Нашрияи Омӯзгор

«Тозиёна» дар матбуоти тоҷик

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 342        Шарҳ: 0

 

Нашрияҳои аввалини тоҷикӣ, ҳар яке дар таърихи журналистика ва адабиёти тоҷик саҳм гузоштаанд. Аз ҷумла, маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» (1919-1921) бо таъсиси аввалин гӯшаи ҳаҷвию танқидӣ - «Тозиёна» маъруф мебошад.

«Тозиёна» тибқи рақаме, ки дар шумораи охирини «Шӯълаи инқилоб» гузошта шудааст, 14 маротиба интишор гардидааст. Аммо таҳқиқи бастаи ягонаи маҷаллаи мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам аз тарафи мо ва ҳам муҳаққиқони ин мавзӯъ М.Солеҳов ва М.Муродӣ нишон дод, ки ин рақам саҳеҳ нест.

Ҳодисаи маъмули замон - ба нияти манфиатҷӯӣ ба сафи ҳизб ё хизмати ҳукумат даромада, мардумозориро давом додани баъзе ашхос яке аз мавзӯъҳои муҳиммест, ки дар «Шуълаи инқилоб» борҳо таъкид гардида, алайҳи он андешидани чораҳои қатъӣ пешниҳод шудааст. Дар гӯшаи ҳаҷвии мазкур низ чунин одамон бо забони ҳаҷву танз фош гардидаанд. Дар «Тозиёна-6» омадааст: «Гург дар либоси меш бисёр аст! Инро ҳама кас намедонанд, ки чун ҷаноби гург диданд, ба ин шакли қашангашон даруни рама дохил шаванд, пеш аз он ки дандони муборакашон ба гӯшти чарбу нарми барра бирасад, чӯпонҳои золим чунон чӯб ба фарқи шарифашон кӯбанд, ки мағзи сарашон аз димоғашон фурӯ резад. Ин буд, ки маҳзи гум кардани пай пӯсти барраеро ба худ кашиданд ва ба осудагӣ ҳар рӯз як барраро нӯши ҷон фармуданд» («Шӯълаи инқилоб», 1920, № 38. 27 май, с.8). Маълум мегардад, ки ситампешагон дар ниқоби дигар кори худро идома додаанд. Маҳз ба ин сабаб ва дар асоси шикояти мардум ҳизби коммунист тозакунӣ («чистка»)-и сафҳои худро доир намуд. Дар ин бобат дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» мақолаҳои зиёд ба табъ расидаанд, репортажҳои Садриддин Айнӣ аз Бухоро низ то андозае ба ин масъала рӯшанӣ андохтаанд («Шуълаи инқилоб», 1920. №№ 59, 61, 2 декабр, 30 декабр). Хуллас, равшанфикрон тарафдори тозакунии сафҳои ҳизб буданд.

Муҳиммияти ҳаҷвияи мазкур дар он аст, ки бори аввал номи шахси гунаҳкор зикр гардидааст: «Ҳоло ин унвони булшавекӣ ҳам аз барои дуздон ва ғоратгарон ҳамин ҳукмро дорад. Масалан, ҳар гоҳ ҷаноби Мирзо Юлдош Қодирзода булшавек набуданд, оё метавонистанд панҷ манот пули мардумро бигиранд, порчаи моли халқро бихӯранд, ба зану бачаи аҳолӣ даст дароз намоянд? Албатта, не!.. Чунон шаллоқ мехӯрданд, ки дингашон ба монанди сурма нарм шавад. Вале бо ин либос милюн-милюн пулу моли миллатро ба унвони пора хӯрданд. Зану бачаҳои аҳолиро ба таҳдид ҳабси бепарда сохтанд. Ҳар шаб дар хонае, ки паноҳгоҳи ситамдидагон ва мазлумон ба гумон мерафт, «ашраннос»-ро гирд оварда, ба хушомади тарафгиронашон бо хӯроку ошомиданиҳои шоҳона меҳмонӣ карданд. Дуздони машҳури шаҳрро оварда, посбони миллати бечора сохта ба ҷонаш бало сохтанд… Бо ҳамаи ин корҳо касе ҷуръат накард, ки ба ҷаноби кумиссар гӯяд: «Чаро абрӯят каҷ аст?» Чаро?.. Зеро эшон булшавик буданд, эшон дохили фирқа буданд, эшон маҳрами ҳукумат буданд, эшон маҳбуби Шӯро буданд… Аз дасти муборакашон ҳам задан, ҳам бастан, ҳам куштан меояд. Албатта, дар як дам гӯри падари одамро месӯхтанд. Ҳоло, ки мо ҷуръат пайдо кардаем, аз баракати ҳабси эшон аст. Чунки Сулаймон мурд, девҳо озод шуд!» («Шуълаи инқилоб», 1920, № 38. 27 май, с.8).

Танқиди сахти намояндаи ҳизбу давлат дар он замон осон набуд. Ҳайати эҷодии маҷалла ба ҷони худ бозӣ мекард. Зеро намояндаи ҳизб ё мансабдори давлатӣ метавонист онҳоро ҳабс намояд ё осонтар аз ҳама нашрияро бандад. Аммо корманди маҷалла нотарсона дардҳоро ошкор ва айбдорро бо ному насабаш зикр кардааст ва он ҳам чи тавре ки зикр шудааст, баъди ҳабс шуданаш «ҷуръат пайдо кардааст».

Дар «Тозиёна-8» масъалаи муҳимми сиёсӣ - рафтори мунофиқон ва миллатфурӯшон фош шудааст. Забони асар хеле ҷолибу рангин буда, ба қавли муҳаққиқ М.Муродӣ, дар он «муносибати душманонаи туркигароён ба таври пичинг моҳирона ишора» шудааст.

Ба назари мо, ба ғайр аз муҳиммияти мавзӯъ забон ва услуби баён, бадеияти баланди ҳаҷвия боиси таваҷҷуҳ мебошад. Он бо мисраи зер: «Ҳар лаҳза ба як шакли он бути айёр дароед!» шурӯъ шуда, чунин идома ёфтааст: «Мегӯянд, ки амир барои он мағлуб шуд ва Бухоро ба дасти булшавикҳо афтод, ки ҳазрати Баҳоваддин ҳам булшавик шуда буданд. Вагарна булшавикҳо ҳадде надоштанд, ки ба Бухоро каҷ нигоҳ кунанд, булшавикҳоро чунон мезананд, ки аз онҳо ному нишоне намемонад. Аммо ман то дирӯз дар ин масъала мутараддид будам. Имрӯз, ки нутқи ҷаноби оқо…-ро дар Бухоро шунидам, яқин кардам, ки дарвоқеъ ҳазрати Баҳоваддин ҳам булшавик шуда будаанд. Зеро ки агар ҳазрати Баҳоваддин булшавик намешуданд, албатта, муриди эшон ба ин ҳама танаффуре, ки аз булшавикҳо доштанд, булшавик намегардиданд» («Шуълаи инқилоб», 1920. № 53.14 октябр, с.5).

Муаллифи ҳаҷвияи мазкур ба эҳтимоли зиёд худи С.Ализода мебошад, мавсуф дар яке аз сафарҳояш ба Бухоро бо як нафар тарғибгари сахти инқилоб вохӯрдааст, ки ӯро мешинохт. Вай дар вақташ зидди инқилоби машрутаи Эрон (соли 1906-1908), мактабҳои ҷадид буда, алайҳи онҳо ҳарф мезад, яъне зидди инқилобиюн буд. Аммо баъди ишғоли вазифаи масъул дар ҳукумати шӯравии Бухоро инқилобчии ашаддӣ гаштааст. Ба болои ин, аз баҳри забону миллат ҳам баромада, худро ӯзбек номидааст: «Ин ҷаноби оқо дувоздаҳ сол пеш, яъне, ҳангоми инқилоби Эрон аз машрута ва ҳуррият, аз ҷадидӣ ва тараққӣ чунон мутанаффир ва безор буданд, ки ӯзбакнамоёни Самарқанд аз тоҷикӣ ва форсӣ!.. Дар болои ин ки банда муаллими мактаби ҷадид буда, машрутахоҳ будам, чунон гӯшмоле доданд, ки ҳанӯз маззаи он аз ин гӯшам намеравад… Аз ин истинбот мекунам, ки албатта, эшон ба пири худ Ҳазрати Баҳоваддин тақлид карда, булшавик шудаанд. Ин аст, ки имрӯз дар малои ом дам аз ҷадидӣ ва ҳурриятхоҳӣ мезананд» («Шуълаи инқилоб», 1920, № 53, 14 октябр, с.5).

Саидризо Ализода то ба ин вақт ва баъди он ҳам дар навиштани ҳикояҳои ҳаҷвӣ дасти тавоно дошт. Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ қайд кардааст, ки «Саидризо Ализода мақолаҳои ҳаҷвии худро бо 15 имзои мустаор, аз ҷумла, «Мулло Ҷунбул», «Коргар», «Ситамдида», «Баҳлул», «Занбӯр», «Шапалоқ», «Тозиёна», «Чарандгӯй», «Боғишамолӣ», «Ранҷбар», «Наштар», «Мушти ғоиб»…» навиштааст.

«Тозиёна-14», ки дар шумораи охирин ба табъ расида, аз ҷиҳати шаклу мазмун ва сабку услуб то андозае фарқ мекунад. Ба услуби С.Ализода мухтасарбаёнӣ, образнокӣ, бадеият ва истифодаи суханҳои халқӣ хос аст. Ҳамчунин, дар даврае, ки шумораи охирини маҷалла чоп шуд, С.Ализода дар Ватан набуд. Аз ин рӯ, муаллифи «Тозиёна»-и охирин бояд шахси дигар бошад. Он нисбатан калонҳаҷм буда, чанд масъаларо дар бар мегирад, ки танзими маъракаҳо ва мубориза бар зидди унсурҳои бегона аз ҷумлаи мавзӯи асосии он аст. Таваҷҷуҳ ба масъалаи танзими маъракаҳо дар оғози асри бистум зиёд буд. Таҳқиқоти мо нишон дод, ки ин масъала аз рӯзномаи «Бухорои шариф» оғоз шуда, дар «Оина» зиёд мавриди баррасӣ қарор гирифта (дар мақолаҳои М.Беҳбудӣ ва муаллифони дигар), дар «Шуълаи инқилоб» ба тарзи ҳадафмандона инъикос ёфтааст. Дар маҷаллаи мазкур, аз ҷумла, дар гӯшаи ҳаҷвии он гунаҳкорони маъракаҳои серхароҷот номбар шуда, андешидани чораҳои таъсирбахш пешниҳод мешавад. Масъалаи мазкур то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ва ҷамоатчигӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, натиҷаҳои нек ба бор овардааст.

Дар мавриди фош кардани хиёнаткорон, қаллобону мардумфиребон «Тозиёна» ба касе гузашт накардааст. Дар байни қаҳрамонони манфии ҳикоятҳо мансабдорону роҳбарон, кормандони давлативу ҳизбӣ низ ҳастанд. Ин ҳолат, албатта, барои «Шуълаи инқилоб» беоқибат намонд. Шояд ба ин сабаб «Тозиёна»-и охирин - рақами 14 дар шумораи ниҳоӣ - 8 декабри соли 1921 дарҷ гаштааст.

Оид ба алоқамандии ҳаҷви нашриявӣ ва публитсистикаи аввали асри бистум бо итминон метавон гуфт, ки он бо адабиёти бадеӣ алоқамандии тавъам дошт. Аз мисолҳои мавриди назар дидан мумкин аст, ки дар онҳо унсурҳои бадеӣ: забону услуб, оҳанги бадеият, санъатҳои сухан, тасвири бадеӣ устуворанд.

Аҳамияти муҳимми гӯшаи ҳаҷвию танқидии «Тозиёна»-и «Шуълаи инқилоб» дар он бозгӯ мешавад, ки дар он чун дар мақолаҳои сиёсию байналхалқӣ мавзӯю масъалаҳои муҳим ошкору равшан ва далеронаю боҷуръатона ба миён гузошта шуда, танқиду мазаммат гардидаанд. Аз ин ҷиҳат маҷаллаи мазкур аз нашрияҳои қаблӣ як қадам ба пеш аст. Ҳамин тавр, маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ташаббускори таъсиси нахустин гӯшаи ҳаҷвӣ дар матбуот буда, дар ин бобат аз сарчашмаҳои адабиёти классикии тоҷик ва матбуоти пешқадами ҳамондавраи Шарқ босамар истифода кардааст. Танҳо баъди он дар нашрияҳои минбаъдаи тоҷикӣ - «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» гӯшаҳои махсуси ҳаҷвӣ таъсис ёфта, нашрияи алоҳидаи ҳаҷвию танқидӣ ба миён омад. Маҳз матбуоти аввалини тоҷикӣ буд, ки дар ташаккули адабиёти тоҷик дар ҳама жанрҳо, аз ҷумла, ҳаҷв нақши аввалиндараҷа бозид.

Бахтиёри Абдураҳим,

декани факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илми филология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш