Нашрияи Омӯзгор

Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 210        Шарҳ: 0

 

Парчами давлатӣ рамзи истиқлолият маҳсуб ёфта, аз қадим нишони ягонагӣ, муттаҳидӣ ва шикастнопазирии миллати тоҷик мебошад. Натиҷаи таҳқиқоти муҳаққиқон бозгӯйи он аст, ки мардуми тоҷик аз асрҳои пешин соҳиби парчами худ будааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ он ҳамчун дирафши Ковиёнӣ  унвонгузорӣ шудааст. Ҳакими Тӯс онро нишони ифтихор ва муттаҳидии мардум ҳисобидааст.  Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ  ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи давлатдории навини тоҷикон қабул гардид. Ҳамакнун солҳост, ки ин санаи таърихӣ дар ҷумҳурӣ бо чорабиниву ҳамоишҳои сатҳи баланд таҷлил мегардад. 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба муносибати Рӯзи парчам  рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ»  арзёбӣ намуданд.

Моҳияти Парчам аз нигоҳи умумии мардум на ҳамчун як порчаи рангоранг, балки  нишонаи қудрат, истиқлолият ва ваҳдати як миллат аст. Миллате, ки соҳиби парчами давлатӣ аст, миллатест озод, соҳибистиқлол ва дорои тамаддун ва фарҳанги хеле куҳан. Мо, тоҷикон, бояд ифтихор намоем, ки аз тамаддуни ориёии  беш аз шашҳазорсола бархӯрдор ва соҳиби ҳувияти баланди миллӣ ҳастем.

Аз ин рӯ, моро мебояд бо ифтихори баланди ватандориву ватандӯстӣ зери Парчами давлатӣ муттаҳид гардида, дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободонии Ватани азизамон – Тоҷикистон пайваста ҷидду ҷаҳд намоем.

 

Сайвалӣ Қодиров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш