Нашрияи Омӯзгор

Соле буд бафайзу хотирмон

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 190        Шарҳ: 0

 

Солҳо меоянду мераванд ва дар маҷмӯъ  таърихро ташкил медиҳанд. Одамон дар доираи солҳо фаъолияту зиндагӣ намуда, мекӯшанд, ки ҳар сол пурбору пурбаракат бошад, нақше аз худ ба ёдгор бигзорад, ба пешрафту ободу хуррамтар гардидани диёри маҳбуб мусоидат бикунад.

Инак, мо дар арафаи ба ҳукми таърих гузаштани боз як соли мелодӣ қарор дорем ва меандешем, ки чӣ соле буд он ва чӣ навгониву манфиате ба аҳли ҷомеа эҳдо кард?

Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз солҳо дар Ватанамон рангубори нав, ҳусну таровати тоза ва мазнуну муҳтавои фарогир дарёфтанд. Мо бисту ҳашт соли истиқлолиятро паси сар кардем ва аксари ин солҳо барои халқи тоҷик файзбору нишотбахш буданд. Махсусан, дар давоми даҳсолаи охир Тоҷикистони маҳбуби мо бо суръати баланд пеш рафт ва дар тамоми соҳаҳо комёбиҳои барҷаставу беназир ба даст  оварда шуд. Акнун ҳар як соли кишвари мо пуропур аз  ҳодисаҳои фараҳбори  мусоидгар ба рушди мамлакат аст. Аз ин лиҳоз, нигоҳе ба соли 2019, ки ҳукмаш дар паҳнои таърих ба итмом мерасад, меафканем. Дар ин  сол, пеш аз ҳама, бо идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон обрӯю эътирофи Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон  боз ҳам боло рафт ва чандин ҳамоишу ҷаласаву озмунҳои байналмилалӣ маҳз дар мамлакати мо баргузор карда шуданд.

Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Пешвои  тоҷикон ва тасдиқи СММ роҳандозӣ шудааст, дар ҷумҳуриамон тадбирҳои зиёди барои аҳли башар манфиатовар татбиқ гардиданд. Соли сипаришавандаи 2019 нахустин соли  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд. Ба туфайли ин иқдоми  наҷибу ватандӯстона кишварамон боз ҳам пеш рафт  ва баҳри ободонии деҳаҳои ҷумҳурӣ, равнақ бахшидани сайёҳӣ ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёде, ки ҳуснафзои диёри  азизамон гардиданд, сомон бахшида шуданд.

Диёри  арҷманди мо бо фарҳангу маърифати волояш шуҳратёр аст. Аз ин ҷост, ки дар дарозои соли 2019 ба соҳаҳои маорифу илму фарҳанг  таваҷҷуҳи рӯзафзун  зоҳир гардид.  Дар соҳаи  маориф навгониҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла, нашри китобҳои нави таълимӣ, дастурҳои тозаи методӣ ва корбасти усулҳои фаъоли таълимро аҳли маориф самимона  истиқбол гирифтанд. Барои татбиқи муваффақонаи  низоми таҳсили босалоҳият боз як қадами дигар гузошта шуд ва аз ин лиҳоз омӯзгор  бештар таҷриба андӯхтанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки бо иқдоми Пешвои миллат роҳандозӣ шуд, аҳли кишварро боз ҳам ба ҷодаи маърифат ҳидоятгар гашт ва як ҷунбиши фарҳангие дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овард. Дар ин озмуни баландэътибор ба таври арзанда омода шудани шогирдонашон кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.

Бовар дорем, ки соли ояндаи 2020 барои тамоми сокинони ҷумҳуриамон соли пурфайзу пурбор ва соли комёбиву дастовардҳои навин мешавад.

 

Нигора Мирзоева,

Муноҷот  Бобоева,

омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш