Нашрияи Омӯзгор

Рӯйхати кишварҳои пешсаф

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 227        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

 

Самтҳои маъмули таҳсил

барои донишҷӯёни хориҷӣ

Ихтисосҳои маъмул дар байни донишҷӯёни хориҷӣ дар ҷаҳон инҳоянд:

соҳаи тиббӣ - ҷарроҳии дил, биомедитсина

технологияҳои иттилоотӣ - илмҳои информатика, барномасозӣ, тесттайёркунандагони компютерӣ, меъморони система;

- муҳандисӣ - техника дар соҳаи сохтмон, барномасозӣ ва донишазхудкунӣ;

- ихтисосҳои иқтисодӣ - маркетинг, асосҳои пешбурди тиҷорат: донишҷӯён кӯшиш мекунанд, ки ин касбҳоро омӯзанд, то вазифа ё пешаи дилхоҳи худро соҳиб гарданд, дар соҳаи бонкӣ кор кунанд ва тиҷорати худро оғоз намоянд;

- факултаи ҳуқуқшиносӣ - дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ дар тамоми ҷаҳон талабот зиёд аст;

- санъат - бисёр хатмкунандагони мактабҳои хориҷӣ барои таҳсил ба факултаҳои балет ва  рассомӣ, ихтисосҳои театрӣ меоянд

Донишҷӯёни Африқо бештар дар факултаҳои тиббӣ таҳсил мекунанд ва ҳарчанд таҳсил гарон аст, шумораи зиёди онҳо дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯёни рус ба хориҷа барои таҳсил дар соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, омӯзгорӣ ва духтурӣ мераванд.

 

Арзиши таҳсил

дар макотиби олӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон

Рейтинги кишварҳо аз рӯи сатҳи таҳсилот нишон медиҳад, ки Австралия беҳтарин давлат аст, дар ҳоле ки хароҷот барои як соли таҳсил 16 ҳазор долларро дар ин кишвар ташкил медиҳад.

Дар ИМА (25 ҳазор доллар), Британияи Кабир (20 ҳазор доллар), Канада (19 ҳазор доллар), Олмон (16 ҳазор доллар),  Нидерландия (12 ҳазор доллар), Ҷумҳурии Чехия (10 ҳазор доллар),  Чин (4 ҳазор доллар)-ро арзиши таҳсил дарбар мегирад.

Аз сабаби хароҷоти ками таҳсил, Чин дар фарогирии донишҷӯёни хориҷӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

 

Шароити беҳтарин

барои қабул, таълим

ва манзили донишҷӯён

Тибқи таҳқиқоти охирин, кишвари аз ҳама маълумотнок дар ҷаҳон Канада аст. Барои зиндагӣ, таҳсил ва дохил шудан ба мактабҳои олӣ дар ин кишвар хатмкунандагони мактаб шароити хуб доранд. Ба донишҷӯёни хориҷӣ кумаки молиявӣ ва  мукофот барои хониши аъло  дода мешавад. Тибқи пурсишҳои  афроде, ки дар Канада таҳсил кардаанд, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки дар ин ҷо маблағҳои иловагӣ ба даст оваранд. Донишҷӯён дар оилаҳои Канада зиндагӣ мекунанд, ки ин барои беҳтар мутобиқ шудан ба шароити нав кумак мекунад.

Инчунин, дар Австрия, Олмон, Норвегия ва Чехия ба шароити олӣ барои донишҷӯён барои  дохил шудан ба макотиби олӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин кишварҳо Департаменти таҳсилот дар бисёр соҳаҳо таълими ройгонро пешниҳод мекунад.

 

Маъруфтарин

соҳаҳои таҳсил дар ҷаҳон

Аз таърих маълум мегардад, ки  таҳсил дар донишгоҳҳои Англия ҳамеша аз ҳама бонуфузтарин ба ҳисоб меравад. Зеро дар муассисаҳои ин мамлакат анъанаҳо бетағйир мондаанд, аммо дохилшавӣ ба ин донишгоҳҳо мушкил боқӣ мемонад ва барои  ҷойҳо рақобати шадид ҷараён мегирад. Вебсайтҳои расмии мактабҳои олӣ ҳамеша рӯйхати ҳуҷҷатҳои довталабонро пешниҳод мекунанд, аммо агар шумо хоҳед, ки маълумоти олӣ гиред, пас, бояд ба чунин кишварҳо таваҷҷуҳ намоед:

1. Англия. Номнавис шудан дар донишгоҳҳои Оксфорд ё Кембриҷ он қадар кори саҳл нест, аммо вақте ки шумо дар он ҷо таҳсил мекунед, бароятон имкониятҳои васеи зарурӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

2. ИМА. Довталабон ба донишгоҳҳои  Ҳарвард ва Стэнфорд ба барномаҳои бакалаврӣ ё магистрӣ қабул карда мешаванд, аммо мубориза барои ҷой мувоҷеҳ ба рақобати шадид мебошад.

3. Сингапур. Донишгоҳи миллии ин кишвар, ки ба рейтинги таҳсилоти ҷаҳонӣ шомил гардидааст, як маркази қавӣ ва тадқиқоти пурқувват дар соҳаҳои меъморӣ, муҳандисӣ, химия ва равоншиносӣ дорад.

4.  Мактаби олии техникии Сюрихи Швейтсария яке аз муассисаҳои пешқадам дар ҷаҳон мебошад. Имконияти фарогирӣ ба таҳсил зиёд буда, нисбатан арзон аст.

5. Донишгоҳи Торонто (Канада) 10% донишҷӯёни хориҷӣ ихтисосҳои антропология, биология, математика, астрономияро интихоб мекунанд. Ба донишҷӯён омӯзгороне дарс мегуянд, ки  соҳиби унвони илмӣ ҳастанд.

 

Таълими касбу пешаҳое, ки дар амалияи ҷаҳонӣ бештар талаб карда мешавад

Таҳқиқоти байналмилалӣ якчанд ихтисосро мушаххас кардааст, ки  дар ояндаи наздик дар ҷаҳон талабот ба онҳо зиёд хоҳад шуд  ва шумо ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳои муайян метавонед онҳоро ба даст оред: тиббӣ ва фарматсевтӣ - Донишгоҳи Йел дар ИМА;

- муҳандисӣ - Стэнфорд ва Массачусетс;

- менеҷери маҳсулот - Ҳарвард;

- таҳлилгари молиявӣ - Ҳарвард ва Донишгоҳи Чикаго;

- менеҷер – Кембриҷ.

Ихтисосҳои педагогика, адабиёт, таълими синфҳои ибтидоӣ ва дигар касбҳои гуманитарӣ имрӯз талаботи кам доранд.

Тибқи маълумоти пешни-ҳодшуда, метавон сатҳи маълумотро дар кишварҳои гуногун арзёбӣ кард. Пешсафӣ аз бисёр ҷиҳатҳо насиби  Британияи Кабир, ИМА, Нидерландия, Олмон, Сингапур мебошад. Дар ин кишварҳо таҳсил карда, шумо метавонед соҳиби  касби шоистаи барои ҷомеа манфиатманд гардед.

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш