Нашрияи Омӯзгор

Муносибати ғамхорона лозим

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 201        Шарҳ: 0

 

Зимни сафари хизматӣ ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар баробари   шиносоӣ пайдо кардан бо фаъолияти як қатор муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ба ду муассисаи таълимии миёнаи ибтидоӣ  – литсейи касбии техникии ноҳияи Лахш ва литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод  низ таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Чун ба литсейи касбии техникии ноҳияи Лахш ворид гаштем, дидем, ки гурӯҳе омӯзгорон гирду атрофи бинои таълимиро ба тартиб медароварданд. Аз байн ҷавоне, ки худро Иноятулло Неъматов муаррифӣ кард, моро ба утоқи корияш даъват намуд.

Маълум гардид, ки ӯ сарвари муассисаи таълимии мазкур мебошад.

- Чунонки мушоҳида кардед, шароитамон чандон хуб нест, вале бо ташаббуси омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, фаъолони деҳа, падару модарони шогирдонамон мекӯшем, ки фаъолияти муассисаро вобаста ба талаби замон ба роҳ монем. Вале, - илова кард ӯ, - шароити хуб надорем гуфтаву бо як ҷо нишастан, албатта, мурод ҳосил намегардад. Худи ман ҳамчун роҳбари муассиса ду сол пеш  ба ин вазифа таъйин гардидам. Аз рӯзҳои аввали ба кор шурӯъ карданам, пеш аз ҳама, ба масъалаи мутахассисони варзида диққати ҷиддӣ  додам. Ҳамин аст, ки дар литсейамон ҳамаи омӯзгорони фанҳои ҳамагонӣ ва фанҳои тахассусӣ мерасанд. Дар ин бобат танқисӣ надорем. Айни замон бисту шаш  нафар омӯзгору устоҳои таълими истеҳсолӣ дар литсей кору фаъолият доранд. Нақшаи таълимии барномаҳо дар ҳамаи ихтисосҳо ва фанҳои омӯхташаванда  мувофиқ ба барномаҳои таълимии амалкунанда мавҷуд аст.

Маъмурияти литсей барои иҷрои барномаҳои давлатӣ чораҳои амалӣ  меандешад. Бино ба  иттилои директори литсей, иҷрои қарорҳои шӯрои  муҳандисию омӯзгории литсей аз ҷониби масъулин зери назорати қатъӣ қарор дорад ва иҷрои он дар шӯрои  навбатӣ  шунида мешавад.  Чунин тарзи фаъолият дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия, ташаббусҳои омӯзгорон барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мусоидат мекунанд.

- Дар робита ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳли  литсей нақша – чорабинии мукаммалеро мураттаб сохт, - иброз дошт И. Неъматов. -  Нахуст дар ҳар семоҳаи давоми соли ҷорӣ  озмун ва викторинаҳои «Дастони моҳир», «Ҷавонони боистеъдод», «Дастурхони идона», «Қӯроқдӯзӣ» - ро байни хонандагони литсей ташкил карда, синфхонаҳои «Ҳунарҳои мардумӣ» - ро созмон додем, ки духтарон ҳунари дасти худро ба намоиш мегузоранд. Шогирдони мо дар озмуни «Дастурхони беҳтарин», ки байни муассисаҳои минтақаи Рашт барпо гардид, ҷойи якумро соҳиб шуданд. 

Аз суҳбат бо директори литсейи  И. Неъматов маълум гардид, ки дар соли хониши 2018 – 2019  169 нафар муассисаро хатм кардаанд, ки аз ин 49 нафарашонро духтарон ташкил додаанд. Пас аз хатми он ба донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон панҷ нафар дохил гардиданд. Ба коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгории  ноҳия  низ дувоздаҳ нафар дохил шуда, таҳсилро идома дода истодаанд. Соли гузашта, ҳамчунин,   ду нафар  пас аз хатми  литсей ба шаҳри Новосибири Федератсияи Россия рафта, ба Донишгоҳи давлатии аграрии  он ҷо дохил гардиданд.  

- Ин дастовардҳо моро ҳанӯз қонеъ намекунанд, коллективи омӯзгорони литсей, ба он ҷаҳду ҷадал менамоем, ки минбаъд теъдоди зиёди шогирдонамон ба муассисаҳои олии кишвар дохил гарданд. Вале, - мегӯяд ӯ, - бояд бештар заҳмат кашем. Мутаассифона, баъзан  имкон даст намедиҳад, ки  мувофиқи хости диламон амал намоем. Ин ҷо боз ҳам масъалаи маблағ дар мадди аввал аст.  Нарасидани китобҳои дарсӣ низ аз проблемаи асосии мост. Имрӯз теъдоди китобҳои литсей бештар аз дуюним ҳазор ададро ташкил диҳанд ҳам, мутаассифона, қисми зиёдашон аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаву фарсуда шудаанд  ва бештар бо забони ғайридавлатианд. Китобҳои бадеӣ ҳам хеле каманд. Ба китобҳои дарсии забони русӣ (с. 10, 11), алгебра (с. 10, 11), забони англисӣ (С. 10,11), химия (с. 10, 11) ниёз дорем.

Директор иброз дошт, ки бинои муассиса ҳанӯз соли 1961 сохта шудаву таърихи қариб шастсола дорад. Он аввал филиали коллеҷи ноҳияи Тоҷикобод будааст. Шогирдон бештар аз минтақаи Рашт дар литсей ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имсол нақшаи қабул базӯр иҷро гардид. Пас аз хатми литсей ҳам ҳамасола тақрибан даҳ нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданду халос.

  Ҳоло дар литсей аз рӯйи 6 ихтисос – тракторчӣ – мошинисти хоҷагии қишлоқ, дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, ҳисобдор бо донистани компютер, кафшергари газию барқӣ, ронандаи дараҷаи С  касбу ҳунар омӯзонда мешавад. Аз 16 компютери мавҷуда танҳо 11 – тояш кор мекунаду халос. Ду ноутбук низ мавҷуд аст. Дар умум, теъдоди воситаҳои техникӣ қонеъкунанда нест. Аз воситаҳои техникии дигар танҳо қисмҳои эҳтиётии мошини боркаши «ГАЗ – 53» омӯзонда мешаваду халос.

- Вале - мегӯяд директор, - мо барои дастрас кардани баъзе воситаҳои техникии омӯзишӣ ҳамкориро бо ташкилотҳои мададрасони хориҷӣ ба роҳ мондаем. Бо ин роҳ, 18 мошинаи дӯзандагии «Ямаха» ва «Чайка» дастрас намудаем, ки панҷоҳ нафар шогирдон тавассути он дӯзандагию кашидадӯзиро омӯхта истодаанд. Ҳамчунин, бо ташкилоти Барномаи Рушди СММ шартнома баста, як сехи кафшергариро бо тамоми таҷҳизоташ ба кор даровардем. Бо ин роҳ 106 плакати омӯзишӣ ва 104 адад китоби тахассусӣ низ дастрас намудем. Дар ин самт ҳамкориамонро тақвият хоҳем бахшид. 

Ҳамин тавр, бо мақсади ошно гардидан аз вазъи муассисаи давлатии таълимии  литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод ба ин ҷо омадем. Гурӯҳи калони устодону устоҳои таълими истеҳсолӣ дар сояи дарахти саҳни ҳавлии литсей бо ҳам гуфтугӯ доштанд. Бо муовини директор оид ба таълими литсей, ки худро Сайёд Ғафуров муаррифӣ кард, вохӯрда, аз ӯ хоҳиш кардем, ки моро ба назди роҳбари муассиса роҳнамоӣ кунад. Вай иттилоъ дод, ки директори литсей Дӯстмурод Валиев  ба кадом ҷаласае ба маркази ноҳияи Рашт даъват шудааст. Бо вуҷуди чанд маротиба бо ӯ тамос гирифтан муроде ҳосил нагардид. С. Ғафуров аз наздик омадани муовини аввали директор оид ба таълими истеҳсолӣ  Нурмаҳмад Сафаров хушҳол гардида, хоҳиш намуд, ки дар мавриди ба даст овардани маълумот оид ба фаъолияти муассиса ба мо, рӯзноманигорон,  кумак намояд. Вай  узрхоҳӣ карда, гуфт, ки пас аз панҷ – даҳ  дақиқа аз утоқи кориаш бо маълумоти барои мо даркорӣ баргашта, хоҳиши моро  иҷро менамояд. Қариб як соат мунтазир шуда бошем ҳам, аз ӯ дарак нашуд. С. Ғафуров чанд маротиба бо ӯ дар тамос шуд. Ваъда кард, ки андаки дигар тоқат намоем, меояд. Аммо пас аз занги сеюм телефонаш хомӯш гардид.  С. Ғафуров  ҳам  дар хиҷолат монда ба директор занг  зад, аммо телефони ӯ хомӯш буд. Ниҳоят, аз худи муовини директор оид ба таълими литсей С. Ғафуров хоҳиш кардем, ки андаке ҳам бошад, ба мо маълумот бидиҳад, чун ӯ низ аз рӯйи гуфти худаш собиқаи зиёди корӣ дорад.  Танҳо баъд аз ин ӯ моро  ба дохили бино даъват намуд. Мувофиқи нақли ӯ дар ҳамкорӣ  бо   Бонки Рушди Осиё 15 синфхона ва ошхонаи   бинои сеошёнаи аз замони Шӯравӣ меросмондаи литсей таъмир карда шуда истодааст. Дар ҳақиқат, ҳамаи дару тирезаҳо ба таври замонавӣ иваз гардида,  барои ҷаласаҳо синфхонаи барҳавои дигаре муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Дар баробари ин, бо масофаи 106 метр қубури оби ошомиданӣ кашида шудааст. Бино ба иттилои С. Ғафуров, ҳанӯз соли 2015 дар ҳамкорӣ бо ташкилоти олмонии Ҷайзет бинои таълимӣ таъмир шуда буд ва ин таъмиру азнавсозии навбатист. 

Ҳоло дар литсей аз рӯйи ихтисосҳои фермер – соҳибкор, тракторчӣ – мошинист, ҳисобдор бо донистани компютер, дӯзандагӣ, сохти компютер ва интернет – технология ба шогирдон дарси ҳунару маҳорат омӯзонда  мешавад.

Умаралӣ  Хоҷаев, ки худро сарустои литсей муаррифӣ кард, гуфт, ки дар ин муассиса  аз соли 1982 фаъолият  мекунад. Аз техникае, ки вобаста ба ихтисос бояд бачаҳо онро омӯзанд, танҳо як макети «ВАЗ – 2106» ва як трактори тамғаи  «ДТ – 75» мерос мондаасту халос. Тавре номбурда иброз дошт, техникаҳои омӯзишӣ, воқеан ҳам, нархи гарон доранд. Аммо ин ҷо хонандаҳо чӣ гуноҳ доранд, ки дар як ё ду соли таҳсилашон боре ҳам трактор ва ё мошинро бевосита ронда наметавонанд? Пас, онҳо дар оянда чӣ тавр дар истеҳсолот кор мекунанд? Ба ин кӣ гунаҳгор аст, дар сурате ки хонанда ҳангоми ба муассиса дохил гардидан маблағи таҳсили шартномаашро месупорад.                    

Дар ҳар сурат, муносибати муовинони директор  мақоли «Алиҷон ба умеди Валиҷон ва Валиҷон ба умеди Ғаниҷон» - ро ба хотир меовард. Модом ки ин тавр аст, пас, ғами ояндаи бачаҳоро кӣ мехӯрда бошад?          

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»,

Душанбе – Тоҷикобод -

Лахш - Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш