Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқи соҳибдил

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 295        Шарҳ: 0

 

Сафар Сулаймонӣ, доктори илми педагогӣ, профессор, хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом (соли 1972) аст. Вай аз устодони ин адабистони илму ҳунар ҳамеша бо самимияту эҳтироми зиёд ёдовар мешуд. Маҳз онҳо буданд, ки дар дили ин ташнаи илм оташаки меҳрро ба шуълаи шарарзо табдил доданд ва бо ҳидояти эшон ӯ озими пойтахт шуда, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо баҳои аъло таҳсил карду соли 1976 дар кафедраи китобхонашиносии ҳамин мактаби олӣ ба фаъолияти илмиву омӯзгорӣ оғоз намуд.

            Солҳои 1976-1980 барои Сафар Сулаймонӣ давраи оғози фаъолияти мустақилона ва ошноӣ ба комёбиҳои илм ба шумор меравад. Тӯли ин солҳо таваҷҷуҳи ӯро масъалаҳои назарию амалии илми китобхонашиносӣ ба худ ҷалб намуд. Ва ҳамвора аз пайи такмили дониши касбии хеш гардид. Минбаъд ба пажӯҳиши муҳими соҳаҳои илму фарҳанг камар баст. Соли 1980 вай ба аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Москва дохил гардид ва таҳсил дар ин мактаби олии бонуфуз ва ошноӣ бо олимони варзида барои дар амалӣ татбиқ намудани андешаҳои илмии ӯ шароит фароҳам сохтанд.

            Сафар Сулаймонӣ соли 1984 дар мавзӯи «Хадамоти китобдорӣ ба аҳолии ноҳияҳои баландкӯҳи Иттиҳоди Шӯравӣ: Масоили ташкилӣ дар мисоли ҶШС Тоҷикистон» дар Москва рисолаи номзадиашро дар соҳаи педагогика дифоъ намуд. Рисолаи докториашро бошад, соли 1995 дар шаҳри Санкт-Петербург бомуваффақият ҳимоя кард, ки он низ ба масъалаҳои китобдориву китобхонашиносӣ иртибот дорад.

Устод С.Сулаймонӣ солҳои 1999-2004 ба сифати директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намуд. Ӯ ба унвони мутахассис ва олими собиқадору ботаҷриба ба ислоҳ ва бозсозии фаъолияти пажӯҳишгоҳ шурӯъ кард. Бо ибтикори ӯ чопи нашрияи илмии «Паёмномаи фарҳанг» роҳандозӣ гардид

 Профессор С.Сулаймонӣ дар ҳар ҷабҳае,ки фаъолият карда бошад, бо ташаббускорӣ дар паҳнои пажӯҳиш корҳои наверо пайгирӣ мекунад. Барои фаъолтар намудани корҳои илмӣ,инчунин,тарбияи муҳаққиқони ҷавон дар соҳаи фарҳангшиносӣ ва педагогика хизмати бузургеро анҷом додааст. Асарҳои зиёди илмиву пажӯҳишиаш далели ин гуфтаҳост. Даҳуми март зодрӯзи устод Сафар Сулаймонӣ аст. Профессор С.Сулаймонӣ дар ҳар ҷабҳае, ки фаъолият карда бошад,бо ташаббускорӣ дар паҳнои пажӯҳиш корҳои наверо пайгирӣ кардааст. Барои фаъолтар намудани корҳои илмӣ,инчунин,тарбияи муҳаққиқони ҷавон дар соҳаи фарҳангшиносӣ ва педагогтка хизматӣ бузургеро анҷом додааст. Имрӯз шогирдони зиёдаш кору амали ӯро идома медиҳанд. Худованд хонаи охираташро обод нигаҳ дорад.

Гавҳар Мухторова,

номзади илми педагогика,

Мунира Мухторова,

корманди МҶТИК                                       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш