Нашрияи Омӯзгор

Забони модарӣ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 252        Шарҳ: 0

Забони модарӣ, ман дорамат дӯст,

Тӯӣ ганҷинаи шаҳри умедам.

Туро дорам, ғаме ҳаргиз надорам,

Ту меорӣ зи хушбахтӣ навидам.

Забони Рӯдакию Мавлавиӣ,

Забони родмардони бузургӣ.

Ба майдони адаб чун яккатозӣ,

Сутургӣ ту, сутургӣ ту, сутургӣ.

Ба ту овардаам бо шавқи афзун

Каломи аввалинро бар забонам.

Ба ҳарфи дилкаши ту гуфтаам ман

Ба назди ёр бас рози ниҳонам.

Агарчи  савлату давлат надорам,

Валекин бо ту соҳибдавлат астам.

Туро чун модари фарзонаи худ

Зи аввал то ба охир мепарастам.

 

 

Модар

Чашмаи оби бақоӣ, модарам,

Бар ҳама дардам давоӣ, модарам.

Дилкушою дилпазиру дилрабо,

Кони маънию сафоӣ, модарам.

Одамиятро зи ту омӯхтам,

Чашмаи ақли расоӣ, модарам,

Аз ту раҳ бурдам ба дунёи ҳунар,

Бар зафарҳо раҳнамоӣ, модарам.

То ҳамегирам нафас дар зиндагӣ,

Дар дилу дар дида ҷоӣ, модарам.

Давлати пояндаи духтар тӯӣ,

Дар сарам боли ҳумоӣ, модарам.

Нури ту дар пеши поят сар ниҳад,

Офтоби пурсахоӣ, модарам.

Нуринисо Акрамова,

раиси Шӯрои бонувони коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш