Нашрияи Омӯзгор

«Музейи китоб» зарур аст ё тарабхона?

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 156        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  рӯзи 26 декабри соли 2019 дар қатори масоили муҳими давлатӣ, инчунин, ба раванди таълиму тарбия, китобхон гаштани толибилмон дар  ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ дода, таъкид карданд:

«Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими фарҳангӣ табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат маро ба фикр кардан водор намуд ва гузаштаи на он қадар дур ба хотирам омад ва саҳифаҳои онро варақгардон карда сахт ғамгин гаштам. Воқеа ин тавр буд:

Соли 1986 бо дастгирии Раёсати ҷамъияти китобдӯстони ҷумҳурӣ, мақомотҳои роҳбарикунандаи шаҳри  Истаравшан ба ман муяссар гашта буд дар ин шаҳр нахустин дар ҷумҳурӣ «Музейи китоб»-ро таъсис диҳам. Бо ин мақсад ба мо - ташкилоти шаҳрии Ҷамъияти китобдӯстон толори идораи рӯзномаи «Паёми Истаравшан»-ро вобаста намуданд. Бо маблағгузории Ҷамъияти дӯстдорони китоби ҷумҳурӣ толорро аз таъмири хушсифат бароварда, бо рафу ҷевонҳои китобмонӣ, мизу курсиҳо муҷаҳҳаз намудем. Барои «Музейи китоб» аз мардум китобҳои нодири адибони классику муосирро ҷамъ овардем.

Аҳли шаҳр  китобҳои қадима, асарҳои адибони муосири тоҷик ва халқҳои ҷаҳон, қаламдону матоъҳои паргаметии аз пӯстлохи дарахт сохташуда ва ғайраҳоро оварда ба музей туҳфа менамуданд. Дар як гӯша дастгоҳҳои қадимаи китобчопкунӣ, намунаи коғазҳои чопӣ ва паргаметӣ ба намоиш гузошта барои ифтитоҳ музейро омода сохтем. 20 феврали соли 1986 одамон аз шаҳру  ноҳияҳои Истаравшан, Дешватич, Зафаробод ва шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе дар назди даромадгоҳи «Музейи китоб»  ҷамъ омада буданд.

Ба хотири кушодани нахустин «Музейи китоб» дар шаҳри Истаравшан аз Москва ҷонишини аввали раиси ҷамъияти умумиитифоқии дӯстдорони китоб А.А.Шувалов, адибони тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҳазратқул Файзиев, ҷонишинони раиси ҷамъиятии ҷумҳуриявии дӯстдорони китоб Паринамо Ҷумъаева ва Азиз Эргашев, вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон Лазиз Қаюмов, котиби масъули ҷамъиятии китобдӯстони вилояти Ленинобод Дадоҷон Юсуфов, аксари раисон ва котибони масъули ҷамъияти китобдӯстони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дорандагони  китобхонаҳои шахсӣ аз қабили «Кошонаи Саъдӣ»-и Акбар Бобохӯҷаев, «Маскани зиё»-и А.Қаюмов аз ноҳияи Деваштич, «Панди Сино»-и Набиҷон Назиров, Раҳмоналӣ Қурбоналиев аз ноҳияи Восеъ ва дигарон ташриф оварданд.

Баъди суханронии раиси шаҳри Истаравшан Фотима Шарифова, ҷонишини аввали раиси ҷамъияти дӯстдорони китоби умумииттифоқӣ А.А.Шувалов, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Лазиз Қаюмов, Паринамо Ҷумъаева ва дигарон чухан гуфта, барои ташкили чунин махзани маърифат ба ташкилкунандагон миннатдорӣ баён намуданд.

Лентаи рамзиро А.А.Шувалов ва Л. Қаюмов бурида, ба кори «Музейи китоб» оғози расмӣ бахшиданд. Ҳамон рӯз  ва рӯзҳои дигар дари «Музейи китоб» кушода буд. Аз тарафи раёсати ҷумҳуриявии Ҷамъияти китобдӯстон як воҳиди махсуси корӣ муайян карда шуд. Рӯзе набуд, ки даҳҳо мухлисон ба музей наоянд ва китобҳои классикони адабиёти тоҷик ва муосирро истифода набаранд.

 Дар дафтари фикру мулоҳизаҳо гуфтаю навиштаҳои олимону адибони  тоҷику рус, ӯзбеку озар,  поляку чех  бо забонҳои тоҷикию русӣ, ӯзбекию гурҷӣ ва арабиро хондаи мумкин аст. Инак, чанд иқтибос:

«Китоб ақлу хиради ҳар миллат аст».

Ҳамду сано бод ба онҳое, ки ақлу фаросоти миллати худро маҳфуз медоранд ва барои дардошноён  армуғон мекунанд.

Гулназар Келдӣ 23.04.1986».

«Сад ташаккур ба китобдӯстони Ӯротеппа, ки чунин хазинаи гавҳарҳои  гаронбаҳоро ташкил карданд.

Бо эҳтиром, нависанда Р.Ҷалил 4.07.1986».

«Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба ду калимаи бузург эҳтиром доранд: нон ва китоб...»                   

Г.Гадҷиева ва Камол Насрулло.

«Дар ин ҷо мо аз хурдтарин то бузургтарин ва аз навтарин то қадимтарин китобро тамошо карда, ба ваҷд омадем. Ҳамду сано ба ташаббускори ин амали наҷиб, муҳтарам Сайфулло Маҳкамов»

Офарин бод ба ту, Сайфулло,

Хона додӣ бо кутубат оро.

Нури дониш биравад аз хона,

Равшаниҳо бидиҳад бар дилҳо.

Н.Ниёзӣ, М.Бобоҷонов, Султони Шоҳзода, 14.05.1987»

«Тамошои «Музейи китоб»-и Ӯротеппа ба мо таассуроти нек боқӣ гузошт. Чунин музей дар республика ягона аст. Ташаккур ба ташкилкардагон».

Масъуд Муллоҷонов, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Камолиддин Тошматов. 15.03.1989»

 Доктори илми филологӣ, профессор Атахон Сайфуллоев баъди тамошои  «Музейи китоб» ақидаҳои худро чунин иброз намудаанд:

«Музейи китоб»-и Ӯротеппа якумин сарчашмаи илму фарҳанг дар Тоҷикистон аст, ки ба чунин унвон таъсис ёфааст. Ин ташаббуси наҷиб қобили дастгирӣ ва кумаки ҳарҷониба мебошад ва пеш аз ҳама ёрии бевоситаи комитети партиявӣ ва комиҷрояии шаҳрро муҳтоҷ аст. Барои боз ҳам беҳтар, бойтар ва обрӯманд шудани он бисёр корҳоро анҷом додан мебояд, аз  ҷумла:

Базаи онро мустаҳкам бояд кард.

Аз байни халқ китобҳои нодири то давраи советӣ ва замони моро бештар  ҷамъ овардан лозим аст. Барои ин маблағ лозим аст, ки  онро аз ҷамъияти китобдӯстон ё ягон сарчашмаи  дигар пайдо бояд кард.

Штати кормандони музейро бояд афзуд, зеро нигоҳ доштани чунин музей, тарғиби маданият ва илму ирфони қадима, ҷамъоварии китобҳои нодир аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кори як шахс нест.

Беҳтар мешуд, ки оянда китобҳои қадима, давраи советӣ ва осори илму маданияти рус  ва  халқҳои  дигарро ба сексияҳо  ҷудо карда ба намоиш гузорем.

Музейро васеъ кардан, ба ягон бинои нав, ки дар  мадди назари халқ бошад, кӯчонидан мувофиқи малаб мебуд. 

А.Сайфуллоев 13.10.1987».

Сад дареғо, ки гуфтаҳои профессор А.Сайфуллоев амалӣ нагаштанд. Баръакс, аввали солҳои навадум бинои идораи  нашрияи «Паёми Истаравшан» ва «Музейи китоб»-ро ҳамчун бинои «садамавӣ» вайрон карда, ба ҷояш тарабхона сохтанд. Ҳоло аз он ҳодиса қариб 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, барқарор кардани «Музейи китоб» хеле мушкил гаштааст.

Агар ягон ташкилоти хайрхоҳ, мақомоти расмӣ ё соҳибкор бинои «Музейи китоб»-ро дар Истаравшан бунёд созад ва каме маблағ ҷудо намояд, ороиш ва муҷаҳҳазсозии онро мо худ бо ёрии фаъолон анҷом хоҳем дод.

Сайфулло МАХКАМОВ,

собиқ котиби масъули Ҷамъияти китобдӯстони шаҳри    Истаравшан, Аълочии матбуот ва маорифи  ҷумҳурӣ, Аълочии Ҷамъияти китобдӯстони умумииттифоқ, Аълочии бойгонии ИҷШС, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

ба номи А.Лоҳутӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш