Нашрияи Омӯзгор

Рӯзноманигори шинохта, инсони некдил

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 167        Шарҳ: 0

 

Дар зиндагӣ инсонҳое  вомехӯранд, ки  кас  бо як суҳбати сарироҳӣ, бо ҷозибаи чеҳраи  гарм ва сухани пурилтифоташон як умр аҳди дӯстиву бародарӣ бо эшон мебандад. Гоҳо бо гузашти солҳо кас фаромӯш мекунад, ки кай, дар куҷо, чӣ гуна бо чунин  одамҳо шинос шудаву риштаи меҳру садоқатро пайваста буд.

Чунин инсонҳои шариф одатан,  хеле одиву ботамкин, орӣ аз ҳар гуна аъмоли ношоиста, макру фиреб, дурӯғу такаббуранд. Ҳамаи ин хислатҳои ҳамида ба дӯсту бародари арҷманди мо, журналисти шинохта, шореҳи варзиш, инсони покзамиру марди хирадпеша Мирзосафар Шамсиддинов созгор омада.

Чунонки аз суҳбатҳои дӯстона бо ӯ дар-ёфтаем, вай аз бачагӣ заҳмат кашидану нони ҳалол  ба даст оварданро  дар зиндагӣ шиори худ намудааст. Ин хислати басо ҷавонмардонааш ӯро дар байни дӯстони даврони бачагӣ, айёми таҳсил ва фаъолияташ дар чанд нашрияи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби обрӯву эҳтиром гардондааст. Маҳз ҳамин хислатҳои некаш сабаб шудаанд, ки аз касе вобаста набудаву худро ҳамеша чун як фарди  вораставу озод эҳсос менамояд. Ӯ то тавонистааст, бар он кӯшидааст, ки аз ҷиҳати моддиву маишӣ, ақаллан, бо сухани  неке дили дардманд ва ё дасти дармондаеро гирифта бошад. Зеро ӯ, чунонки худаш борҳо дар ҳалқаи дӯстонаш қисса намудааст, дар интернат таҳсилу рӯзгор ба сар бурдааст. Он ҷо низ дили дардмандони бисёреро ба даст овардаву онҳоро бо суханони меҳрбор рӯҳбаланд бинмудаву оташи зиндагиро дар қалбашон афрӯхтааст.

Ниҳоят, омӯзишҳои пайваставу шабҳои бехобӣ, афрӯхтану худафрӯзӣ корагар гаштанду Мирзосафар, ин бародари арҷманди мо, бо қалам унс гирифт. Аз камбудиҳои атроф, мушкилоти рӯзгор, роҳҳои беҳ гардондани маишати мардум хабару мақола, гузоришҳои мусалсал навиштаву бо кулли нашрияҳои ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ҳамкориро зич ба роҳ монд. Баъзан нома ҳам мегирифт, маслиҳат медоданд, ки «ин тавр нанавис» - у «он тавр бикун». Аммо Мирзосафар  рисолати  азалии қаламро ки медонист, мекӯшид, ки онро танҳо ба фоидаи ҷомеа истифода барад,  хомааш созанда бошад, на сӯзанда. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Барои ин баҳри боз ҳам сайқал додани маҳорати хеш кӯшишу заҳмати пайваста ба харҷ медод. Ин буд, ки дар муддати андаке таҷриба ҳосил кард ва дигар аз ӯ баъзе аз идораи рӯзномаву маҷаллаҳо хоҳиш мекарданд, ки дар ин ё он мавзӯъ мақолаву гузориш навишта фиристад, зеро ин масъаларо, ба андешаи ғолиб, танҳо ӯ метавонад ҳаллу фасл намояд. Чунин якрӯву якқавл будани шахси муаллиф акнун ба кулли алоқамандони соҳаи журналистикаи ҷумҳурӣ маълум буд. М. Шамсиддинов бештар ҳамкориро бо рӯзномаҳои  бонуфузи ҷумҳурӣ – «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Садои мардум», «Маориф ва маданият» («Газетаи муаллимон», ҳоло «Омӯзгор») ба таври мустақим ба роҳ монд.

Як хусусияти умдаи эҷодкории Мирзосафар  инъикоси вазъи варзиш дар ҷумҳурист. Аз муваффақияту  комёбии варзишгарони маҳалу ноҳия, шаҳру вилоят, ҷумҳурӣ, ба қавли мардум курта – курта гӯшт мегирифт. Мисли он ки худ варзишгари ғолиб бошад, басо хурсанду болидарӯҳ мегардид. Ниҳоят, мавзӯи инъикоси вазъи риштаи варзишро дар меҳвари фаъолияти рӯзноманигориаш қарор дод.  Шояд имрӯз дар байни рӯзноманигорони ҳирфавии ҷумҳуриамон касе мисли ӯ ин соҳаро надонаду  мисли вай ба миқдори ин қадар зиёд дар шаклҳои гуногуни ин соҳа мавод таҳияву чоп накарда бошад?! Зеро беш аз 30 китобе, ки ба табъ расондааст, аксар аз ҳаводиси соҳаи варзиш қисса мекунанд. Китобҳои «Машъалафрӯзи варзиш», «Варзиш - саҳнаи нангу номус», «Савганди паҳлавонӣ» ва ғайра бозгӯи ҳамин гуфтаҳои мост. Дӯст ва бародари мо, журналисти варзида Мирзосафар дар баробари вазифаи касбии хеш дар оила падари ғамхору бобои дӯстдори набераҳои ширин ҳам ҳаст. Аз ин меболад, албатта. Дар чанд суҳбат худ  иброз дошт, ки басо хурсанду хушбахт аст аз додаҳои Худованд. Аз чунин бахти баландаш меболад: ҳамсари вафодору фарзандони баркамол, набераҳои дӯстрӯро дар атрофаш дида, хурсанд аз он аст, ки барояш ҳамдами розанду зиндагиашро пурбортару рангинтар мекунанд. 

Мирзосафар Шамсиддинов барои хизматҳои бардавом бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон» ва боз бо чандин ҷоизаи дигар сарфароз гардидааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, журналисти  шуҳратёр, устод Мирзосафар Шамсиддинов ин ҳафта ҳафтодсола мешавад. Устодро бо ин санаи фархундаи ҳаёташ табрик гуфта, барояш рӯзгори пурнишоту зиндагии шоиста, ҳузуру ҳаловати фарзандону наберагонро таманно дорем.

 

А. Илёспур,

Ҳ. ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш