Нашрияи Омӯзгор

ҚОИДАҲОИ қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020-2021

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 406        Шарҳ: 0

 

Бо қарори мушовараи

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25.01.2020, №2/18

тасдиқ шудааст.

Қоидаҳои қабули хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши 2020-2021 дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия шудааст.

1. Ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (литсейҳои касбии техникӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба шакли таҳсили рӯзона, шахсони синнашон то 30-сола қабул карда мешаванд.

Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ доранд, ба муассисаҳои таълимӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд.

2. Шахси ба муассисаи таълимӣ дохилшаванда ба номи директори муассисаи таълимӣ бо нишондоди ихтисоси интихобкардашуда ариза пешниҳод менамояд.

Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

-ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (аслаш);

-нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);

-билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) ё (шаҳодатномаи бақайдигирии то даъватшавӣ);

-маълумотномаи тиббӣ (формаи №38);

-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

-чор дона сурат (андозаи 3х4см);

-роҳхат (барои шахсони дар асоси шартнома дохилшаванда);

-нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ. Нусхаи қарордод аз тарафи муассисаи таълимӣ омода карда мешавад.

3. Нақшаи қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабули хонандагонро ба гурӯҳҳои шартномавӣ дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки дар он теъдоди қабул муқаррар карда шудааст, амалӣ менамоянд.

5. Қабули хонандагон тибқи нишондоди нақшаи қабул ва дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ карда мешавад.

6. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ директори он мебошад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба зиммаи муовини раис (ҷонишини директор оид ба таълим) гузошта мешавад.

7. Директори муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ) аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор котиби масъули комиссияи қабулро баъд аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд. Котиби масъули комиссияи қабул, ҷонишин ва котибони техникӣ аз ду сол зиёда пайи ҳам таъин карда намешаванд. Ҷойивазкунӣ миёни котиби масъул, ҷонишин ва котибони техникӣ манъ аст.

8. Вазифаи котиби масъули комиссияи қабул иборат аст аз:

- муҳайё намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва кадрӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ;

- ташкил намудани гӯшаи комиссияи қабул;

- ташкили тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қабули довталабон;

- шинос намудани котибони техникӣ бо қоидаҳои қабули хонандагон;

- омода намудани ҳуҷҷатҳо оид ба қабули довталабон;

- омода ва ба раиси комиссияи қабул пешниҳод намудани рӯйхати омӯзгорони имтиҳонгиранда;

- ба роҳ мондани ҷараёни суҳбат оид ба номгӯи санҷишҳои дохилшавӣ аз рӯи ихтисосҳо;

- шинос намудани имтиҳонгирандагон бо тартиби гузаронидани имтиҳони қабул;

- назорат ва иштирок дар ҷараёни имтиҳони қабул;

- омода намудани рӯйхат ба комиссияи мандатӣ;

- оид ба рафти ҳуҷҷатсупорӣ дар муассисаи таълимӣ мунтазам (ҷамъбасти ҳафта) пешниҳод  намудани маълумот ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул, пешниҳод намудани ҳисоботи муфассали таҳлилӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. Бо мақсади ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул бо фармоиши директори муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ комиссияи фаннии имтиҳонӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи фаннӣ ду сол пайи ҳам таъин шуда наметавонад. Ба ҳайати комиссияи фаннӣ омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон аз дигар муассисаҳои таълимӣ шомил шуда метавонанд.

10. То оғози қабули ҳуҷҷатҳо ҳайати комиссияи қабули муассисаи таълимӣ корҳои зеринро ба анҷом мерасонанд:

- лавҳаи таблиғотии комиссияи қабули муассисаи таълимӣ;

 - нусхаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ;

- қоидаҳои қабул ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- нусхаи нақшаи қабул;

- номгӯи фанҳои имтиҳони қабул аз рӯи равия ва ихтисос;

- ҳуҷҷати тасдиқшудаи пардохти маблағи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавӣ;

- намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабули довталабон (бланкаҳои ариза, забонхат, қарордод, китобҳои бақайдгирӣ  ва дигар ҳуҷҷатҳо) ҷой дода шавад;

- матни корҳои хаттӣ;

11. Пеш аз қабули ҳуҷҷатҳо котиби комиссияи қабул дар бораи касби интихобнамуда, шароитҳои таълимӣ, масъалаҳои вобаста ба таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои хонандагон бо довталабон суҳбат мегузаронад.

12. Қабули ҳуҷҷатҳои дохилшавандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 01.07.2020 то 23.08.2020 гузаронида мешавад. Дар ҳолати зарурӣ, муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тамдид карда мешавад.

13. Қабул ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар асоси натиҷаи имтиҳони қабул сурат мегирад, ки тартиби онро муассисаи таълимӣ ва комиссияи қабул муайян менамояд. Дар ин ҳолат дар байни довталабон аз фанҳои алоҳидаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, имтиҳон (хаттӣ, даҳонӣ) гузаронида мешавад. Ба ҳамаи довталабон варақаи имтиҳонотӣ дода мешавад.

14. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 24.08.2020 то 28.08.2020 имтиҳони қабул гузаронида мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аввал имтиҳони хаттӣ (диктант) гузаронида мешавад. Имтиҳони дуюм (тестӣ ва ё анъанавӣ) вобаста ба ихтисос ва тарзи гузаронидани он аз тарафи комиссияи қабули муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад.

15. Дар имтиҳоноти қабул шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ба дохилшавандагон имконият дода шавад, ки сатҳи донишу маҳорати худро пурра нишон диҳанд.

16. Ҷамъбасти корҳои хаттӣ дар давоми 24 соат баъди имтиҳон дар ҷойи намоён овехта мешавад.

17. Ҳаҷми матни диктант барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти умумии асосиро хатм намудаанд, бояд 110-120 калима ва барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намудаанд, 130-150 калимаро ташкил намояд.

Довталабоне, ки баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, ба муассисаи таълимӣ қабул карда намешаванд.

18.  Довталабони гурӯҳҳои шартномавӣ баъди супоридани имтиҳонҳо фақат дар сурати пардохт намудани маблағи таҳсил тибқи қарордод ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул карда мешаванд.

19. Ҳаҷми маблағи таҳсил барои таълими шартномавӣ дар асоси қарори Шӯрои муҳандисӣ-омӯзгорӣ муайян гардида, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дахлдор мувофиқа карда мешавад ва дар Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дарҷ мегардад.

20. Довталабони зерин бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:

- довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ (умумӣ)-ро бо медали тилло хатм намудаанд;

- ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;

- довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ (умумӣ) – ро бо медали нуқра хатм намудаанд, ба тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

21. Ятимони кул, бепарасторон, хатмкардагони интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон, маъюбони дараҷаи 1 ва 2, шахсоне, ки хизмати ҳарбиро ҳамин сол адо кардаанд, дар доираи холҳои гирифтаашон қабул карда мешаванд.

22.  Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд ба имтиҳони минбаъда роҳ дода намешаванд, инчунин, баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтаанд, аз нав супоридани имтиҳони қабул иҷозат дода намешавад.

23. Хонандагон ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар асоси қарори комиссияи мандатӣ бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ қабул карда мешаванд.

24. Назорат аз болои фаъолияти комиссия ва имтиҳони қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.

25. Гурӯҳбандии дохилшудагон аз рӯйи ихтисосҳо бо назардошти заминаи таҳсилот ва нишондоди меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

26. Хонандагоне, ки ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ қабул мегарданд ва аз оғози соли таҳсил дар муддати 20 рӯз беасос ба таҳсил шурӯъ намекунанд, бо фармоиши директор аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.

27. Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки ба муассисаи таълимӣ қабул нашудаанд, дар асоси пешниҳод намудани забонхат оид ба қабули ҳуҷҷатҳо баргардонида мешаванд. (Дар ҳолати гум кардани забонхат, баргардонидани ҳуҷҷатҳо дар заминаи аризаи соҳиби ҳуҷҷат ба номи директори муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад). Ҳангоми баргардонидани ҳуҷҷатҳо фақат шаҳодатнома дар бораи таҳсилот баргардонида мешавад.

28.  Аризаҳои шикоятӣ вобаста ба масъалаҳои қабули хонандагон ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби комиссияи қабул дар муҳлати 1 рӯз баррасӣ мегардад.

29.  Дар ҳолати қонеъ нагардидан аз қарори комиссияи қабул довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар муҳлати 3 рӯз баъди қарори қабулшуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муроҷиат намояд.

30.  Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 сентябри соли 2020 аз натиҷаи қабул ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи хаттӣ пешниҳод менамоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш