Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши ибтикороти байналмилалии Пешвои миллат

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 229        Шарҳ: 0

 

14 декабри соли равон  бо ташаббуси намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об - сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир мегардад.

Дар конфронси мазкур олимон ва муҳаққиқони ҳар ду давлат, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок менамоянд.

Инчунин, дар кори конфронс сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифта, андешаҳои коршиносон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш