Нашрияи Омӯзгор

Накукорӣ растагорист

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 192        Шарҳ: 0

 

Инсон, пеш аз ҳама, бо хислатҳои ҳамидааш шарафёбу соҳибмақом ва соҳибэҳтиром мешавад. Оне, ки одоби ҳамида надорад, дар донишандӯзӣ низ муваффақ буда наметавонад.

Ҳусни инсон дар одоби ӯ зоҳир мешавад. Вобаста ба ин, омӯзгоронро лозим аст, ки дар ҷараёни фаъолияти худ дар мактаб  ба тарбияи  одоби ҳамида диққати бештар зоҳир намоянд. Маълум, ки ҳамаи машғулиятҳо дар дабистонҳо бо тарбия ҳамбастагии доимӣ доранд, вале тарбия бояд бавусъату фарогир бошад ва ба тақвияти одоби ҳамидаи хонандагон мусоидат намояд. Одоби ҳамида аз шохаҳои гуногун иборат аст ва яке аз самтҳои муҳими он ҳидояти шогирдон ба некию накукорист. Некӣ кардан ҷавҳари одамият аст ва накукорӣ шарафмандист. Беҳуда нест, ки бо ибтикори созмонҳои дахлдори байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии накукорӣ муқаррар шудааст, ки он ҳамасола дар 13 ноябр қайд карда мешавад. Ин санаи рамзист ва пеш аз ҳама, таъкидгари аҳамияти накукорӣ дар ҳаёти одамон ва даъват кардани ҳамагон ба кирдори нек мебошад. Бисёр хуб мебуд, агар ҳикмати бостонии халқи тоҷик «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» чун шиори ҳамешагии Рӯзи ҷаҳонии накукорӣ пазируфта мешуд. Халқи тоҷик табиатан ба некию накукорӣ гаравиш дорад ва аҳли адаби ин халқи бостонӣ ҳамеша ба ситоишу тарғиби одоби ҳамида, аз ҷумла, накукорӣ пардохтаанд. Ситоиши некӣ ҳанӯз дар асари муқаддаси ниёгонамон «Авесто» мавқеи асосӣ доштааст. Минбаъд ин мавзӯъ дар адабиёти бадеии халқи тоҷик вусъат ёфтаву муассиру ҳадафгиру ҳидоятгар шудааст. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар эҷодиёти худ ба некию накукорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ин мавзӯъ ашъори ҳикматбор эҷод кардааст. Ин қитъаи Одамушшуаро машҳур асту садсолаҳо боз аҳли башарро ба накукорӣ даъват менамояд:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Яъне маънии ҳастии инсон, имрӯзу фардои ӯ вобаставу пайванд бо накукорист.

Ашъори Фирдавсии суханофарин лабрез аз андарзҳо вобаста ба некию накукорист. Шоири тавоно некиро волотарин фазилати одамӣ медонад ва бар он аст, ки некӣ инсонҳоро ба ҳам наздику дӯст мекунад, кинаҳоро аз дилҳо мезудояд ва боиси шукуфоии ҳаёт мегардад. Ҷаҳонро бояд аз  ҳукми бадӣ берун кашид ва қаламравӣ некӣ кард:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Накукорӣ растагорист ва некӣ бояд шиори зиндагии ҳар шахси бошарафу хушниҳод бошад. Ба ин маънӣ боз ҳам Абулқосими Фирдавсӣ мефармояд:

Ба некӣ гарою маёзор кас,

Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас!

Тамоми адибону суханварону донишварони тоҷик дар ситоиши накукорӣ абёти дилпазиру ҳидоятгар гуфтаанд. Мо, аҳли таълиму тарбия, аз  ин гуна гуфтаҳои судманд дар машғулиятҳои худ бо шогирдон бояд пайваставу пурсамар истифода барем.

 

Дилоро Шафиева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш