Нашрияи Омӯзгор

Бунёди давлатдорӣ

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 195        Шарҳ: 0

 

Бо ҳуҷуми арабҳо ва дертар ҳуҷуми муғулҳо тоҷикон рӯзгори сахтро паси сар намуда бошанд ҳам, бузургони ин миллат тавонистаанд забон ва фарҳанги худро ҳифз кунанд. Маҳз кӯшишу заҳматҳои абармардони ин миллат буд, ки забони тоҷикӣ рӯз то рӯз ташаккулу таҳаввул меёбад.

Маълум, ки забон пойдевори давлат, эҳёкунандаи миллат, пешрафти ҷомеа ва нигаҳдорандаи халқият аст. Ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, то аз забони модарии хеш ҳимоят кунад ва онро пайвандгари наслҳо шуморад. Маҳз кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллатамон аст, ки забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланд гирифт ва бо он аз минбарҳои ҷаҳонӣ сухан мекунанд.

Воқеан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд: «Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёт нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад». 

Забон шиносномаи миллат аст. Ҳар як халқу миллатро маҳз бо забонаш мешиносанд. Арҷ гузоштан ба анъанаҳои таърихию фарҳангӣ ва забони давлатӣ боиси пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо мегардад.

Аз ин рӯ, мо бояд барои пешрафти давлату миллати худ саҳмгузор бошем ва дифоъ аз забони модарии хеш кунем. Ҳаргиз нагузорем, ки  касе ба забони мо, ба давлати мо, ба миллати мо халал расонад. Бояд  ҳамеша посдорандаи таъриху фарҳанги миллии худ бошем.

 

Ситора АНДАЛЕБОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш