Нашрияи Омӯзгор

Китоб – оинаи маърифати инсон

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 210        Шарҳ: 0

 

Имрӯз масъалаи бедор намудани шавқу рағбати насли наврас ба китобу  мутолиа дар мадди аввали назари Ҳукумати ҷумҳурӣ  қарор дорад. Ба роҳ мондани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо дастури Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муассиру таконбахше буд, ки насли наврас ва ҷавононро ба мутолиаю омӯзиши бардавом ҳидояту раҳнамун сохт. Ҳамакнун дар назди мо, омӯзгорон, вазифаи хеле масъулиятнок қарор дорад, ки он ҳам  зери назорат гирифтани мутолиаи осори бадеӣ аз ҷониби хонандагон мебошад.

Хусусан, дар синфҳои поёнӣ ин масъала хеле ҷиддӣ буда, пешниҳоди осори шавқовар дар бедории  завқи китобхонии шогирдон нақши муҳим мебозад. Дар ин боб, робитаи волидон бо мактаб ва роҳбарони синф низ аз манфиат холӣ набуда, бо тавсияи омӯзгорон падару модарон китобҳои зарурии ба синну соли фарзандашон мувофиқро аз фурӯшгоҳҳо дарёфт ва харид мекунанд. Нақши китобхонаи мактаб низ дар раванди ба мутолиа ҷалб намудани хонандагон хеле бузург аст.

Китобдори  бомаърифат ва соҳибфарҳанг дар дарёфту пешниҳоди асарҳои бадеии пурмуҳтаво дар ҳамкории бевосита бо омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони синфҳо метавонад  ҳиссаи босазо гузорад. Дигар аз омиле, ки меҳру муҳаббати китоб ва мутолиаро дар қалби шогирдони мактаб бедор менамояд, ин ташкил ва гузаронидани вохӯрию мулоқотҳо бо шоирону нависандагон, хусусан, адибони бачаҳо ба шумор меравад.

Воқеан, китоб оинаи ҷилобахши маърифати инсонҳост ва месазад, ки ҳар лаҳзаю соат ба ӯ рӯ орем.

 

Салтанат Салмонова,

омӯзгори мактаби №24,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш