Нашрияи Омӯзгор

Шукрона бояд кард

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 230        Шарҳ: 0

 

17-уми январи соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе маросими рӯнамои китоби тозанашри омӯзгори варзида, публитсист ва ҷомеашинос Алиназар Бекназаров «Шукрона бояд кард» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбодов,  муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа,  фарзандону пайвандону ва дӯстону шогирдони муаллиф иштирок ва суханронӣ карданд.

Наҷмиддин Шоҳинбод гуфт, муаллиф, омӯзгор,  Алиназар Бекназаров бо далелҳои рӯшан, аз дид ва нигоҳи таҷрибаи ҳаётии хеш таърихи мухтасари як гӯшаи диёри маҳбубамон-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар шакли публитсистикаи оммавӣ ба қалам додааст.

Муҳаррири китоби мазкур Абдураззоқ Саидов қайд кард, ки Алиназар Бекназаров ҳарчанд омӯзгори риёзист, аммо ба забону адабиёт низ шавқи беандоза дошта, якчанд китоб навиштааст. Ӯ оид ба ҳаёту зиндагии мардуми Бадахшон маълумоту иттилооти зиёдеро ҷамъ овардааст. 

Ато Мирхоҷа роҷеъ ба фаъолияти пурсамари А. Бекназаров  изҳор дошт, ки устод солҳои тӯлонӣ дар мактабҳои ноҳияи Шуғнон  ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шуғл варзидааст. Соҳиби дониши комилу ҷаҳонбинии васеъ мебошад. Нуктаи муҳим ин аст, ки ӯ дар ҳаёту рӯзгорашон ҳамеша ростпиндору ростгӯю рострав буду ҳаст. Алиназар Бекназаров ҳамеша ба зиндагӣ нигоҳи нек дорад ва зиндадил аст. Имрӯз ба синни мубораки 90 расидааст, вале ҳоло ҳам ҳамон тавр зиндадилу некбин боқӣ мондааст.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш фарзандону пайвандон ва дӯстону шогирдон низ дар бораи рӯзгору фаъолияти Алиназар Бекназаров ҳарф зада, хотираҳои ҷолибро ба ҳозирин ёдоварӣ намуданд.

Сипас, Гулбутта Хусравбекова, намоянда аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ба Алиназар Бекназаров нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.

Дилафрӯз Қурбонӣ, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш