Нашрияи Омӯзгор

Миллати китобхон тавоност

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 321        Шарҳ: 0

Тоҷикон аз қадим ба муҳимтарин сарчашмаи дониш-китоб ҳамбастагӣ доштаанду онро эҳтиром кардаву муқаддас мешуморидаанд. Обрӯю нуфуз ва мақому мартабаи байналмилалии ин халқи баруманд бо китобҳои маъруфу муҳтавомандаш иртиботманд аст.

Бисёр шоҳасарҳои адибони барҷастаи тоҷик, чун «Шоҳнома»-ву «Гулистон»-у «Бӯстон” ба забонҳои ҷаҳонӣ тарҷума шудаву манбаи маърифатпазирии хонандагон гардидаанд.

Китобҳои рубоиёти Хайёму ғазалиёти Ҳофиз дар саросари олам садсолаҳост, ки такрор ба такрор нашр шудаву марзҳои маънавии аҳли  сайёраро шодоб менамоянд. Имрӯз низ тоҷикон эҳтирому эътиқоди хоса ба китоб доранд ва дар тақвияти ҳисси китобпарастии ин халқи фарҳангӣ ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаставу муассир мебозанд. Сарвари кишвари мо зимни аксар суханрониву мулоқоту суҳбатҳои худ бо аҳли ҷомеа сухан аз китобу китобхонӣ ба миён меоваранд, мардумро даъват менамоянд, ки  бо китоб унс бигиранд, китоб мутолиа кардаву дунёи маънавии хешро ба ин васила рангин созанд. Дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки охири соли гузашта ироа гардид, боз ҳам ба масоили марбут ба арҷгузории китоб таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар соли 2019 бо ибтикори Пешвои миллат дар Ватанамон бори аввал озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” роҳандозӣ гардид, ки ҷунбиши маънавие дар байни аҳли кишвар ба вуҷуд овард ва ба он мусоидат кард, ки доираи васеи хонандагон, ба қавле, аз ҳафт то ҳафтодсола китоб рӯи даст оваранд ва маънавияташонро густариш бахшанд. Сарвари кишвар дастур доданд, ки ин озмун минбаъд ҳамасола мувофиқан ба се самт (хонандагони кӯдакистону мактабҳо, донишҷӯён ва калонсолон) баргузор карда шавад. Ин дастури маърифатпарастона, бешубҳа, боиси дар оянда афзудани сафи муштариёни китоб хоҳад шуд. Маълум, ки неруи миллат шоҳкитобҳои онанд. Ҳар қадар мардум китобхон бошанд, миллат ҳамон қадар маънаван тавонову соҳибсарват хоҳад шуд. Китоб дунёи мо, имрӯзу фардои моро фурӯзон мекунад, ба ҷодаи пирӯзӣ раҳнамун мешавад, тавонову пешравамон месозад.

Пешвои миллат ба рушд бахшидан ба фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дастур доданд ва тавсиф бинмуданд, ки “Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад...”

Президенти ҷумҳурӣ супориш доданд, ки минбаъд ба чопи китобҳои бадеӣ дар кишвар вусъат бахшида шавад ва мақомоти дахлдор барои харидории китоб маблағи зарурӣ ҷудо намоянд.

Ҳақ ба ҷониби Сарвари кишварамон аст, ки “ҳар қадар миллат китобхон бошад, ҳамон қадар тавоно хоҳад шуд” мегӯянд.

Нурия Мирзоева,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш