Нашрияи Омӯзгор

Маориф - омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 192        Шарҳ: 0

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола самтҳои муҳимтарини рушди иқтисодиву иҷтимоии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро муайян менамояд.

Дар давоми як сол дар соҳаи маориф тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) бармеояд, корҳои муайян иҷро карда шуданд.

Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати кишвар сатҳи маблағгузории соҳа нисбат ба соли 2018 дар соли 2019 қариб 14 фоиз афзоиш дода шуда, маблағгузории барномаҳои соҳа асосан таъмин гардиданд.

Дар баробари маблағҳои буҷетӣ сармояи хориҷӣ ва маблағҳои дохилӣ низ барои рушди соҳа ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, алҳол дар соҳа 4 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Олмонии рушд ва Бонки Осиёии Рушд ба маблағи зиёда аз 50 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбӣ равона карда шудаанд. Соли равон таҳияи маводи зарурӣ дар заминаи гуфтушунидҳо бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати оғози лоиҳаи нав дар самти таҳсилоти барвақтии кӯдак ва бо Бонки исломии рушд, Шарикии глобалии таҳсилот ҷиҳати маблағгузории лоиҳа дар самти сохтмон ва идомаи ислоҳот дар самти таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бомувафақият амалӣ карда шуд. Интизор меравад, ки соли 2020 дар соҳаи маориф боз ду лоиҳа бо маблағи зиёда аз 80 млн доллари ИМА роҳандозӣ карда мешавад, ки қисми зиёди он маблағҳои грантӣ мебошад.

Маблағҳои мазкур асосан тибқи таъкиди Роҳбари давлат, ки устуворгардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф медонанд, ба харидорӣ намудани лабораторияву таҷҳизоти замонавӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосири таҳсилот, ки ба салоҳиятнокӣ равона карда шудаанд, сарф карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро ба маротиб зиёд намоем ва барои  рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем».Инчунин, ба ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки «…то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд».

Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” таҳия карда шуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 июни соли 2019, №316) тасдиқ карда шуд.

Барномаи мазкур бояд аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо дар ду марҳила амалӣ карда шавад. Дар марҳилаи  аввал- солҳои таҳсили 2019-2022 таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаи мазкур,  бозомӯзии мутахассисон барои таҳсилоти томактабӣ (гурӯҳҳои 6-солаҳо) аз ҳисоби омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, такмили маҳорати касбии мутахассисон ҷиҳати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия дар назар дошта шудааст.

Дар марҳилаи дуюм-солҳои 2022-2025 дар баробари сохтмони муассисаҳои томактабӣ омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави педагогӣ: педагог-равоншинос, педагог-логопед, сурдопедагог, тифлопедагог ва  тайёр намудани мутахассисон барои марказҳои инкишофи кӯдак ва дигар шаклҳои имконпазир дар назди коллеҷҳои омӯзгорӣ дар назар дошта шудааст.

Фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ дар шаклҳои гуногун бояд то соли 2021 ба 30 фоиз боло рафта, бо ҳадди васеи дастрасии барномаҳои таълимӣ дар синни калони томактабӣ (созмонбахшии ҳатмии гурӯҳҳои омодагии пешаз-мактабии 9 - моҳа) ташкил ёбад. Низоми таҳсилоти томактабӣ барои ҳалли вазифаҳои рушди барвақтии кӯдак равона гардида, ба ин васила барои баробар кардани имконияту шароити гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ ба кӯдакон аз гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ бояд мусоидат кунад.

Дар назар дошта шудааст, ки бо амалишавии барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ ба таври илова 4846 маркази инкишофи кӯдакон барои зиёда аз 120 ҳазор ҷойи нишаст ташкил карда шуда, зиёда аз 600 муассисаи томактабӣ барои  90 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.

Алҳол дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 659 адад ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97239 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 23 муассисаи томактабӣ  ва 661 нафар кӯдак зиёд мебошад.

Роҳбари давлат оид ба зарурати идомаи ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид намуда, ду самти мушкилотдоштаи соҳаро номбар намуданд: “Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар”. Дар ин росто, ба зарурати такмили сатҳу сифати таълим ва то соли 2020 пурра ҳаллу фасл намудани масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ таъкид намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, махсусан, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф то соли 2020 ислоҳоти мазмуни таҳсилот оғоз шудааст. Тибқи стратегияи мазкур низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ба  талаботи ҷомеаи муосир мувофиқ гардида, ба хонанда на танҳо дониш, инчунин, салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоӣ, ба монанди бо масъулиятнокӣ қабул намудани қарорҳо, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, тайёрии касбии ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат ва дигар малакаҳои ҳаётиро омӯзад. Қобили зикр аст, ки ба роҳ мондани муносибати босалоҳият ба таълим, қабл аз ҳама, такмили ихтисоси омӯзгорон ва дастрас гардонидани маводи таълимро ба омӯзгорону хонандагон талаб мекунад. Аз ин рӯ, тибқи нақша дар соли таҳсили 2016-2017 дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ карда шуд. Ба ин мақсад дар соли таҳсили 2015-2016 озмоиш гузаронида шуд, ки ба он зиёда аз 460 омӯзгор аз 50 муассисаи таълимии минтақаҳои гуногуни кишвар ҷалб гардиданд. Зимни ин чорабиниҳо стандартҳои фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, 30 номгӯй роҳнамои омӯзгор барои 8 фанни таълимии ин зина (синфҳои 1-4), 11 номгӯй замима ба китобҳои дарсӣ таҳия шуда, стандартҳои фаннӣ ба миқдори 4000 нусха, роҳнамои омӯзгор ба теъдоди 290 000 нусха, замима ба китобҳои дарсӣ ба миқдори 1 500 000 нусха нашр ва ба муассисаҳои таълим дастрас карда шуданд. 32 000 нафар омӯзгор аз такмили ихтисос ва омӯзиши таҳсилоти босалоҳият гузаронида шуданд, чор модули зарурии таълим, ки оид ба назария ва амалияи муносибати босалоҳият ба таълим тааллуқ доранд, таҳия ва ба нашр расиданд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим аз фанҳои табиӣ (биология, химия, физика, география ва технологияи иттилоотӣ) барои синфҳои 5-11 оғоз гардид. Ба ин мақсад 24 000 нафар омӯзгори фанҳои мазкур аз омӯзиш гузаштанд. Барои омӯзгорони фанҳои мазкур дастури методӣ оид ба «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионӣ» дастрас гардонида шуд. Дар ин давра маводи таҳқиқотии зиёде, махсусан, дар шакли дастурҳои методӣ ва мақолаҳо ба нашр расиданд. Озмоиши фанҳои боқимондаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – фанҳои филологӣ ва ҷомеашиносӣ ва татбиқи амалии муносибати босалоҳият аз ин фанҳо дар соли таҳсили 2019-2020 ба нақша гирифта шуда, соли таҳсили 2020-2021 бояд татбиқ карда шаванд. Ҳамин тавр, таҳсилоти босалоҳият зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро пурра фаро гирифта, фаъолиятҳои минбаъда ба ислоҳоти низоми баҳогузории салоҳиятҳо, мустаҳкам намудани дастовардҳо, гузаронидани курсҳои пайдарпаи такмили ихтисос ва амалӣ намудани низоми босалоҳияти таълим дар дигар зинаҳои таҳсилот равона карда мешаванд.

Роҳбари давлат, ба муҳим будани сатҳи касбияти омӯзгор дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таъкид намуда, дастур доданд, ки “...ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад”.

Ин аст, ки бо назардошти гузариш ба таҳсилоти салоҳиятнок барномаҳои такмили ихтисос омӯзгорон таҷдиди назар карда шуданд. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати ба роҳ мондани барномаҳои бозомӯзӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Курсҳои бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани ихтисоси омӯзгороне равона карда шудааст, ки ғайри тахассуси омӯзгорӣ ё фаннӣ мебошанд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудии ҳолати таълимгоҳҳо, таълифи барномаву китобҳои дарсӣ, мураттабу омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ ва маводи дигари зарурӣ мунтазам чораҳои амалӣ меандешад. Ҷиҳати азнавсозии мазмуни таҳсилот, таҳияи стандартҳои нави фаннӣ, барномаҳои муосири таълимӣ, китобҳои дарсии насли нав ва дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор роҳандозӣ шуда, ҳамзамон, ин раванд идома дорад.

Ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои мактабӣ ва ба хониши адабиёти бадеӣ ҷалб кардани хонандагон Вазорати маориф ва илм таҳия ва чопи китобҳои бадеиро роҳандозӣ намуд. Аз  ҷумла, давоми панҷ сол (аз соли 2012 то соли 2017) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 941 ҳазору 213 нусха китоби бадеӣ (ба маблағи 3 миллиону 678 ҳазору 908 сомонӣ) нашр ва қисман харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид. Давоми ин солҳо, ҳамчунин, теъдоди зиёди китобҳои бадеӣ аз ҷониби вазорат бо ҳамкории лоиҳаву грантҳо нашр ва ройгон паҳн карда шуд. Аз  ҷумла, соли 2016 бо маблағгузории Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф 39 номгӯйи китобҳои бадеии бачагона ба миқдори 1 731 ҳазору 600 нусха ба маблағи 5 миллиону 92 ҳазору 236 сомонӣ нашр ва ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ройгон дастрас гардонида шуд.

Соли 2019 низ бо маблағгузории шарикони рушд (Лоиҳаи USAID – «Ҳамроҳ бихонем») 84 номгӯйи китобҳои бадеӣ барои хониши беруназсинфии синфҳои ибтидоӣ нашр ва қисман харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таври ройгон дастрас гардонида шуд.

Масъалаи дигаре, ки ба он роҳбари давлат таъкид намуданд, зарурати омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳои дахдор супориш дода шуд, ки “... дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд”. Бояд қайд намуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷалби академияи таҳсилот ва дигар муассисаҳои илмӣ-татқиқотӣ барномаи омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ барои то соли 2030 омода ва моҳи августи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ карда шуд.

Ҳадафи аслии қабули барномаи мазкур “...баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар” мебошад. Дар стратегия роҳҳои такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ нишон дода шуда, бо ин мақсад ҷалби маблағҳои дахлдор аз сарчашмаҳои гуногун пешбинӣ гардидааст.

Иҷрои босифати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳамасола ҳамчун роҳнамои рушди соҳаи маориф  дар баланд бардоштани иқтидори соҳа, дастгирии инкишофи он аз ҷониби мақомоти гуногун, қабули ҳуҷҷатҳои стратегӣ, меъёрӣ ва муайян намудани нақшаҳои дурнамои соҳа нақши муҳим мебозад.

 

Фатҳиддин Усмонзода,

номзади илмҳои иқтисодӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш