Нашрияи Омӯзгор

Ифротгароӣ ва ҷавонон

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 194        Шарҳ: 0

 

Экстремизм аслан дар ду шакл: бо истифодаи зӯроварӣ ва бе истифодаи зӯроварӣ фаъолият карда метавонад. Роҳҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ чунинанд:

1. Идеология. Ба воситаи идеологияи устувор ва ҳаматарафа мураттабгардидаи худ гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба шуур ва ақоиди ҷомеа, бахусус  чавонон, ки бе таҷриба ва осебпазир мебошанд, таъсир расонида, онҳоро ба амалҳои ифротӣ  ҷалб менамоянд.  Идеология аз ҳама усули паҳншуда ва муваффақи гурӯҳҳои ифротӣ мебошад, ки инсонро ба зудӣ ба гумроҳӣ  оварда мерасонад.

2. Стагнатсия. Стагнатсия, яъне бефаъолиятӣ  ва ё шахшавӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон мебошад, ки онро ба фикру ақидаҳои гуногуни номатлуб дучор мегардонад. Имрӯз дар замони  иттилоотӣ  ва технология ҷавононе ҳастанд, ки тамоми рӯз бо интернет машғул буда, ба ҷуз ин амал ба кори дигаре банд намегарданд.

3. Ишқи бардурӯғ. Гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротгаро, махсусан, ДОИШ усули нави ба ифротгароӣ ҷалб намудани чавононро пеш гирифтаанд, ки он ба воситаи як гурӯҳ духтарони ба созмони экстремистӣ  тааллуқдошта амалӣ мегарданд. Духтарони ифротгаро  ҷавонмардонро ба доми ишқи бардурӯғи худ афтонда, онҳоро то ба қаламрави ДОИШ бо истифода аз фиребу найранг ва ваъдаҳои дурӯғин бурда, худашон ғайб мезананд. 

 Дар назари аввал  пайравони ин ҳаракатҳо аз боқии мусалмонон бо ҳаракоти зоҳирие фаркият надоранд, аммо ҳаракатҳои пинҳонии нопоки онҳо тамоми мусалмонон, аз ҷумла,  ҷавонони Тоҷикистонро  низ ба гумроҳӣ андохтааст. Рӯҳониёни расмӣ  мегӯянд, дар асл фарқҳо хеле амиқтар ва хатарноктар аз он чист, ки дар нигоҳи аввал аз ҷониби ин гурӯҳҳои номатлуб ба назар менамоянд. Ин ҳизбу харакатҳои ифротгаро бештар ҷавононро, ки неруи тавонои ҳар як давлату миллат ҳастанд, ба худ ҷалб мекунанд. Ҷавонон аз мақсадҳои нопоки онҳо бехабаранд ва гумон мекунанд, ки маблағҳо муфт ба даст меоянд ё ба қавли онҳо, дар роҳи ҳақ шаҳид мегарданд ва онҳо худро муборизони ислом мегӯянд,  лекин ин дурӯғи маҳз аст. Онҳо аз номи ислом истифода намуда, бо хоҷаҳои хориҷии худ мехоҳанд сулҳу субот ва сохти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро халалдор созанд. Омилҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз  ҳама, надоштани саводи кофӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ мебошад.  Ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ  карор доранд, бештар ба доми фиреби ин ҳизбу ҳаракатҳои нопок  афтода, ба давлатҳои Ироқу Шом интиқол дода  мешаванд ва оқибат нест мегарданд.

ҷавонон, ки неруи тавоно ва ояндасози давлату миллат мебошанд, бояд ба қадри сулҳу субот, оромии кишвар ва истиқлолияти давлатӣ бирасанд ва худро ҳамеша аз таъсири  омилҳои  ифротӣ эмин нигоҳ доранд.

 

Муҳаббат ҚУРБОНОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш