаи истифодаи интернет фарсахҳо дуранд.  Калонсолоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет фаъолият доранд, бояд кӯшиш намоянд, то барои наврасону ҷавононе, ки тоза вориди дунёи маҷозии интернет мешаванд, намунаи ибрат бошанд.

Волидону омӯзгорони муас-сисаҳои таълимиро низ зарур аст, ки оид ба зарару манфиати интернет, этика ва қоидаҳои истифодаи дурусти он корҳои фаҳмондадиҳиро миёни наврасону ҷавонон  пурзӯр намоянд ва дар пешгирии онҳо аз гумроҳӣ чораҳои саривақтӣ андешанд. Зеро баъди ба мушкилӣ гирифтор шудани наврасону ҷавонон аз оқибатҳои нохуши интернет, онҳро ба роҳи дуруст ҳидоят кардан боз ҳам мушкилтар мегардад. Тавре гуфтаанд: «Оҳанро дар гармиаш кӯфтан осон аст».

 

Бахтинисо Набиева,

омӯзгори мактаби №54-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш