Нашрияи Омӯзгор

Саразм – мероси фарҳангии сайёра

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 308        Шарҳ: 0

 

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик урфу одат, анъана, мероси бойю ғании таърихӣ дорад. Тибқи маълумот ҳоло дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуданд, ки онҳо дар манотиқи гуногуни кишвар ҷойгир шудаанд ва ҳамарӯза шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин минтақаҳо ташриф оварда, ба буҷаи Ҳукумат фоидаи калон меоранд. Саразм бошад, ҳамчунин маркази тамаддуни ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Шаҳри қадимаи Саразм соли 1976 аз ҷониби олим ва бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исоқов кашф шудааст. Ин ёдгорӣ дар 15км ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 км дар шарқ аз ш. Самарқанд ҷойгир шудааст.

Шаҳри қадимаи Саразм 4 давраи 4000 - соларо паси сар кардааст, ки фарқ байни ҳамдигар 1000-солӣ мебошад.

Корҳои пажӯҳишгарӣ ва кашфиёт дар ин ҷо аз бозёфти табари сангӣ аз ҷониби сокини Ҷамоати деҳоти Саразм Ашӯралӣ Тайланов оғоз шуда, пасон дар ин кор Абдуллоҷон Исоқов соли 1976 ибтикор нишон медиҳад. Баъдан ба омӯзиши он бостоншиносон, доктори илмҳои таърих С. Бобомуллоев, номзади илмҳои таърих А. Розиқов ва Ш. Қурбонов машғул шудаанд. Дар шаҳри қадима бостоншиноси фаронсавӣ Роланд Безенвал ва Франкфор Анрипол дар татқиқот бурдаанд.

Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дар бар мегирад. Шаҳр дорои қаср ва маъбадҳо, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо будааст. Мардуми он асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мешудаанд. Қадимтарин бозёфти он «Гӯри Маликаи Саразм» ба ҳисоб меравад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид.

Соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодири таърихӣ аз тарафи ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид.

 

М. КАРИМОВ,

Ҷ. ҶАҲОНГИРЗОД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш