Нашрияи Омӯзгор

Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон коҳиш ёфтааст

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 135        Шарҳ: 0

 

Зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба фаъолияти    серпаҳлуи   вазорат ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар давоми соли гузашта аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилии  мамлакат 1211 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ошкор карда шуд ва ду сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ гардид.  Аз миёни  инҳо 161 нафар узви  ташкилоти террористӣ  муайян ва дастгир шуда, 218 шаҳрванде,  ки дар амалиёти мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ба таври ихтиёрӣ ба Ватан бозпас баргардонида шуданд.  Ба иттилои вазир, агар соли 2018 аз тарафи ноболиғон 907 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2019 ин адад 873 – ро ташкил додааст, яъне 34 ҷиноят кам рӯй додааст. Дар байни ҷавонон бошад, баръакс, он афзудааст. Ҷиноятҳои аз тарафи ҷавонон баамаломада нисбат ба соли 2018 153 адад афзудааст. Вазир қайд намуд, ки садамаҳои нақлиётӣ низ аз ҷумлаи ҳодисаҳои нохушеанд, ки ҳам бо айби соҳибони нақлиёт ва ҳам пиёдагардон рух медиҳанд ва  аксар пиёдагардон бо ҷурми надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба чунин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Мутаассифона, бо сабабҳои номбаршуда кӯдакон низ ба он мувоҷеҳ мегарданд.     

- Мутаассифона, - гуфт вазир, - баъзе  падару модарон ҳоло ҳам ба  тарбияи фарзандон чандон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Рейдҳои ташкилнамудаи кормандони ВКД нишон дод, ки баъзан бачаҳои мактабхон ҳатто  баъди соати 24 – и шаб низ дар тарабхонаву дискоклубҳо вақтгузаронӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамкориро бо мактабҳои пойтахт ба роҳ мондем. Аз ҷумла, се ҳолати нохуши дар мактабҳо рухдодаро ба қайд гирифтем, сабабгорони онҳо ва падару модарони гунаҳкардаҳоро ҷавобгар кардем. Амалиёти «Корд» - ро  ташкил  кардем ва ба ин восита 2 ҳазор корди гуногунро мусодира намудем.114 нафар гунаҳкор дастгир карда шуданд, ки дар байни онҳо 26 нафарашон ноболиғонанд.

Дар баробари ин, 1762 корду электрошокҳо аз мағозаҳои шаҳр мусодира карда шуд.

Вазир афзуд, ки барои ҳар чи бештар аз байн бурдани ҷиноятҳо дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро бояд  ба роҳ монд. Ҳамкориро дар байни мактабу оила бояд ҷоннок кард. Вай дар ин масъала иштирок ва саҳми   рӯзноманигоронро ҳатмӣ шуморид.

Ҳотами ҲОМИД ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш