Нашрияи Омӯзгор

Собитгари тамаддуни дерин

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 356        Шарҳ: 0

 

Дар китоби Президенти АИ ҶТ Ф.Раҳимӣ, ки оид ба ёдгории Саразм ва корҳои анҷомдода дар ин мавзеъ бахшида шудааст, чунин омадааст: «Саразм ягона ёдгории аҳди энолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр буда, ба миёнаи ҳазорсолаи 4–ум ва ибтидои ҳазорсолаи 3-юм (то мелод) мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст».

Дар таҳқиқи ёдгориҳои таърихии Саразм  хизмати таърихшиносони бузург Б.Ғафуров, А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, Б.А. Литвинский, В.А. Ранов хеле бузург аст.Саразми бостон 13 сентябри соли 1976 аз тарафи доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст ва яке аз дастовардҳои бузурги асри ХХ дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад.

А.Исҳоқов дар китоби худ «Саразм - оғози тамаддуни тоҷикон» дар бораи ин шаҳри қадимаи тоҷикон ба таври муфассал навиштааст. Бояд гуфт, ки китоби мазкур аз ҷониби донишмандон сазовори баҳои баланд гаштааст.

Осори аз Саразм ёфтшуда бо тамоми марказҳои мадании он давра- Намозгоҳу Олтинтеппа, Мундигаку шаҳри Сӯхта, Миргару Пирак, Хараппа, Ҳисору Қӯрғонтеппа робитаи бевосита дорад. Муҳаққиқони Саразм тахмин мекунанд, ки дар ибтидои ҳазораи II (то мелод) дар ин шаҳрак 8 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекарданд. Хонаҳои Саразм аз хишти хом сохта шудаанд ва биноҳои истиқоматӣ, хоҷагӣ маъмурӣ ва динии мавзеъ аз ҳунари баланди бинокорон дарак медиҳанд. Дар Саразм қабри шаҳбонуеро кашф намудаанд, ки  зиндагии давлатмандона доштааст.  Дар қабр марҷонҳои тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо, садаф ва ғайра ёфт шудаанд, ки аз баланд будани мақоми зан дар давраи саразмиён далолат мекунанд. Дар ибтидоӣ  ҳазораи 2-юми то мелод ба монанди дигар минтақаҳои Осиёи Миёна Саразм ба хушксолӣ гирифтор шуда, мардуми он ба доманакӯҳҳое, ки дар он ҷо об ҳаст, кӯчида рафтаанд. Ин ёдгории нодири таърихӣ боз аз он гувоҳӣ медиҳад,ки тоҷикон аз давраҳои хеле қадим шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти баланди заминдориву кишоварзӣ будаанд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид. Саразм ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Саразм имрӯз яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Он дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри бостонии Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумиаш зиёда аз 100 га ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад.

Холбибӣ Ҳасанова,

омӯзгори калони коллеҷи

информатика ва техникаи

компютерии шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш