Нашрияи Омӯзгор

Саноатикунонӣ - асоси таъмини рушди устувор

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 232        Шарҳ: 0

 

Таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва ба як давлати тараққикардаи ҷаҳонӣ табдил додани мамлакат, аз ҷумла,  ба саноатикунонии босубот вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии давлат эълон намуданд.

Бо амалӣ гардидани ин ҳадаф Тоҷикистон зина ба зина аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрии пешрафта табдил хоҳад ёфт. Татбиқи ин ҳадаф ба рушди босуботу устувори иқтисоди миллӣ, бунёди соҳаҳои нави саноати миллӣ ва ҷойҳои нави корӣ, беҳтар кардани ҳолати иҷтимои аҳолӣ, коҳиш додан ба сатҳи болоравии муҳоҷирати меҳнатӣ, ғанигардонии буҷети давлат мусоидат менамояд.

Дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 2161 адад корхонаи саноатӣ фаъолият кардааст, ки ин нисбат ба соли 2013 19,8% зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ (бо нархҳои соли 2018) ба 23894 млн сомонӣ расонида шудааст (81,9% афзудааст). Дар ин корхонаҳои  саноатӣ соли 2018 85,6 ҳазор корманд фаъолият намудаанд, ки нисбат ба соли 2013 9,3 ҳазор нафар ё ин ки 12,2% зиёд мебошад.

Агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро аз рӯи нархҳои дахлдори сол муқоиса намоем, он гоҳ маълум мегардад, ки соли 2018 нисбат ба соли 2013 ҳаҷми он 2,4 баробар афзудааст. Таҳлили таркиби ҳаҷми маҳсулоти  саноатӣ  дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки  соли 2018-ум 1% он ба ВМКБ, 48,1% он ба корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, 30,7% ба вилояти Хатлон, 11,2% ба шаҳри Душанбе ва 9%  ба ноҳияҳои тобеии ҷумҳурӣ рост меояд. Дар ин давра дар таркиби ҳаҷми истеҳсолоти  саноатӣ  тағйирот ба амал омада, мавқеъи вилояти Суғд тағйир ёфта, аз 31,7% ба 48,1% расидааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии дар корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон истеҳсолгардида, ки соли 2013 41,0% ташкил медод, ба 10,3% кам шудааст.

Агар  имкониятҳои дохилӣ, захираҳои моддӣ ва меҳнатии ин ду вилоятро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бештар имконияти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ ё коркарди саноатии маҳсулотҳои хоҷагии деҳот мавҷуд аст.

Соли 2018 истеҳсоли 58996 тонна (бо шакли асл) гӯшт якҷоя бо  каллапочаи навъи якум истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба соли 2013 2,2  баробар зиёд аст ( ба ҳисоби  миёна  ба сари як нафар аҳолӣ 6,6 кг рост меояд). Дар таркиби ҳаҷми умумии истеҳсоли гӯшт, якҷоя бо  каллапочаи  навъи якум ҳиссаи вилояти Хатлон 42,1%, вилояти Суғд 42,7%, шаҳри Душанбе 10,9%, ноҳияҳои тобеъи  ҷумҳурӣ 4,0%, ВМКБ 0,3% мебошад. Дар ин давра  истеҳсоли ҳасиб ба 4629 тонна  расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2013 2,2  баробар зиёд аст.

Ҳамин тавр, дар истеҳсоли умумии ҳасиб  ҳиссаи корхона-ҳои саноатии вилояти Суғд 43,5% ва шаҳри Душанбе 42,5%-ро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки истеҳсолкунандагони асосии ҳасиб дар ҷумҳурӣ корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд. Оё дар вилояти Хатлон чунин имконияти истеҳсоли ҳасиб  нест?

Истеҳсоли  равғани чорво  соли 2018 ба 153,6 тонна расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2013 6 баробар зиёд аст. Истеҳсолкунандагони  саноатии ин намуди равған корхонаҳои саноатии вилояти Суғд (91,4%) ва шаҳри Душанбе (18,6%) мебошанд. Аз чӣ бошад, ки масъулини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин самт фаъол нестанд.

Самти дигари фаъолияти корхонаҳои саноатии кишварро  истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои ширӣ ташкил медиҳад. Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширӣ 14,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2013 2,5 баробар зиёд аст. Дар ин навъи  истеҳсолот низ корхонаҳои  вилояти Суғд ва шаҳри  Душанбе бартарӣ доранд.

Қисме аз маҳсулоти истеҳсолоти кишоварзӣ дар шакли консерваҳо ба истеъмолкунандагон пешниҳод шудааст. Соли 2018 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли консерваҳо 23,6 млн банкаи шартиро ташкил додааст. Қисми зиёди он (73,7) ба корхонаҳои саноатии  вилояти Суғд рост меояд. Дар корхонаҳои  саноатии вилояти Хатлон 4,8 млн. банкаи шартӣ консерва истеҳсол карда шудааст, ки он 20,3%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли консерваро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки истеҳсоли консерваҳо дар ҷумҳурӣ соли 2018  нисбат ба соли 2013 хеле кам шудааст. Масалан,  соли 2013 дар ҷумҳурӣ ҳаҷми  истеҳсоли  консерваҳо 69,9 млн банкаи шартиро ташкил дода буд.  Дар соли 2018 бошад, истеҳсоли он якбора кам гардида, ба 23,6 млн банкаи шартӣ расидааст (46,3 млн банкаи шарти кам шудааст).

Аммо истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар ин давра 2,2 баробар,  маҳсулоти  макаронӣ 8,2%, нӯшокиҳои  беспирт 81,1%, обҳои маъданӣ 16,3%, меваи хушк 62,0% афзоиш ёфтааст. Дар ин давра истеҳсоли биринҷ ба 18586 тонна расонида шуд, ки ин  нисбат ба  соли 2013 3,2 баробар зиёд аст.

Натиҷаи таҳлилҳои коркарди  саноатии пахта нишон медиҳад, ки ҳаҷми он соли 2018 нисбат ба  соли 2013 кам шудааст. Агар соли 2013 истеҳсоли нахи пахта 111,6 ҳазор тоннаро  ташкил дода бошад, пас вай дар соли 2018 ҳамагӣ 98,2 ҳазор тоннаро ташкил додаст, истеҳсоли чигит аз 180,8 ҳазор тоннаи соли 2013 ба 151,1 ҳазор тонна дар соли 2018 паст рафтааст.

Ҳамин тавр,  дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли  улюк  (тораки пахта) 17,7%,  нахи пахта 14,4%,  газвори пахтагин 58,5% ва дигар  маҳсулотҳои  истеҳсоли бофандагӣ кам шудааст. Ин дар ҳоле сурат гирифтааст, ки  ҳаҷми  истеҳсоли пахта дар ин давра 8 баробар,  калобаи пахтагин 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои кам шудани истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ, аз як тараф, агар нарасидани ашёи хом бошад, аз тарафи дигар, нарасидани мутахассисони касбӣ ва омилҳои иқтисодӣ мебошанд.

Дар натиҷаи  тадбирҳои  амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи  саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3% афзоиш ёфт. Вобаста ба нақши муҳим доштани саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Ҳамзамон,  Президенти кишвар дастур доданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад.

Барои  расидан ба ин мақсад Сарвари кишвар зарур донистанд, ки  амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ  таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад.

Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ дар  мулоқот  бо соҳибкорон ёдовар шуданд, ки дар зарфи 25 соли охир зиёда аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди  инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллард сомонӣ сарф гардидааст. Ҳамчунин, зиёда аз  60 лоиҳа  бо маблағи беш аз 30 миллард сомонӣ дар самтҳои энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, беҳдошти ҳолати замин, инкишофи соҳаҳои саноати кишвар ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии давлат  вобаста ба саноатикунонии мамлакат ва рушди соҳа дар он аст, ки  на танҳо содироти маҳсулоти хом кам карда шавад, ҳамчунин, маҳсулоти воридотивазкунандаро зиёд карда, ба бозорҳои хориҷа бештар маҳсулот пешниҳод гардад.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди соҳа дар давраи истиқлолият, дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи  умумии 23 миллард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло бо дастгирии Ҳукумати кишвар татбиқи 9 лоиҳаи дигар  ба маблағи умумии 6 миллард сомонӣ  идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши саноат, аз ҷумла, саноати хӯрокворӣ калидӣ дониста мешавад. Тайи солҳои охир дар мамлакат корхонаҳои зиёди хурду миёнаи саноатӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар рушди соҳаи саноат ва таъмини аҳолӣ бо намудҳои  гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ назаррас гардидааст. Масалан, соли 2018 дар ҷумҳурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, нӯшокиҳо 511 корхонаҳои гуногун мавҷуд буд. Аз ин миқдор 64 адади онҳо аз фаъолият бозмондаанд. 

Дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 28 корхона ба истеҳсоли  ҳасиб  машғул буд. Ҳаҷми истеҳсоли он 4626,1 тоннаро ташкил дод, ки  ин нисбат ба  соли 2017 1,5% зиёд аст, ба истеҳсоли  равғани маска 7 корхона машғул шуда 153,1 тонна чунин равған истеҳсол кардаанд. Ин нисбат ба  соли 2017 65,5% зиёд аст. Ба истеҳсоли панири равғанин 14 корхона, маҳсулоти ширӣ зиёда аз 60 корхона, консерваҳои  меваю сабзавот 39 корхона,  биринҷ 17 корхона, нон ва  маҳсулоти  нонӣ 93 корхона, маҳсулоти макаронӣ 16 корхона машғул  шудааст.

Аммо ҳоло дар ҷумҳурӣ имконияти зиёде оид ба бунёди  корхонаҳои нави саноатӣ барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, барои  коркарди  лаблабуи қанд, каду, маҳсулоти  лубиёгӣ, зағир, кунҷит, ангур ва ғайра мавҷуд аст. Масалан, аз лаблабуи қанд метавон бештар шакар, спирти тиббӣ истеҳсол кард. Боқимондаи онро ҳамчун хӯрок барои чорво истифода кардан мумкин аст. Аз ин ҳисоб  имконият пайдо  мегардад, ки  талаботи бозори дохилӣ бо қанд ё шакари арзон таъмин карда шавад ва барои бунёди ҷойҳои нави корӣ имконият фароҳам ояд.

(Давом дорад)

 

Зариф Шарифов

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДАТ

ба номи Ш. Шоҳтемур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш