Нашрияи Омӯзгор

Дили бузург

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Ин қадар ранҷу азобҳое, ки модар мекашад, ба хотири он аст, ки мо, фарзандон, хонему соҳиби обрӯву эътибор шавем, ба падару модар ва халқу ватани худ содиқона хизмат кунем. Модарон бисёр ҳалиму ғамхоранд ва ҳамеша дар фикри сиҳатию саломатии фарзандҳо ҳастанд.

Занону бонувон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакатамон фаъолона ширкат мекунанд. 

Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, дар он баракат нест. Беҳуда нагуфтаанд:” Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст”. Дар ҳақиқат ҳам, модар фариштаи рӯйи Замин аст.

Тарбия аз оила маншаъ мегирад ва сарчашмаи он модар аст, чунки модарон дар оила хуршеди тобонанд ва барои ба воя расонидани фарзандон ҷаҳду талошҳо мекунанд.

            Инсон вақте аз оғӯши модар дур мешавад, қимату манзалати ӯро баъд дарк мекунад.

... Пиразане фарзанди худро бо азобу машаққат бузург карда донишҷӯ мекунад. Писар солҳои донишҷӯиро паси сар мекунад ва соҳиби мартабаи баланд мегардад. Аз байн чанд муддат мегузарад. Писар аз аҳволи модар хабар намегирифт.

Дар назди рафиқони сарватмандаш аз модар нақл намекард, барои он ки аз модари якчашмааш шарм мекард. Солҳо мегузаштанд.  Модар бо рӯйи ожангзада, мӯйҳои сафед, дастони ларзон, ҳамоно дар орзуи дидори фарзанд буд. Фарзанди мағрур парвои модар набуд. Ӯ соҳиби оила буд.           Пиразан рӯзе ба дидори фарзанд меравад. Ба назди хонаи писараш меояд ва дарро мекӯбад. Модарро талбандае гумон карда, ба хона роҳ намедиҳанд. Пиразан дубора дарро кӯбида, номаеро ба дасти ҳамсари писараш дода, бо дили реш ба деҳа бармегардад.

Писар аз кор баргашта, ба нома эътибор намедиҳад. Пиразан бемор шуда аз дунё мегузарад. Вақте ки ҳамсоягон ба писар хабар медиҳанд, занаш мегӯяд, ки ӯ дар сафари хизматӣ аст. Модарро аҳли деҳа ба хок месупоранд. Фарзанд дар ҷанозаи вай иштирок накард.

Чанд муддат пас писар рӯзе мактуби модарро боз карда мехонад. Пиразан дар мактуб пас аз дуруду салом зикр карда буд, ки ҳангоме ту хурдсол будӣ ва дар кӯча бо бачаҳои ҳамсоя бозӣ мекардӣ, ногаҳон ба замин афтидӣ ва чашмат осеб дид. Табибон чашми туро ҷарроҳӣ карда гирифтанд ва ман як чашмамро ба ту додам. Он чашмоне, ки бо он дунёро дидӣ, хондӣ, ошиқ шудӣ ва ба ман бо нафрат нигоҳ кардӣ, ин чашми ман аст. Писар афсӯс мехӯрад, аммо дигар афсӯсхӯрии ӯ фоидае надошт, чунки модараш аз дунё гузашта буд.

 Оҳ, чӣ дили бузурге дорӣ, модар! 

 

  Гулхумор ҲУСАЙНОВА,

омӯзгори мактаби №77-и ноҳияи Фирдавсӣ                                                                                                                                


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш