Нашрияи Омӯзгор

Китоб оинаи ҷаҳоннамост

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 152        Шарҳ: 0

 

Инсоният соҳаҳои муҳимтарини донишҳоро ҷамъоварӣ намуда, аз он истифода бурдааст. Пеш аз ҳама, муносибат бо китобро бояд ёд гирифт.

Ҳамчунин, малакаи дар дили худ зуд хондану мутобиқат сохтанро амалӣ намудан лозим аст. Яъне малакаи зуд хондан ин мазмуни онро дорад, ки ҳангоми хондани китоб диққатро парешон накардан ва фикрро ба ҳар сӯ кашол надодан аст. Чунин малакаҳо барои мо кифоя буда наметавонад, балки ҳангоми хондани китоб ба  мазмуну мағзи асар ва калимаю ибораҳо сарфаҳм рафтан низ дар назар дошта мешавад. Ҳоло мехоҳем барои намуна чанд андешаро дар мавриди чӣ гуна мутолиа кардани китоб иброз намоем.

Пеш аз ҳама, ҳангоми хондани китоб ва барои  фаҳмидани асар кӯшиш кардан лозим аст, ки китоби хондашуда фаҳмо шавад. Ба фикри мо аксари китобхонҳо малакаи зарурӣ ва илҳому шавқу ҳавас ва майлу хоҳиш  надоранд, аз ин рӯ, маънои асари хондаашонро намефаҳманд. Яке аз сабабҳои асосии ба китобхонӣ машғул шудан ё ин ки машғул шуда сарфаҳм нарафтани китобхон надонистани қоидаҳои имлои забони модарӣ мебошад. Чунин масъалаҳо дар мактаб омӯзонидани он ба омӯзгорони фанни забон ва адабиёт, пеш аз ҳама, вобастагии қавӣ дорад. Вале нисбат ба омӯзгорони дигар фанҳо, омӯзгорони фанни мазкур бояд бештар диққат диҳанд. Вақте ки шахс китобро хонда тамом мекунад,  бояд хулоса барорад, ки муаллифи асар чӣ гуфтааст. Ба андешаи мо, китобро чӣ қадар такрор ба такрор хонем, ҳамон қадар ба мо фоида дорад. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд, «Такрор модари дониш аст». Бояд ёдовар шавем, ки ҳангоми хондани асар ҳама сужаи онро азхуд кардан шарт нест, балки барои ҷудо карда гирифтани далелҳои муҳим ва воқеаҳои аз ҳама муҳимтаринаш кӯшиш кардан лозим аст. Пас аз он дидан даркор аст, ки чизҳои асосӣ ба маводҳои боқимонда чӣ хел ҷараён мегиранд ва ғайра. Ана ҳамин тавр, пеш аз ҳама пас аз хонда ба анҷом расонидани асар, нақшаи хаттӣ оид ба китоби хондашуда тартиб додан лозим аст. Яъне мазмуни мухтасари асар ва иқтибосҳои муҳимро навишта гирифтан лозим аст. Он чизи заруриеро, ки мехоҳем дар хотир сабт намоем, соли воқеаҳо ва дар куҷо рух додани онҳо, кай воқеаҳо рух додааст, киҳо иштирок кардаанд,  қаҳрамонҳои асар чӣ ном доранд, чӣ гуна вазифаю нақшро иҷро кардаанд ва ҳоказо).   Илова бар ин, навишта гирифтани фикрҳо, ибораҳои пурмазмун ва машқҳо низ аҳамияти калон дорад. Ҳамин тариқ, дар вақти хондани китоб шарти якуми мо аз он иборат аст, ки маводи хондашуда фаҳмо ва аниқ азхуд карда шавад, шарти дуюми мо маводҳои хондашударо фикр намуда, хулосаи умумӣ барварда тавонистан, шарти сеюм аз маводи хондашуда, дар хотир (ҳофиза) нигоҳ доштан аст. Ва шарти охирон бошад, барои худ онро муайян кардан лозим аст ки чӣ натиҷа ба даст омад.

Паҳлуҳои  дигари кор бо китоб ин вақт ва қувваи ақлию фикрии худро истифода бурда тавонистан (яъне худомӯзӣ) мебошад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки маҳорати вақти кори худ ва қувваи кори худро ҳангоми кор бо китоб дуруст ба роҳ монем.

Агар мо вақтро дуруст ва бошуурона ба кор барем ва барои омӯхтан шароити қулай муҳаё намоем, пеш аз ҳама, рӯҳияи илҳомбахш ва ҷаззобият лозим аст, ки гузаштану паси сар шудани вақти мову шумо гуногунанд. Яъне ҳар шахс ҳангоми кор бо китоб ҳар хел вақташро мегузаронад. Барои кор бо китоб шароити мусоид, дили соф, майнаи тозаю диққатнокӣ, ба гирду атроф аҳамият надодан (агар  дар наздамон одамон бошанд), оромӣ, ҳавои софу беғубор аҳамияти калон дорад. Инак, оиди вақтро дуруст тақсим карда тавонистан ва дурусту самаранок истифода бурдан, ду - се мисол аз ҳаётӣ эҷодии адибону нависандагони машҳур ёдовар мешавем. Масалан, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва нобиғаи адабиёт Садриддин Айнӣ нисфи шаб ба кори эҷодӣ машғул мешуд ва рӯзона бошад, ба мушоҳидакорӣ машғул мешуд. Нависандаи машҳури рус Лев Толстой бошад, пагоҳирӯзӣ ва шабона ба корӣ эҷодӣ машғул мешуд. Адиби машҳури америкоӣ, дорандаи ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи адабиёт Тони Моррисон бошад, ҳангоми саҳар ва нисфи шаб ба кори эҷодӣ машғул мешуд.

Хулоса, агар хоҳем, ки дар оянда ба қуллаҳои баланди рушди илму маориф, маърифату фарҳанг, навгониҳою эҷодиёт бирасем, ба китобхонию китобдӯстӣ рӯ орем. Ин амал моро ҳамчун инсони ҳаматарафа обутобёфта муаррифӣ менамояд.

 

Шерзод Комилов,

лейтенанти хурд, омӯзгори омодагии ибтидоии ҳарбии мактаби №24 ба номи Чӯлибой Комилови

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш