Нашрияи Омӯзгор

Иҷлосияи сулҳофар ва ояндасоз

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 32        Шарҳ: 0

 

Ҳанӯз дар Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 сарвари ҷавону тозаинтихоби ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият савганд хӯрда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Муроҷиатномаи  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба гурезагон, қонун «Дар бораи авфи умум», ки рӯзи 26 – уми ноябри соли 1992 ба имзо расида буд, ҳамаро ба сӯи як мақсад – таъмини сулҳ  дар мамлакат равон менамуд. Ҷониби ҳукумат ҳанӯз дар нимаи аввали соли 1993 барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ  ва устувор гардондани сулҳу амният дар кишвар, баргардондани  гурезаҳо ба ватан бо мухолифин  сари мизи музокирот нишаст.  Бо ин саъю талоши ҳукумат пояи нахустини устувори истиқрори сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни тоҷикон гузошта шуд. Дар раванди ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дастгирию  миёнаравии  ҷомеаи  ҷаҳонӣ, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва кишварҳои кафили  сулҳи тоҷикон - Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрону Покистон нақши муҳим бозид. Дар моҳҳои феврал – марти соли 1994 тарафҳо баҳри зудтар расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳайати гурӯҳи кории  музокиротро созмон доданд, ки ба он аз ҳар ду тараф то 10 – нафарӣ аъзо ворид шуд. Даври якуми музокироти сулҳи тоҷикон дар шаҳри Москва аз 5 то 19-уми апрели соли 1994 баргузор гардид ва шӯълаи умедро  дар дили мардум оид ба фаро расидани ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу осоиш фурӯзон кард. Баъди мубоҳисаҳои тӯлонӣ 3 масъала ба рӯзномаи гуфтушунид дохил гардид: эълон ва риояи оташбас, баргардондани  гурезаҳо, сохтори конститутсионӣ. Тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба фаъолият ва муносибати хирадмандонаи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сахт алоқаманд аст…

Баъди чандин  даъвату музокира ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва) ба имзо расид.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон ва кӯшишҳои  мунтазами Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар кишвар фазои  сулҳу салоҳ ва  ризоияти миллӣ барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу  оштии миллӣ мо тавонистем ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуда,  чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро гузаронем.

Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ бе амнияту сулҳ дар ҷомеа таъмин намешавад. Оид ба бузургдошти  ин санаҳои таърихӣ ва дар қалби мардум ҷой додани онҳо бояд дар мактабҳо дарсҳои тарбиявӣ ҳадафмандона ба роҳ монда шаванд, то насли нав дорои  ҳисси ифтихори миллӣ ва барои дифои арзишҳои миллии хеш ҳамеша тайёр бошад.

 

Наврӯзмо ГЕБАЛИЕВА,

 омӯзгори мактаби  №7,

ноҳияи  Исмоили Сомонӣ                                                                                          


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш